Бахшҳо

Медали панҷуми Тоҷикистон дар Универсиадаи Қазон-2013

Нусратшоҳ Имомов, варзишгари тоҷик дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳон дар шаҳри Қазон нишони биринҷӣ ба даст овард, ки панҷумин медали Тоҷикистон дар ин сабқат ба шумор меравад.

Ин варзишгари 24-солаи тоҷик, ки дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аст, рӯзи 15-уми июл дар риштаи самбо дар рақобатҳо дар вазни 74 кило ба рақибаш Петро Кузмин аз Украина (4:2) ва Теҷен Теҷенов аз Туркманистон (2:1) пирӯз шуд, аммо дар нимфинал аз гуштигири Русия Уалӣ Куржеев бо ҳисоби 0:14 мағлуб гашт. Баъд аз ин, паҳлавони тоҷик барои ҷойи севум бар Нарантогтох Тсенд-Аюш аз Муғулистон бо ҳисоби 7:0 ғалаба кард.

Бояд гуфт, ин панҷумин медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти мазкур ба шумор рафта, мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳое, ки то ҳол соҳиби медал гардидаанд, бо 5 медал - 2 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи 42-юм меистад. Қаблан Абдуазим Бойназаров дар вазни то 68 кило дар гуштии камарбандӣ бо усули озод сазовори медали нуқра гардид. Варзишгари дигари тоҷик Ибодулло Алибердизода, дар вазни то 62 ва Гуландом Қаробоеваи 20-сола дар сабқати занон дар рақобатҳо дар вазни то 76 кило дар мусобиқаи камарбандӣ бо усули озод медали биринҷӣ ва Комроншоҳи Устопириён дар риштаи самбо дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило медали нуқра ба даст оварда буданд.

Бозиҳои 27-уми умумиҷаҳонии донишҷӯён рӯзи 6-уми июл шурӯъ шуда то 17-уми июл идома хоҳад кард. Ин мусобиқа аз рӯи 40 намуди варзиш баргузор мегардад ва бори нахуст варзишгарони тоҷик аз рӯи 11 намуди варзиш дар он ширкат мекунанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 86 варзишгар, 28 мураббӣ, 2 довар ва 3 намоянда аз ҷумла Маликшо Неъматов, роҳбари Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар шомиланд.
Мӯҳр
Амонулло
Муборак шавад бародарони варзишгароне,ки голибиятхо ба даст овардаанд!!!!!!!!! Алалхусус бародари наздики мо Нусратшох. Ахли оилаи мо бо чунин хамсоя мефахрем, ки номбардори Ватан ва Ёвончон мебошад. Дар Ёвон бисёранд чунин варзишгарон факат дастгири кам аст.....

шумораи аники варзишгарони иштирокчии универсиада хаст ё нест, дар баъзе расонахо 86 дар баъзе 90, 50, 65 мегуянд. хохишманда ракамро анику дакик намоеду хонандагонро гумрох накунед.

Хабардор
Дар Универсиада хайати Точикистон бори нахустин дар хайати 56 варзишгар 15 мураббию доварон иштирок намуданд. Аксари варзишгарон чавононе буданд ки дар рафти мусобикахо бо медалдорони бозихои олимпии Лондон ба ракобат баромаданд. Ва сатхи чорабиниро Россия хеле баланд бурд, чунки 18 медалдори тиллои Лондонро ба ин бозихо сафарбар намуд. Бозии Боксчиен, гуштингирони намуди каммарбанди, самбо ва тарзи озоду юнони руми хуб буданд чунки бо харифони пурзурашон аз ду то се даст голиб меомаданд. Хачунин намояндагони варзиши сабук каикрони шамшербози ва вазнбардори хуб баромад карда. то давраи ниманихои расиданд. Бояд едовар шуд ки дар ин бозихо наздики 1000 варзишгар аз олимпиадаи Лондон дида бештар иштирок доштанд. Барои баргузории ин бозихо Тотористон 7 миллиард доллар харочот кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)