Бахшҳо
16 июл 2013 10:43Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Барканории раиси "Шоҳмансур" ва ҳушдор ба тоҷирони "саркаш"

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, зимни ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ, Ризоев Асомудин, раиси бозори “Шоҳмансур”-и пойтахтро аз вазифа озод карда, дастур додааст, тоҷироне, ки нарху муқаррароти мавҷударо риоя намекунанд, аз ҳаққи истифодаи нуқтаҳои савдо дар бозорҳои пойтахт маҳрум карда шаванд.

Раиси Душанбе дастур додааст, ки барои таъмини бозорҳо бо гӯшти хушсифат ба соҳибкорон қарзи бефоиз аз буҷети шаҳр ҷудо гардад, ва назорат шавад, ки дар тамоми бозорҳои пойтахт 12 намуди маҳсулоти аввалиндараҷа, аз қабили гӯшти хушсифати гов, гӯсфанд, мурғ, орди навъи якум, равғани растанӣ, биринҷ, шакар, шир, картошка,сабзӣ, пиёз ва тухм пайваста таъмин бошанд.

Инчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев аз риоя нашудани қарорҳои раиси ва маҷлиси вакилони шаҳрӣ интиқод намуда, аз ҷумла таъкид намудааст, ки баъди тағйири номи кӯчаҳо аз ҷониби раисони ноҳияҳо ва сохторҳои ноҳиявӣ овезаҳои суроғавии кӯчаҳо саривақт иваз намешаванд, ки метавонад боиси нороҳатии шаҳрвандон гардад.

Дар ҷаласа инчунин масъалаи вазъи санитарию экологӣ, нигаҳдории фонди манзил ва ҳолати таҳхонаҳо дар биноҳои бисёрквартирадори баландошёна аз ҷониби соҳибмулкон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар ин зимн Муассисаи давлатии “Телевизони пойтахт” вазифдор гаштааст, ки бо таҳлилу пайгирии масъалаҳои зикргашта, баҳри баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва масъулияти амволдории сокинон аз ҳолати воқеии таҳхонаву даромадгоҳҳои истифодаи умуми биноҳои бисёрквартирадори баландошёна дар таносуби чор ноҳияҳои шаҳр гузоришҳо омодаву пахш намояд.
Мӯҳр
бАНДАИ АЛЛОХ
Ассалому аллайкум. Ин як карори носанчиде бароварданд ки боиси чабри савдогарон гардидааст. бубинед, и картошкаро дар карор омадааст ки 1.50с ба фуруш бароранд ки нархи картошка дар бозорхои яклухтфуруши аз 1.50 то 1.70 дирам аст ва 1.50 ин картошкаи сифаташ хеле паст аст . аз рузе ки ин фармон баромад нархи картошка дар бохор боло рафт. инчунин пиёз бошад дар бозори яклухтфуруши аз 0.65 дирам то 0.75 дирам мебошад ва дар карор омадааст, ки пиёз 09.65 фурухта шавад, дар холе ки пиёзро .65 -0ю75 дирам мехаранд ва рокирои онро низ медихан ва нархаш боз баландтар мегардад ва онхо чи тавр онро дар бозор боз 0.65 ба фуруш мебароранд. оё фикри онро ин раисони мо намекунанд, ки ин савдогарони камбагал зану фарзанд доран , онхо аз камбагали\яшон ба ин корхо машгул мешаванд ва ин карорре,ки бароварда шудааст бояд, ки онхо аввал пурра нарху наворо авал аз дехкон баъд аз бозорхои яклухтфуруши ва пасон аз бозорхову дуконхои чакана фуруши муйян мекарданду карор кабул мекарданд. Ин як карори бисёр чабркунанда дар сари савдогарони камбагал мебошанд. нархи тухм бошад пеш кабули карори раиси шахр 0.54 дирам буд баъд аз абули карор нархи яклухти тухь бошад 0.70 дирамро ташкил мекунад. Аз ин маълум мегардад, и сардору сарварони мо асли корро насанчидаву аник накарда карор кабул мекунанд, ки ин аз дилсузиву дар фикри халк будани онхо дарак намедихад , балки боло халк чабр карда истодаанд ва боки агар худи шумо аклу дониш дошта бошед инро баромад тафтиш кунеду хулоса бароред. Дар охир гуфтаниям ки Худованд харчи зудтар ин хел раисонро аз сари мо дур кунаду сардору сарварони ХУДОБОХАБАРУ дилсузи халку миллатро сари кудрат биёрад. ОМИН, ОМИН, ОМИН.

Дируз дар бозори Шохмансур биринч харидори намудем.Нархи он 6 сомони нишон дода шудааст.Аммо дар асл бошад савдогарон бо нархи 8-9 сомни фурухта истодаанд.Вакте,ки савол ба миён омад-"Чаро нархи дар нархнома 6 сомони нишон дода шудааст,дар асл бошад бо нархи баландтар мефуруршед?",дар чавоб савдогарон аз мо пусиданд-Шумо мусулмон хастед?Агар моро фахмидан хохед,пас ба шумо мегуем,ки мо биринчро худамон бо нархи 7 сомони харидори намудем.Чи гуфтанамонро надонистем,ва бо нархи гуфтагиашон харидори намудем.Аз ин лихоз рохбарони мухтарам ин карорхои шумо дар асл кор накарда истодаанд.Ва ин баръакс норозигии халкро зиёд менамояд.Мо мефахмем,ки Шумо ба манфиати халк ин карорхоро баровардед,аммо агар ин карорхо дар асл кор накунанд,пас фоида аз онхо чист?

точик
ман ба гуфьахои шумо рози , хакикатаон нархои нишон додагт бо оечи ки савдо мешавад мувофикат намекунад, нархоро бо ин тарз паст намешаванд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)