Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:00

Барканории Раҳмон Давлатов дар пайи танқиди Оҷонсӣ

16 июл 2013, 12:32

Раҳмон Давлатов, сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ахиран аз амалкарди Оҷонсии зидди фасод интиқод карда буд, аз мақомаш барканор ва раҳбари Идораи пулиси Панҷакент таъин шудааст.

Оқои Давлатов рӯзи дувуми июли соли ҷорӣ дар як нишаст дар Душанбе гуфт, “рафтори кормандони Оҷонси зиддифасод аз доираи қонунгузорӣ берун буда, ҳама тартиботи муқарраршударо вайрон мекунад.”

Вай таъкид карда буд, садҳо далел дорад, ки “чи гуна кормандони ин ниҳод бо сӯистифода аз вазифа ва шаҳодатномаи хизматӣ аз ҷавобгарӣ сар печида, дар баробари ин дигаронро ба фасод ва шиносбозӣ маҷбур мекунанд.” Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло Анвар Алиев ҷойгузини Раҳмон Давлатов дар мақоми сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД шудааст.

Ҳамчунин, бо фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон баъзе кадрҳои дигар низ ба вазифаҳои нав таъин шуданд. Аз ҷумла, Назаров Қудратулло сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД; Абдуҷалил Ашӯров сардори ШКД-и ноҳияи Фирдавс; Абдураҳим Мирзоев сардори ШКД-и Қӯрғонтеппа.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 13-уми июли соли ҷорӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои мақомоти умури дохилии ба вазифаҳои нави роҳбарӣ пешбаришударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфта онҳоро “ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, давлату миллат ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ” даъват намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Изхор

  • 16 июл 2013 12:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охир мухтарам хабарнигор! Ин вазифаи нагз, раёсатба як кабинети кок, вай панчакентба як нохияи калон дар дасташ. Мардум таъзим мекунанд!! Кадомаш хуб!! Очонсира танкид кардан гирен, бахусус сардори Шуъбаи Карантин!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахмоншо Давлатовро аз давраи лейтенантияш дар вазорати дифоъ мешиносам. 7 сол дар Маскаву Ленинград тахсили низоми кардааст. Як афсари обутобефта аст. Хеле далер чолок, росткавл сахтгир ва нотарс аст. Афсус ингуна шахсонро бо хар бахона тангназарон аз пой меафтонанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хам таърифи ин мардро шунидаам, вакти камандири кисми низоми буданаш на дар офицерский сталов балки якчо бо сарбозон хурок мехурдааст ва шабхо хам дар казарма бо сарбозон хоб мерафтаат, то ки демблхо маладойхоро назананд. Худо нигахбонат бошад камандири честний
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АФСАР бародар барои Точикистони мо ва хукуматдорони мо чунин шахсони босавод дар кор нестанд медони барои чи?.
Барои оне, ки агар хама шахсони рост кор рост кавл ободкор ва хакикатпарастро чаъм кунанд якумаш он маблагхоеро, ки барои ободи чудо мекунанд дигар дуздида наметавонанд дуюмаш дигар кор карда наметавонанд.
Аз руи бесаводишона дувуним миллион халки точик аз Точикистон баромада ба Русия рафтанд ва акнун занхо сар карданд Русия равиро пагох мусфедо ва кампирои точик меоянд ИН ШАРМАНДАГИ НЕСТ МАГАР БЕНОМУСХО.....!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!