Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:56

Хуруҷи "сибирская язва" дар шимоли Тоҷикистон

16 июл 2013, 13:43

Хадамоти санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мегӯяд, 4 сокини ноҳияи Панҷакент ва 2 сокини ноҳияи Айнӣ ба бемории сухтанӣ ё худ сибирская язва гирифтор шудаанд.

Наврӯз Ҷабборов, муовини директори Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, беморони ноҳияи Панҷакент дар худи ноҳия табобат гирифта, беморони ноҳияи Айнӣ ба беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд фиристода шудаанд.

“Бемории сухтанӣ қонунияти сироятшавии худро дорад. Ҳар 3-4 сол пас вазъият метавонад афзоиш ёбад, дар байни се сол ин беморӣ метавонад як маротиба афзоиш ёбад, нимсолаи сеюм ва чорум метавонад теъдодаш баланд шавад.”-афзуд Наврӯз Ҷабборов.

Инчунин Наврӯз Ҷабборов иброз дошт, ки ба одам бемории сӯхтанӣ тавассути ҳайвоноти хонагӣ мегузарад. Сироятпазирӣ ҳангоми нигоҳубини онҳо ва коркарди гӯшт ва ҳамчунин зимни сарукор бо пӯсту пашм сурат мегирад. Ангезандаи беморӣ метавонад хамчунин аз хок, тавассути захмҳои пӯст, исеъмоли ғизои сироятёфта ё нафасгирии чанги зарардида ба организми инсон ворид гардад.

“Барои пешгирӣ намудани ин беморӣ сари вақт гузаронидани эмкунӣ дар байни чорвои хонагӣ зарур аст. Ин вобастагӣ дорад ба фаъолияти мақомоти байторӣ. Агар аз ҷониби мақомоти мазкур сари вақт чораҳои эмкунӣ гузаронида шавад, аҳолӣ аз ин беморӣ ягон сироят намеёбад. Бемории сухтанӣ, буғумдард, ҳорӣ, ин намуди бемориҳо ба гурӯҳи бемориҳои аз ҳайвон ба одам гузаранда мебошанд”- иброз дошт Наврӯз Ҷаборов.

Аломатҳои беморӣ дар тағйирёбии пӯст дар қисмати сироятёфта зоҳир мегардад, ки он аввал сурхчаву доғдор шуда, сипас дар ҷойи он варам пайдо мешавад ва минбаъд ин варам ба захму яра мубаддал мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!