Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:46

Кӯдаки 4-солаи узбак бозори Душанберо тасхир кардааст (ВИДЕО)

17 июл 2013, 09:04

Дар нуқтаҳои фиттафурӯши Тоҷикистон навори кӯдаки 4-солаи узбак, ки таронаи маъруфи «Чак-чаки борон»-и Далер Назаров, номовартарин хонандаи тоҷикро иҷро мекунад, ба фурӯш баромадааст.

Ин навор, ки ҳамагӣ ду ҳафта қабл дар интернет пайдо шуд, ба гуфтаи фиттафурӯшон миёни сокинони Душанбе мухлисони зиёд пайдо намудааст.

Ин видео 27-уми июн, дар Ютуб гузошта шуда ва то ҳол даҳҳо ҳазор бинанда пайдо кардааст. Дар шарҳи таронасароии ин кӯдак гуфта мешавад, ки тифл чор сол дошта ва аз хонаводаи узбак мебошад.

«Чак-чаки борон» аз маъруфтарин таронаҳои Далер Назаров мебошад. Ин таронаро Юлдуз Усмонова, овозхони шинохтаи Узбакистон низ зиёд дӯст медорад ва дар яке аз ҳунарнамоиҳояш дар Душанбе ҳамроҳ бо Далер Назаров онро иҷро карда буд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • вы

  • 17 июл 2013 09:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мардум мисли рамаи гусфанд аст. Шахбуз кучои ишора кард хамон чо меравад. О каллаи худатро кор фарми намешавад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
талаффузи точикиии ин кудаки ба истилохи шумо "узбак" аз садхо точики точикистонй точикитар аст. Чуръати чоп кардан доред?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кудак узбек аст, инро аз талаффузи баъзе калимахояш фахмидан мумкин. Вале ман афсуси он мехурам, ки захри миллатгароиву махалгарои аз ботини мо тамоми нишонахои инсониро дур намудааст. Хатто дар суруди ин тифли бегунох як гараз ва нуксон мекобем. Хайфи миллат, хайфи мусулмони
Посух додан
  • Абдурахим

  • 22 июл 2013 11:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин!!! Нихоят самими, гайриодди ва вокеан чолибу дидани. Дустони азиз, санъат сархад надорад, хохиш мекунам ба махалгарои напечед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХАЛКИ ТОЧИКИ МО АЗ ВАКТАШ СУРУДУ МУСИКИ ПАРВАР БУД ВА МЕМОНАНД ИМРУЗ ШУМО ИН УЗБАКРО ГУШ КУНЕД ЛАЗЗАТ БАРЕД ФАРДО УЗБАКИСТОН МЕОЯД ВА ЯК УМРА УРО ГУШ МЕКУНЕД.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!