Бахшҳо
17 июл 2013 09:57Тоҷикистон / Сиёсат

Артиши Тоҷикистон аз нигоҳи коршинос: “Ба онҳо эътимод нест”

Бархе аз коршиносони рус бар инанд, ки дар ҳолати пеш омадани ягон даргирии бузург дар Осиёи Марказӣ, наметавон ба артиши Тоҷикистон ҳамчун нерӯи низомӣ такя кард.

Борис Соколов, коршиноси рус, мегӯяд, ҳоло дар артиши Тоҷикистон нафаре аз иштирокдорони ҷанги шаҳрвандӣ, ки таҷрибаи ҳарбӣ доштанд, боқӣ намонда, ба ин артиш наметавон ҳамчун нерӯи низомӣ эътимод (бовар) кард.

Вай гуфтааст, “сафармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон раисиҷумҳури он мебошад. Вазорати дифоъ масъулияти пуштибонии молию фаннии артишро бар уҳда дошта, барои тамриноти низомии он низ ҷавобгар аст. Доктринаи ҳарбии Тоҷикистон 3-уми октябри соли 2005 аз тарафи Маҷлиси олии ин кишвар қабул гардидааст. Дар он омадааст, ки ягон кишвар ба Тоҷикистон душман маҳсуб намебошад ва Тоҷикистон низ ба кадоме аз онҳо иддаои марзӣ надорад. Ин доктрина хусусияти мудофиавӣ дошта, барои бартараф намудани таҳдидҳои хориҷию дохилӣ такягоҳи аслии худро Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ медонад.”

Ин коршиноси рус дар идома мегӯяд, “фирор аз хидмати ҳарбӣ дар ин кишвар ба як одат табдил ёфтааст. Миёни афсарону сарбози аз минтақаҳои гуногун сӯитафоҳумҳои қаблӣ боқӣ монда, ҳатто дар бархе маврид ба даргириҳои мусаллаҳона мунҷар мешавад. Сатҳи интизом ва қобилияти ҷангии артиши тоҷик хеле поин мебошад. Танҳо фарзандони оилаҳои камбизоат ба артиш ҷалб карда шуда, писарони оилаҳои доро бо додани ришва ва хешутаборбозӣ аз хидмати ҳарбӣ озод мешаванд. Ғизои сарбозон он қадар хуб набуда, сару либоси онҳо фарсуда ва шакли ҳамон давраи Шӯравӣ мебошад.”

Дар ҳоле ки ба гуфтаи Борис Соколов, “миёни Тоҷикистону Узбакистон гуфтушунидҳо дар мавриди муайян намудани ҳудуди марзӣ ва аз байн бурдани майдонҳои минагузоришуда идома меёбанд. Ин кишвар бо Қирғизистон низ баҳсҳои марзӣ дошта, наметавонад, марзи худро аломатгузорӣ кунад.”

Ин коршиноси рус бо ёдоварӣ аз шумораи афсару сарбозони тоҷик афзудааст: “Аз нигоҳи қобилияти ҷангӣ бо артиши Тоҷикистон дар минтақа артиши Қирғизистон низ аз он камӣ надорад. Он мустақилона наметавонад, дар баробари кадом як навъи таҳдиди дохилӣ ё хориҷие истодагарӣ кунад.” Ба андешаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо ҳар гуна таҳдидҳои хориҷию дохилӣ аслан ба сарбозони Русия такя мекунад.

Оқои Соколов гуфта, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз қаламрави Афғонистон аҳамияти пойгоҳҳои низомии Русия дар минтақа боло хоҳад рафт. “Алакай хабарҳо атрофи камин гирифтани нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шимоли Қафқоз дар канори Толибон дар наздикии манотиқи марзии Тоҷикистон шунида мешаванд”,-афзудааст ӯ.

Ин ҳарфҳои коршиноси рус дар ҳоле гуфта мешаванд, ки Русия аз Тоҷикистон хостааст, созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-ро тасвиб кунад. Ҳамчунин ҷониби Русия хостори он аст, ки Душанбе ҳифзи марзи ин кишвар бо Афғонистонро ба онҳо вогузорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳама, мақомоти тоҷик мегӯянд, аз ин иддао бештар бӯи ғараз меояд. Дар ҳоле ки ба таъкиди онҳо, вазъи артиш ва сарбозони тоҷик дар чанд соли охир беҳбуд ёфтааст.
Мӯҳр
Окои Соколов магар намедони ки дусад марди чанги бех аз сад хазор мегуянд,ин акидахои фосиди ту хама баёнгари манфиати Кремл аст

пр
Рост мегуяд Соколов. Ин ба ном артиш аст.

фаромарз
Соколов!!! 2. шикорчии раштон замин як ротатоно басай

Бигзор Соколов налақад. Аввал худашонро донанд. Солҳои ҷанги Афғонистон онҳо афсароне доштанд, ки харитаи ҳарбиро хонда наметавонистанд. Дар набардҳо зидди муҷоҳидони афғон чӣ қадар талафот медоданд... Баъзеи онҳо барои артиши "қудратманди"Шӯравӣ шармандавор буданд. Силоҳу аслиҳаи барзиёд ва ҳатто тӯпҳоро (пушка) партофта мегурехтанд. Яке аз генералҳои штабнишинашон боре истеҳзоомез гуфта буд: "Нам осталось только танк моджахедам подарить. Все остальное уже дали." Ин ҳоло ҳақиқати пурра нест. Ҳақиқат дар он аст ки, боре пилотони ҳарбӣ ва танкистонашон роҳгум зада ба кишвари Эрон даромадаанд. Пас аз чанд муддат ирониҳо онҳоро сар доданд. Ба қавле, онҳо мастомаст сари ҷалав нишастаанд. Ҳамингуна ду ҳодиса маълум аст. Як ҳодисаи дигар ин аст. Тӯпчиён, ки маъмулан ҳамеша дар ақиби пиёдааскарон меистанд ва аз онҷо истода бо ишораи онҳо душманро зери оташ қарор медиҳанд, боре аскарони худашонро гулӯлаборон (снаряд) кардаанд. Сабаб? Афсари пиёдагард ба тӯпчиён фосилаи (координати) нодуруст додааст! Дар он набард чи қадар сарбози Шӯравӣ (аз ҷумла тоҷикон) ҳалок шудаанд, инро аз шарм фош накарданд. Шояд дигар ҳодисаҳое ҳам буданд ки, банда дар он бора иттилоъ надорам.
Мумкин кам касе донад ки зимни хуруҷ аз хоки Афғонистон (солҳои 90) сарбозони Шӯравӣ бо роҳи Панҷи Поён ба қаламрави мо даромаданд ва аз инҷо ба марказ рафтанд. Аз шунидани ман он сарбозони "қаҳрамон" роҳ ба роҳ автомату туфангчаву тиру дигар муҳимоти ҷангӣ фурухта меомаданд. Мегӯяндки ба ивази як шиша арақ як автомат харидан мумкин буд. Ин аъмол барқасд ташкил шуда буд ё не, инро касе намедонад. Ҳаминаш дақиқ аст ки маҳз бо истифодаи ҳамин яроқу аслиҳа ҷанги шармандавори бародаркуш дар Тоҷикистон оғоз гардида буд, ки дар натиҷаи он беш аз сад ҳазор сокинони ватанамон ҷоми шаҳодат нӯшиданд! Артиши имрӯзаи Русия ҳамун артиши Шӯравии вақт аст. Шояд аз он замон бад шудааст ки беҳ не. Касе ҳаст ки инро ба Соколов ва дигар мушовирони низомии рус дар Тоҷикистон гӯяд? Бигзор онҳо фикр накунанд ки ҳамаи тоҷикон гӯлу гумроҳу аз дунё беҳабаранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)