Бахшҳо
17 июл 2013 10:22Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Интиқоди Бобоҷонов аз интизоми таксистҳои Хатлон

Хайриддин Бобоҷонов, сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, аз интизоми ронандаҳои нақлиёти таксӣ дар Хатлон интиқод намуда, онро муъҷиби нороҳатии мусофирон, садамаҳо ва ворид нашудани маблағ ба буҷа арзёбӣ намуд.

Номбурда зимни нишасти матбуотӣ ба сифати далели беинтизомии таксистҳо дар вилоят гуфт, “нишони таксӣ надоранд ва ҳамзамон сигор дар даҳон, телефон дар даст, мусиқӣ баланд, мошинро аз рӯйи суръати 100 меронанд. Аҳамият намедиҳанд, ки ин ба мусофирон мефорад ё не. Барои даъвати мусофирон ба саворшавӣ бо садои баланд бонг мезананд ва баъзан барои муштарӣ шуда бо якдигар хархаша низ мекунанд.”

Бобоҷонов афзуд, ки барои барҳам задани ин ҳама бояд ҳар як ронандаи таксӣ зери назорат бошад ва андозҳои ҳатмиро пардохт намояд. Аммо ба қавли ӯ ронандаҳо намехоҳанд иҷозатнома (литсензия) гиранд, ҳол он ки он арзон аст: “Дар як сол ҳар як ронандаи таксӣ бояд 240 сомонӣ пардохт намояд. Фақат дар шаҳри Қӯрғонтеппа 80 фоизи таксиҳо литсензия надоранд. Ва ҳисоб кардем, дар шаҳри Қӯрғонтеппа 200 воситаи нақлиёти таксӣ гардиш мехӯрад. Агар пардохт кунанд, мо метавонем барои эҳтиёҷоти соҳа, онро равона кунем.”

Хадамоти назорат дар бахши нақлиёт мегӯяд, қисми зиёди садамаҳо аз бетартибиву бенизомии ронандаҳо сар мешавад.
Мӯҳр
дар масъалаи надоштани нишони таки, сигор дар даҳон, телефон дар даст, мусиқии баланд ва суръати мошин гапат 100 % рост. Лекин айба намедонен мегуед, ки у агар пардохт кунан метавонем барои эҳтиёҷи соҳа равон кунем. Рузат ба таксиҳо монда й а? Илтимос гапотона фикр кунен. Вайо ҳам оила зиндаги падару модар доранд. Баъзеҳояшон 2-3 оиларо мехуронанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)