Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:37

Комилов гуфт, тоҷирон ба семент хок омехта мекунанд

17 июл 2013, 11:13

Абдувалӣ Комилов, раиси Оҷонси сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, гуфт, баъзе аз соҳибкорон ба семент хок омехта карда, онро ба фурӯш мебароранд. Оқои Комилов чунин соҳибкоронро “беинсоф” номид ва гуфт, чунин афродро бе ҷазо нахоҳанд гузошт.

“То кунун чанд тан аз чунин соҳибкорон ошкор шуда, ҳоло яке аз онҳо фирор кардааст”,-афзуд ӯ. Вай, ки рӯзи 17-уми июл дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, “чанд ширкати покистонӣ, аз қабили “Аскарӣ”, “Консрет”, “Мейпл лиф” ба воридоти сементи маркаи 300 машғуланд, ки истифодаи чунин навъи семент дар Тоҷикистон номумкин аст.”

Раиси Оҷонси сохтмон ва меъмории Тоҷикистон илова намуд, ки ояндаи наздик назорати сементи воридотӣ дар кишвар аз ҷониби намояндагони чунин ширкатҳо ба роҳ монда хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, як намояндаи ширкати покистонии «Паксем», ки худро Абдуғаффор муаррифӣ намуд, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, сементи Покистон то ин ки ба Тоҷикистон расад, аз чанд даст мегузарад ва эҳтимол ба сементи онҳо дигар чизҳо омехта намоянд.
Мусоҳиби мо қайд кард, ки дар Покистон 26 корхонаи сементбарорӣ буда, кишвараш дар ҷаҳон аз ҷиҳати воридоти семент дар ҷои 5-ум меистад.


Дар акс: Абдувалӣ Комилов, раиси Оҷонси сохтмон ва меъмории Тоҷикистон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!