Бахшҳо
17 июл 2013 11:40Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Зарифӣ дар бораи интихоботи президентӣ, пойгоҳи 201 ва Додоҷон

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии 17-уми июл дар Душанбе гуфт, президент шудан дониш ва тавоноии бештар мехоҳад, ки чунин қобилиятро надорад. Вай бо ин ҳарфҳои худ иштирокаш ба ҳайси номзад дар интихоботи президентии Тоҷикистонро рад кард.

Бо ин ҳол, оқои Зарифӣ гуфт, бовар дорад, ки интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон орому шаффоф баргузор ва нафари арзанда интихоб хоҳад шуд.

Ҳамроҳхон Зарифӣ дар ин нишасти хабарӣ инчунин ба масъалаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия низ дахл кард ва гуфт, Душанбе ҳатман қарордод дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-и Русияро тасвиб мекунад. “Мо ҳамаи аснодро омода кунем, созишнома ба тасвиб мерасад. Сарусадоҳо фантазияи баъзе аз соҳибназарон аст. Бояд бигӯям, ки корҳо барои омода кардани санадҳои лозимӣ идома дорад. Умедворам, ба тасвиб мерасад”,-афзуд ӯ.

Дар аввали моҳи майи соли ҷорӣ Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зери қонун дар мавриди шароити будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон имзо гузошт. Ин созишнома моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби президентҳои Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо гардида буд. Пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон аз соли 1993 то кунун ҳузур дошта, баъд аз тасвиби ин созишнома аз тарафи ҷонибҳо 30 соли дигар боқӣ хоҳад монд.

Оқои Зарифӣ дар идома гуфт, ҳоло дар муносибати Душанбеву Маскав ҳеч мушкиле вуҷуд надорад ва изҳори назарҳо дар ин бора андешаи шахсиятҳои алоҳида дар Душанбеву Маскав асту халос. “Дар сатҳи давлатӣ мо мушкилот надорем”,-гуфт ӯ.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи барномаҳои Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор” дар телевизони “К+” низ изҳори назар кард ва гуфт, “мо ягон кишварро айбдор карданӣ нестем, ки бо ҷаноби Атовуллоҳ хамкорӣ мекунад. Он фактҳои Додоҷон асос надорад. Он ҳама андешаҳои барғалати ӯст. Фикр мекунам, аз он алфози қабеҳи ӯ дар нисбати Точикистон мардуми кишвар хулосаи худро мебароранд.”
Мӯҳр
Суғдӣ
Ҷаноби вазир ҳамаи суханҳои шумо хуб аст ва донишу тавоноии баланд низ доред. Аз номи хешу таборони даҳ нафар шаҳрвандони тоҷики муқими ноҳияи Панҷекат аз шумои азиз илтимосу зора мекунем, ки фарзандонамонро аз асорат ва гаравгонгирии золимонаи тарафи Ҷумҳурии Узбекистон тариқи каналҳои дипломатӣ озод намоед. Аз тақдири ҷигарбандонамон сахт дар ташвишем ва бовар кунед хоби шабамон ҳаром аст. Ташаккур.

Дарвеш
Хамаи гуфтахои Додочони Атовулло хакикатан ва дуруст мебошанд. Точикистон ба як кишвари худкома табдил ёфтааст. Дар Точикистон як гурухи мансабдорон бо гирифтани ришва ё хушутаборбози, зиндагии пурдабдаба доранду,парвои мардуми бечора надоранд. Аксарияти мардум ,факат бо рохи ба мухочирати мехнати рафтан , зиндагии худашона факирона мегузаронанд. Бубинед хато дар мохи шарифи Рамазон,нарххои махсулотхои гизои ба аксарияти мардум дастнорас шудаанд.

Д. Атовуло аввалин нафари далери миллат мебошад, ки хакикатро аз минбар мегуяд. хизби Ватандор зинда бод!!!

беном
Дарвеш, бародари азиз баланд шудани молу махсулот дар дасти раисичумхуру окои Зарифи нест. Он дар дасти савдогарон аст. Лутфан аз хамаи истифодабарандагони сомонаи Озодагон хохиш карда мешавад, ки комментхои худро дидаву дониста нависед. Аз дикататон минатдорам.

Бекор
Фарки Зарифи аз Зайд Саидов махз дар он аст, ки у кобилияту тавоноии худро медонад.
Е кош, акалан, нисфи вазирони Эмомали мисли Зарифи кордону зирак мебуданд...

МУХТАРАМ БЕНОМ!!!!!!
АГАР ХАМА ХАЛКИ ТОЧИК НАДОНАД, КИ БИЗНЕСИ ОРДРО КИ ДАР ТОЧИКИСТОН МЕКУНАД ИНРО МАН МЕДОНАМ ВА ИНРО ТУ ХАМ МЕДОНИ ЧИ ДАРКОР АСТ СУХАНИ ЗИЁД ЧИ ШАРТАСТ, КИ НОМХОЯШОНРО НАВИСАМ ВА АГАР НАВИСАМ ХАМ ИНРО "ОЗОДАГОН" НАМЕНАВИСАНД... ДАР ВАТАНИ МО ИН ЯКУМИН ДАРАЧА ОРД АСТ ОРД КИМАТ ШУД ХАМАИ ХУРОКВОРИХО АЗ БЕНЗИН ТО СОБУН ХОХИ НАХОХИ МЕХЕЗАНД.
МЕБАХШЕД ШУМО ФИКР КАРДА НАВИСЕД.!!!!!!

Попробуй и рискни, господин министр, скажи какую-то горькую правду и сразу же вылетишь с кресла и тебе повторят "судьба" Зайда. Конечно же, всем твоим сказкам никто не поверит))))

Мухтарам БЕНОМ.
МАН бо ин навиштаи ту розиям......

суханхои додожон атовулоев хакикат аст ва у аз руи адолат рафтор кардааст
Суғдӣ,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)