Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:54

То соли 2012 беш аз 900 хонавода дар Тоҷикистон ҷойи зисташонро дигар мекунанд

20 июл 2011, 05:31

Ҳудуди 732 оила дар дохили Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ табдили ҷойи зист карда, алъон бо қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин гаштаанд.


Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳант ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, ин нишондод 76% нақшаи солонаи муҳоҷирати дохиларо ташкил медиҳад. Бино ба қавли ӯ, дар мавзеъи Лахши ноҳияи Ҷиргатол 289 хонавода, аз ҷумла  80 оила аз ноҳияи Рашт, 60 оила аз ноҳияи Тоҷикобод ва 149 оила аз ноҳияи Ҷиргатол маскун гардида, шароити аввалияи зистро дарёфт кардаанд.   
Маҳмадамин Маҳмадаминов  қайд кард, ки тибқи қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябр соли 2009, №330 дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ба мавзеъҳои дорои заминҳои  бекорхобидаи ҷумҳурӣ тайи солҳои 2010 то соли 2012 бояд  966  оила ба таври ихтиёрӣ кӯчонида шаванд.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!