Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:55

Turajon.org: Ба боғе, ки дар он ҷо намозгузорӣ манъ аст, равем ё..?

17 июл 2013, 15:41

Тӯраҷон нуқта орг, торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, аз рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон рафтан ба боғҳоеро, ки дар дохилашон хондани намоз манъ мебошад, ҳаром хондааст.

Tорнамои Turajon.org дар посух ба суоли яке аз корбаронаш, ки “оё рафтан ба боғҳои дар дохилашон намоз хондан мамнӯъст, раво мебошад?”, навиштааст: “Маблағ дода ба чунин ҷойҳо қадам гузоштани Шумо маънои ёрдам дар маъсият (гуноҳ) мебошад ва ёрӣ дар гуноҳ худ гуноҳ аст.”

Ин торнамо ба корбарони худ тавсия додааст, ки аз рафтан ба чунин маконҳо худдорӣ кунанд. Зеро ба навиштаи он, “уламои Ислом вуруд ба чунин маконҳое, ки шаоири исломӣ дар онҳо манъ мебошад, ҳаром хонда шудааст.”

Ин дар ҳолест, ки дар даромадгоҳи “Боғи пойтахт”-и шаҳри Душанбе бо овезон намудани навиштаҷоте огоҳ кунонда шудааст, ки нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ва хондани намоз дар дохили он манъ мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мусалмон

  • 17 июл 2013 15:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар самолет шишта ба Русияву Амрико парвоз карданатон куфр нест, ки онро гайримусалмон сохтаасту боз яхуди? Овардан ва фуруши молхои хитои, ки муридон аз маблаги шумо содир мекунанд, манъ нест, ки онро бутпарастон мебароранд? Чипи японии бутпарастонсохта, ки зери поят аст, манъ нест? О ин пулро барои харидории Чип дода, хазинаи бутпарастонро пур мекунед ку?
Посух додан
  • dilovar

  • 17 июл 2013 16:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мусалмон,
Мусалмон,
сад дар сад роста гуфти
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Мусалмон ,бо гуфтахоят шарик шуда илова карданиям ки бог чои хушхолию табиати инсонро ором менамояд ин харом аст
Посух додан
  • Изхор

  • 17 июл 2013 16:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Абача хамаи чира харом бровардасоден. Ба бог рафтану сайр кардан аз хавои ватан нафас гирифтан харом аст. Хайр мо хам мусалмонен, лекин ин чизора ба мардум хуб фахмонед,
Посух додан
  • Шокир

  • 17 июл 2013 17:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо ин сафсатахош Туранчонзода мехохад дини исломро барои мардум як дини берахм ва махдудкунандаи одитарин халоватхои зиндаги нишон дихад. ин хадисро фаромуш накунед, ки шайтон дар сурати хар касе метавонад дарояд ба чуз сурати паёмбарон. мухтарам турачон бо як чашмакит сари хазорхо мардуми бегуноха хурди рав тавба бикун Худо гу аз барои савоб!!! бо чи максад дори? намедони ки бадхохон ба максад намерасанд. Агар хак мебуди хаму соли 92 Худо ери мерасонд голиб меомади! Биё майнаи мардума гаранг накун!
Посух додан
  • муалим

  • 17 июл 2013 17:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба нафарони ком. Нaвишта гуфтания:шумо агар мусалмонед бо далели шаръи ин фатворо радд намойед,хар як кор басират мехохад.бо хавои нафс намешавад хар амреро кабул е рад кард.тахасус лозим дорад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шокир бародар ту худ сафсата нагу оё намедони замин замини Худост. Ё магар аз Ислом дарак надори? Хар як сухане миёри бо далел харф бизан о у цаноби Турацонзода хакикатро мегуяд. Ин шеър басамти шумост: Бикун вакти саломат пеш дасти, Сухан санцида гу хар цо нишасти. Суханхои хакикиро сафсата нагу аз Худо тарс, имруз ё фардо ин дунёро падруд хохи гуфт. Худо хамаи моро хидоят кунад.
Посух додан
  • Dev

  • 17 июл 2013 20:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ushtura guftam gamza kun , poliza vajron kardu raft !
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мусалмон номата монди аммо забони модариятро намефахмиди. Дар кучои ин сухани Эшон харом будани навоварихо аст? Авал забонатони модариятро хуб омуз ба забон кушо. Дар рузи равшан тухмат кардан Айб аст. Мохам эондем фатвои Эшонро инчо дар он рафтани паркеро, ки дар ончо намозхониро мань кардаанд баробари сигор ва аракнуши. Созтар чашмота кушо.
Посух додан
  • Мухочир-москва

  • 17 июл 2013 22:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй Шокир!Аз фатвохои Эшони мухтарим сари мардум не,сари ту барин дунёпарастон гаранг мешавад.Аз номи мардум сухан нагу.Дониста бош,ки хаводорону мухлисони Эшон мусулмонони хакикиянд.Ба ту барин касон, фатвои Эшон дахл надорад.Рафтан гиред.
Посух додан
  • Sorbon

  • 17 июл 2013 22:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Shumo mexohed ki harom e'lon nashavad pas bogro harom nasozed yane chi zarurat ast ki man' kuni ki dar in jo namoz naxoned? Namoz xondan az kay boz mamnu' shudaast. Vaxto ki xudovand meguyad ki tamomi zaminro baroi ummati mustafo(s) masjid qaror dodam , pas chiguna banda haqqi man' kardani namozxoniro dorad? Insof kuned mantiq dar kujost? Xudotarsi dar kujost ? Vaxtoki amri maxluq ziddi xoliq baroyad pas magar on maxluq musulmon ast? E kay aqli tojik ba joyash meoyad man hayronam
Посух додан
  • Хоит рашт

  • 18 июл 2013 03:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахмат устоди гироми .дар он чоеки фохиша аст намоз хондан раво нест.бог.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом.Ба Мусалмон,Диловар,Шокир.Хисрав ва Изхор.Аввалан бо ин сафсатахои бадбуятон галат кардед! Дувум ин ки техникахое ки номбар карди, созандагонаш барои мусалмонон чихати истифода аз онхо хеч махдудияте чори накардаанд! Хулоса бедалел ин чо гуругли нахонед! БЕСАВОДОН!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввалан мебахшед баъд агар камтарак бо назари хирад назар куни чунин менамояд, ки дар ин чо чавоб диханда хатои сахте, ки сазовори танкид бошад надорад. Дар ин чо саволдиханда хох ягон фитнагар аст ё ягон бесавод ё курсавод ё ягон нобакор аст намедонам. ОЁ ДАР ДИГАР БОРАХО САВОЛ ЁФТ НАШУД, КИ БА БОГ РАФТАНРО САВОЛ МЕКУНИ...???????
Албатта мувофики шариати ислом ба чойхое, ки базму бозие, ки мувофики ислом набошад рафтан чоиз нест хатто ба бозор бехуда рафтан мумкин нест. Лекин инхо на саволхоеанд, ки хаминхоро хам аз муллохо савол дихед. Он хукмхои шариате, ки барои ба чо оварданахан намеоред ва чизе, ки даркор нест гуё кардани мешавед......
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боре Турахо дар Он-Лайн сухбататашон бо муридон дар посух ба суоле "Кока Коларо нушем ва ё нанушем" чунин посух дода буданд.
-Нушидани Кока Кола аз сабаби он, ки моли Яхуд аст чоиз нест.

Устодон ин посухро тавассути компютар, ки дар он барномахи Микрософт Оффису Интернет Эксплорер истифода бурда мешавад, ба муридон расонданд.

Пас чунин аст суоле ба миён меояд, ки барномахи Микрософт Оффису Интернет Эксплорер моли кист? Аз шайххои Араб аст?
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!