Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:03

Маоши ҳадди ақалл -- 40$. Нархи 1 м²-и манзил -- аз 512 то 1600$

17 июл 2013, 16:03

Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон нархи як метри мураббаи манозил дар биноҳои навбунёди Душанберо аз 512 то 1600 доллари амрикоӣ арзёбӣ кард.

Абдувалӣ Комилов, директори Оҷонсии мазкур зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, арзиши сохтмони хона аз макони ҷойгиршавӣ ва имконоти коммуналии он вобастагӣ дорад. Оқои Комилов дар мавриди манзилҳое, ки як метри мураббаашон 1600 доллар қимат дорад, гуфт, “дар Тоҷикистон талабот ба чунин хонаҳо вуҷуд дорад ва нафароне низ ҳастанд, ки ин тавонро доранд.”

Масъулини Оҷонсии сохтмон ва меъморӣ мегӯянд, дар ин нимсола дар кишвар ба масоҳати умумии 301 ҳазору 697 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 200 сомонӣ ё ҳудуди 40 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Орзу аз Туркия

  • 18 июл 2013 08:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз хонаи абадит миёван пул охи аз кучо доран хдт ки дори фикр мекуники хама ранги ту ва шумобаринхо дуздаи бечора мардум кунш дрид да хамон масква кор карда беаклен чиен ба худо ку бачата мон брава да хаму масква кор кна пули хона да и точикистон агар бечора бача якумр ки кор куна хона гирифта наметонад. Дар хакикат неким бесавод бдаен мардуми бечора ба икари хичи намеган о дар болои саршон наброен неким тфта одам бдаи кати и гапзаниёт. Илтимос аз журналистои хамин сомона ки хами гапома монен

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!