Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:16

Тағоймуродов: “Ҷасади монанд ба Шамсиддинов нишонаҳои марги маҷбурӣ надорад”

18 июл 2013, 09:37

Ҷасади монанд ба Салимбой Шамсиддинов, раиси ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон, ки 15-уми март аз маҳалли зисташ ғайб зада буд, аз Амударё дар қаламрави Узбакистон пайдо шудааст.

Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати вазорати умури дохилии Хатлон ин хабарро таъйид намуда, гуфт, дар ин бора аз Узбакистон ба мо як хабарнома омада буд: “Мо аҳли байти Салимро даъват кардем, аз рӯи нишонаҳои ҷасад, либос, дандон, муйи сар онҳо гуфтанд, ки эҳтимолан ҷасади Салим аст. Гӯиё, ки дандони сеюмаш нест.”

Тағоймуродов ба такя ба иттилои пешакӣ гуфт, ҷасад бе нишонаҳои марги маҷбурӣ ёфт шудааст. Бо вуҷуд ӯ таъкид кард, ки айни ҳол аниқ гуфта наметавонанд, ки ҷасади дарёфтшуда Салим аст ё не: “Мо ҳуҷҷатҳои лозимаи наздиконашро дуруст мекунем, мераванд ва муайян мекунанд. Узбакистон дар ин маврид дер хабар дод.”

Шамсиддинов, ки раҳбарии ҷамъияти узбакҳои Хатлонро ба уҳда дошт, асосан бо интиқодҳои шадидаш аз ҳукумати феълӣ машҳур аст. Ӯ 15-уми марти соли равон зимни дави субҳгоҳӣ ғайб зада то ҳол бедарак аст. Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ ғайб задани Шамсиддиновро кори дасти мақомоти амниятии Тоҷикистон арзёбӣ намуда буд.

Дар ҳамин ҳол ба қавли Анвар Тағоймуродов, аз аввали сол дар вилоят 72 нафар бе ному нишон гум шудаанд. Аз ин 47 нафар то ҳол пайдо нагардидаанд. Дар самти муайян намудани ҷасадҳои шахсияташон номаълум 21 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки ҳуввияти 4 -тоашон муайян гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ыв

  • 18 июл 2013 09:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мардак хайф шуд. Номардона катлаш карданд.
Посух додан
  • ВАХДАТ

  • 18 июл 2013 10:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хеч гап не,як каримов кам!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин хел генерали бисёр зебову оромро бори аввал мсебинам.Чехраи нихоят хубу аълои точики дорад.Хело босаводу бомаърифату дурандеша метобад.Илова ба ин бисёр чехраи гарму дили соф дошта,хело рахмгину боинсоф менамояд.Ана хамин генерал.зеби вазири МВД и Точикистонро дорад.Бисёр вазирзеб аст,Тагоймуродов.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!