Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:51

Раисони Вахшу Бохтар гуфтаанд, тавони иҷрои фармони президентро надоранд

18 июл 2013, 10:45

Раисони навоҳии Бохтар ва Вахш гуфтаанд, тавони фароҳам кардани шароити хуби корӣ барои нозирони минтақавиро, ки ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бора фармони махсус содир карда буд, надоранд.

Абдуалим Исмоилов, раиси ноҳияи Бохтар гуфт, барои нозирони минтақавӣ маблағи бениҳоят калон хоста шудааст: “Танҳо аз ҷамоати Бӯстонқалъа нозирони минтақавӣ таги 25 ҳазор сомонӣ фақат барои таъмир хостанд. Мо дар 7 ҷамоат нозирони минтақавӣ дорем ва ҳисоб кардем, барои ҳамаи онҳо зиёда аз 140 ҳазор сомонӣ даркор аст. Мо ҳоло имкони пардохти ин маблағро надорем, вале ба ШВКД-и ноҳия зиёда аз 35 ҳазор сомонӣ барои таъмири бинояш ҷудо карда будем. То охири сол мувофиқи имкониятамон чораҷӯӣ мекунем. Мактуби вазири корҳои дохилиро гирифта будем.”

Бароталӣ Юсуфов, раиси ноҳияи Вахш, низ мегӯяд, бақияи озод надорем, ки нозирони минтақавиро бо асп ва дигар хостаҳояшон таъмин намоем, аммо 16 нафари онҳоро бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин намудем.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар гузориш додааст, ки бархе аз ҳукуматҳои маҳаллӣ фаромини раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро иҷро намекунанд.

Ин ниҳоди қудратӣ ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Роғун, Кӯлоб, ноҳияҳои Ҳисор, Тавилдара, Ҷиргатол, Рашт, Бохтар, Вахш, Қубодиён, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Фархор, Шӯрообод, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Истиқлол ва Шаҳристонро номбар карда, таъкид намудааст, ки масъулини онҳо фармони раисиҷумҳурро дар бораи беҳтар намудани шароити кори нозирони минтақавӣ сарфи назар мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вакти интихобот шудааст фармондихи хам сар шуд ин халка хакикатан ин давлатдорони мо ба мисли гусфанд мебинанд.... БОЗ МО ИН ШАЙТОНГАРИХОРО БОВАР МЕКУНЕМ.....
Посух додан
  • Бахром

  • 18 июл 2013 18:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Rustam Rustamov,
Ки бовар мекунад? Хички бовар намекунад, хама медонад, ки гап дар бораи чи. Ино чунон беакулу бесаводу бефахм шудаанд, ки фикр мекунанд мардум унхоба бовар мекунад, аммо намедонанд, ки хама холи иноба нафрин мехонаду механдад ва агар илочаша ёбад кайцхо аз бахрашон мебуромад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!