Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:12

Оҷонсӣ пайомади қарори Убайдуллоевро таҳлил кардааст

18 июл 2013, 11:21

Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, баъди содир шудани қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе нархҳо тайи даҳрӯзаи аввали моҳи Рамазон дар пойтахт поин рафтаанд.

Ба иттилои ин ниҳод дар пайи назорати давлатӣ ва ҳамраъйии соҳибкорону тоҷирон имрӯз дар бозорҳои шаҳр, як кг гӯшти гов 29, гӯшти гӯшти гӯсфанд 30, як халта орди навъи якум (аз ғаллаи дар Қазоқистон истеҳсолшуда ва навъи «Шамалған») то 130, 1 л. равғани растанӣ 7,5, 1 кг биринҷи ватанӣ то 6, 1 кг шакар то 4,2, 1 л. шир дар бозорҳо то 3,5, 1 кг сабзӣ то 1,6, 1 кг картошка то 1,5, 1 кг пиёз то 0,65 ва 1 дона тухм то 0,5 сомонӣ ба савдо гузошта шудааст.

Оҷонсии омор таъкид мекунад, дар санаи 15 июли соли 2013 нисбат ба 1 июли соли равон нархи як кг бехпиёз 23,5%, як кг сабзӣ 21,1%, як кг биринҷи ватанӣ 17,1%, як кг шакар 17,0%, як кг картошка 15,6%, як кг гандум 12,2%, як кг помидор 9,5%, як кг бодиринг 13,8% як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон 9,8%, 1 л. равғани растанӣ 9,7%, 1 дона тухм 9,1%, як кг гӯшти гов 6,5% ва гӯшти гӯсфанд 6,2% коҳиш ёфтаанд ва арзиши 5 намуд бе тағйир нигоҳ дошта шудааст.

Шаҳрдорӣ бо такя ба иттилои оморӣ мегӯяд, айни ҳол нархи маҳсулот дар бозорҳои пойтахт аз нарх дар навоҳӣ арзонтар аст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев барои таъмин ғановати бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон ба корхона «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» - 600 ҳазор сомонӣ, «Бозори Шоҳмансур»- 200 ҳазор сомонӣ ва «Бозори Саховат»- 200 ҳазор сомонӣ қарзҳои бефоиз додааст.

Шаҳрдорӣ аз кулли сокинони пойтахт даъват кардааст, ки бо назардошти нархҳои муайяннамудаи шаҳрдорӣ, ҳангоми хариди маҳсулот дар бозорҳои пойтахт аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худи ман шахсан рузи гузашта аз бозори шохмансур харидори биринч шудам тамоми нуктахои фуруш махкам буд дар се чо биринч мефурухтан хамунам биринче ки то хол 5.80 буд бо нархи 6.30 фурушанда ба харидорон мегуфт бринчи нагз 9-10 сомон хохен мархамат хохе мачбури мархамат биринчи 6.30 мо биринча киммат гирифтем чи хел арзон фурушем баъдан хамаамон медонем хами нархои мачбури другай хамаамон медонем ку

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!