Бахшҳо
18 июл 2013 12:19Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Суди олии иқтисодӣ даъвои Ҳасан Асадуллозодаро баррасӣ накард

Наим Мансуров, раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ба ин додгоҳ дар нимсолаи аввали соли равон шаш парванда бо иштироки шахсони хориҷӣ ворид гардидааст.

Наим Мансуров, рӯзи 18-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ширкати “Венстранстрой”-и шаҳри Маскав алайҳи НОБ – и “Сангтуда 1” дар бораи руёнидани 5 миллиону 673 ҳазору 916 сомонӣ даъво бурдааст, ки феълан мавриди баррасӣ қарор дорад. Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон афзуд, ки даъвои ҶДММ “Таком-Голд”-и Қирғизистони мутааллиқ ба Ю. Шербаков низ нисбати ширкати “Синзян-Лтд”-и Чин, дар бораи бекор кардани шартномаи хариду фурӯш, рад карда шудааст: “Инчунин даъвои “Давлатбелтранс”-и Мински ҷумҳурии Белоруссия нисбати соҳибкори инфиродӣ Раҷабов, дар бораи рӯёнидани 2 миллиону 220 ҳазор сомонӣ рад гардид.”

Наим Мансуров инчунин иттилоъ дод, ки намояндаи ваколатдори Ҳасан Асадуллозода, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ алайҳи Ю. Шербаков, шаҳрванди Қирғизистон ва ҳамҷавобгар, ҶДММ “Таком-Голд” даъво бурда, талаб кардааст, ки протоколи ҳамкориҳояшон беэътибор дониста шавад. Раиси Суди олии иқтисодӣ гуфт, даъвои намояндаи Ҳасан Асадуллозодаро ба баррасӣ нагирифтаанд, чун ин даъво аз рӯи тобеият ба Суди шаҳрии иқтисодӣ дахл дорад ва ба он ҷо ирсол шудааст.

Наим Мансуров гуфт, шумораи парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 адад зиёд шудааст: “Соли гузашта дар Тоҷикистон 8 парвандаи хориҷӣ баррасӣ шудааст, ки 4 адади он ба нимсолаи аввал рост меомад.”
Мӯҳр
Вохима мекуне-да, кати хамин сарлавхахои вохиматон. барраси накард чунки тобеъияти суди шахри будааст...хайр-чи?

ном Салим
Ин ачоибота бинед ,Ой шумо судями прокрорми хамаатон зри назорати хамин Асадуллозодаед боз чи (руятона сиёх) мекунед,бараси накарду фалону мехмадон .
Агар лозим шавад як мича заданба хамаша хал мекунед ,лекин хубтараш гуем худаш бе шумо хал мекунад, хатто намекунем бовариям намеояд,ки назди конун шоху гадо баробар бошад ,мехостам бовар кунам лек афсус афсус чунин нест!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)