Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 24 май 2017, 01:32

Наздики 60 ҳазор тифл дар Афғонистон муътод будаанд

18 июл 2013, 15:53

Беш аз 120 ҳазор зан ва ҳудуди 60 ҳазор тифл, ки дар қаламрави Афғонистон зиндагӣ мекунанд, аз муътодӣ ба маводи мухаддир ранҷ мекашанд. Ин оморро яке аз марказҳои табобати нашъамандӣ пас аз пажуҳиши вижае ироа кардааст.

Яке аз иллатҳои аслии мизони баланди нашъамандӣ миёни ноболиғонро дар нашъаманд будани волидони онҳо ва истифодаи маводи нашъадор ҳамчун таскиндиҳандаи дард ҳангоми бемории кӯдак медонанд.

Дастрасии озод ба маводи мухаддир аз хатарбортарин таҳдид ба солимии мардуми Афғонистон арзёбӣ шудааст. Бештари мизоҷони маркази табобати нашъамандӣ гуфтаанд, фурӯши маводи мухаддир дар бештари ноҳияҳо озод буда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо дарёфти ришва, ин ҷиноятҳоро нодида мегиранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!