Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:39

Президент ба вазири умури дохила супориши қатъӣ дод

10 май 2011, 11:15

Пулиси Маскав аз сар задани боз як ҳодисаи занозанӣ ва ҷароҳат аз яроқ дар метрои Маскав хабар медиҳад.

Бино ба иттилоъи ин манбаъ бар асари ин бетартибӣ 2 нафар аз тири туфангчаи зарбрасони ҳимоятӣ ярадор гаштааст.Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур ин навбат миёни ду дастаи сархуш дар истгоҳии метрои «Пушкинская» сар задаст.

- Дар  дохили қатора миёни ду гурӯҳ, ки ҳамагӣ сархуш будаанд, муноқиша ба амал меояд ва як нафар таппончаи зарбрасон бароварда, тир мекушояд ва дар натиҷа 2 нафар -1 зану 1 мард ҷароҳат бардошта, фавран ба бемористон интиқол дода мешаванд. Гунаҳкори ҳодиса боздошт шудааст ва масъалаи ифтитоҳ  шудани парвандаи ҷиноӣ дар сададаи баррасӣ қарор дорад, гуфтанд дар РУД шаҳри Маскав.

Ёдовар мешавем, ки авохири моҳи апрел дар истгоҳи «Китобхонаи ба номи В.И. Ленин»  зани 80-сола, ки дар ҷойи ҳодиса қарор дошт бар асар и муноқишаи миёни ду нафар тасодуфан тир мехӯрад ва бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода мешавад.

Дар хамин хол мақомоти интизомии ин кишвар аз афзудани теъдоди ҷиноят бо истифода аз яроқи оташфишон ва яроқи зарбрасон изҳори нигаронӣ мекунанд. Мутобиқи омори ин мақомот теъдоди кушташудагон аз туфангчаи зарбарасон ба 65 ва маҷрӯҳон ба 500 нафар расидааст.

Дмитрий Медведев, президенти Русия бо дарназардошти ин тағйироту иловаҳоро ба қонуни «Дар бораи яроқ» охири соли гузашта ба порлумони кишвараш ирсол карда, тартиби дарёфт, нигоҳдорӣ ва истифодаи яроқҳои зарбрасон ва шикориро сангинтар намуда буд. Акнун шурӯъ аз 1 июли соли 2011 ҳар нафаре, ки аз яроқи ҳимоятӣ истифода мебарад, баъди манзур намудани маълумотномаҳои тиббиву дигар, гузаштани дарсҳои иловагии ҳатмӣ ва дарёфти шаҳодатномаи махсус, шабеҳи шаҳодатномаи ронандагӣ ин ҳақро хоҳад дошт ва аммо ин тадбир низ дар коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ бо истифодаи яроқи ҳимоятӣ ва ё зарбрасон мусоидат накардааст. Ҳамакнун Д. Медведев дар пайи ҳаводиси охири ҷиноӣ бо истифода аз силоҳи  ҳимоятӣ аз Рашид Нургалиев, вазири умури дохилии Русия тақозо кардааст, дар хусуси баробар кардани дараҷаи яроқи ҳимоятӣ ва силоҳи оташфишон ба ҳукумат таклиф пешниҳод намояд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!