Бахшҳо

Адвокат: Зайд Саидов иттиҳоми таҷовуз ба номусро қабул накард

Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав иттиҳоми нави Оҷонсии зидди фасод дар бораи таҷовуз ба номусро рад кардааст. Дар ин бора Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи оқои Саидов, ба “Озодагон” хабар дод.

Вай гуфт, Зайд Саидов дар посух ба суоли муфаттишони Оҷонсӣ гуфтааст, духтареро, ки аз болои ӯ ба иттиҳоми таҷовуз ба номус шикоят бурдааст, намедонад ва робита ҳам надоштааст.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, ахиран духтаре ҳамроҳи модараш ба Оҷонсии зидди фасод нома навиштаанд, ки гӯиё дар соли 2008 Зайд Саидов ба номуси ин духтар таҷовуз кардааст. “Ҳанӯз дар ин бора айб эълон нашудааст. Дар ҳоли ҳозир ин танҳо пешниҳод барои оғози парванда аст”,-афзуд ӯ.

Исҳоқ Табаров гуфт, “ин иттиҳом ба ақли солим дуруст намеояд. Дар тӯли ду моҳе, ки Зайд Саидовро аз наздик мешиносем, ҳеч тасаввур карда наметавонем, ки ин ҷиноятро ӯ содир карда бошад. Ин тӯҳматномае беш нест.”

Вай афзуд, мақомот барои исботи ин иттиҳом алайҳи Зайд Саидов дар даст далели кофӣ надоранд. “Ин категорияи ҷиноятҳои бисёр нозук аст. Агар ин воқеа бар хилофи хоҳиши ҷабрдида сурат гирифта бошад, бояд дар бадани ӯ осеб монда бошад. Аз ин ҳодиса панҷ сол гузаштааст, онҳо тоза шикоят мекунанд. Бо чӣ далел?”,-илова кард Табаров.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Қаблан мақомот алайҳи Саидов иттиҳомот ба сӯистифода аз мансаб, пора, қаллобӣ ва бисёрзанӣ пеш гузошта буданд.
Мӯҳр
dilovar
ХАЙРОНАМ ОЗОДИ 1998 МЕНАВИСАД ШУМО 2008,КАДОМАТОН ДУРУСТЕД? НЕКЕ ДА МАСАЛАИ ТАЧОВУЗ ГУФТАНИЯМ КИ У ДУХТА ФОХИШАХАЙ АЙ ПЕШИ ЦУМ ПУЛ ДОДА ОВАРДИЯНША КИ ТО БА ЗАЙД ТУХМАТ КНА,АММО ЧОХКАН ЗЕРИ ЧОХ

Яхудихои лаъин зани фохишаеро пули бисёр доданд, ки бо тухмати ногахони бигуяд, киМусо пайгомбар бо ман зино кардааст....
Лекин ин Яхудихои хукумати мо хам бо ягон далели катъи исботи гуноҳи Зайд Саидовро натавонистанд бо тачовуз тухматаш мекунанд бо ягон фохишаашон....

Окоёни тафтишгар! Оё намедонед, ки Зайд Саидов маъюб аст ва бо як даст чи тур метавонад духтареро капида, эзорашро ба зури кашида, ба номусаш тачовуз кунад?
О бародарон, тухмат хам хадду андоза доштагист! Охирататонро фикр кунед!
Д У Р У Г ТОРИКИИ и М О Н АСТ, эй бехабарон!

Рузадор
Хамфйкри бародарон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)