Бахшҳо
19 июл 2013 10:06Тоҷикистон / Сиёсат

Тамринҳои шабонаи пулис барои парокандасозии гирдиҳамоиҳо дар интихобот

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, маъмурини пулис шабонгоҳҳо барои таъмини амният дар интихобот ва парокандасозии гирдиҳамоиҳо дар Душанбе тамринҳо мекунанд.

Раҳимов, имрӯз, 19-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои амнияту ҷилавгирӣ аз гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ дар арафаи интихобот дар майдонҳои пойтахт шабонгоҳҳо омодагиҳо мебинанд.

Вазир инчунин таъкид кард, ки соли равон мизони ҷинояткорӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст. Ба иттилои ӯ дар шаш моҳи аввал дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 361 ҷиноят сабт шудааст ки нисбати соли гузашта 10,1% ё 957 ҷиноят зиёд мебошад.

Баробари ин вазирати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон 458 ҷасади муҳоҷирон интиқол дода шудаанд. Ба иттилои вазир аз ин рақам 41 нафарашон кушта, 34 нафарашон дар садамаҳо ва боқӣ дар пайи ҳодисаҳои дигар ҳалок гардидаанд.

Дар мавриди лоиҳаи шаҳри бехатар, ки дар доираи он то моҳи ноябри соли равон дар Душанбе насби беш аз 800 камераҳо дар назар аст, Рамазон Раҳимов гуфт, ки бархе мушкилиҳои молиявӣ пайдо шуданд: “Айни ҳол ҳамааш ҳал шуда, то моҳи ноябр татбиқи лоиҳаи шаҳри бехатар дар Душанбе таъмин хоҳад шуд.”

Инчунин вазир таъйид кард, ки реҷаи кор дар дискоклубҳои Душанбе таъмин намегардад. Ӯ гуфт, давоми шаш моҳи соли равон дар 15 дискоклуби пойтахт 441 нафар барои қонунвайронкунӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Мӯҳр
Хайрандеш
Худоё ин чи бешармист, ки барои саркуб кардани халки худ омодаги мебинанд?

манучер
итихобот агар шафоф бошад хечгох гирдихамой намешавад

Ачабо!хайрият фазмидаанд, ки мардум ба дод омадааст. Шарм надошта милисахоро фарзандони миллатанд бо мардум чанг меандозанд. Хуб нест ки ба шахрвандон ичозаи ибрози акида дихед то саркуб намудана.

Донишчу
458 (!!!) часади мухочир дар 6 мох ин тахминан 5 часад дар хар ду руз. Чи фочиае аз ин беш? Давлатхои сохибиззат аз хар як шахрванди хеш дифоъ мекунанд. Охир чи кадар ин нишондиханда зиед шавад, ки сардорони мо ба изтироб дароянд? Худованд дар ин мохи ачру савоб хамаи онхоро магфират намояд ва ба сарварони мо инсофу хисси шахрвандпарвари ато фамояд.

рахмат чаноби вазир хивзи тартиботи чамъияти ва тинчии мардуми шарифи точикистон аз хама чиз мукаддастар мебошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)