Бахшҳо

Раиси Маркази исломшиносӣ: "Имом-хатибон барои корҳои динияшон маош намегиранд"

Муродулло Давлатов, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон, мегӯяд, таъини моҳона барои имом-хатибон барои иҷрои вазифаҳои сирф динӣ-ибодатияшон нест.

Ӯ, ки шоми 18-уми июл дар ин бора зимни суханронии худ дар яке аз барномаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт: “Ман ҳамин хел бардошт кардам, барои имом-хатибон маҳз ба хотири иҷрои вазифаҳои диниашон маош таъин накардаанд. Онҳо барои ин вазифашон бояд аз Худо подош гиранд, ин маош маҳз барои иҷрои вазифаҳои иҷтимоиашон мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи чоруми июл ҳангоми мулоқоташ бо имом-хатибон ва аҳли ҷомеаи кишвар гуфт, бояд Кумитаи дин то соли нави 2014 имомхатибонро бо либоси ягона ва маош таъмин кунад. Ин изҳороти раисиҷумҳур бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд ва бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтанд, агар имом-хатибон аз буҷаи давлат маош бигиранд, пас, ҷомеаи шаҳрвандӣ низ набояд аз ин ҳақ бенасиб монад.


Муродулло Давлатов дар суҳбати худ дар шабакаи аввали Тоҷикистон ба мавзӯи исломи сиёсӣ, масъулияти волидон ва амалҳои интиҳорӣ ҳам дахл карда, аз ҷумла гуфт, бояд манофеи миллию давлатӣ аз ҳар гуна манфиате муқаддам бошад. Вай ҳатто ин нуктаро зикр кард, ки ба гӯши тифлони тоҷик дар баробари хондани калимаи шаҳодат бояд калимаи миллат низ садо дода шавад.
Мӯҳр
МУРОДУЛЛО ДАВЛАТОВ ТУ ОШКОРО ГАП ЗАН, КИ ВАЗИФААШОНРО БЕ ПУЛ АДО КУНАНД.ВА ИН МАОШ БАРОИ ХАБАРКАШИАШОН ВА ТАЪРИФУ ТАВСИФАШОН ДАР ХАКИ ПРЕЗИДЕНТ ВА БАРОИ БАРОМАД КАРДАНАШОН БАР ЗИДДИ ХНИТ.

Мухтарам раис, аввал ин ки дар гуши тифл азону комат гуфта мешавад, ба хотири он ки у фарзанди мусалмон аст, дигараш ин ки ислом миллат надорад бинобар ин дар гуши тифл калимаи миллат гуфтан дар ислом нест.. Балки ислом мегуяд, ки ватандори ва хифзи у аз имондорист.

Ранг бину хол пурс. Ба фикрам Муродулло Давлатов тавлакзани Давлатманд Холов будаст чи.????

Ахмад
Хо барои онки чизе хукумат мегуяд бе чуну чаро ичро мекунанд барои хамин хизматошон маош чидошон мекнан

рахмат рахматов
[b]Rust
[b]Rustam Rustamov[/b],
жони гапа зади рустам рустамов

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)