Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:30

Қоҳир Расулзода гуфт, номзадияшро дар интихобот намегузорад

19 июл 2013, 11:59

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, имкони иштирокаш дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистонро, ки қарор аст моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор гардад, рад кард. Ӯ гуфт, ҳоло дар ин бора фикр накардааст ва намедонад, то куҷо ҳукумат ва мардум аз кори ӯ розиянд.

Оқои Расулзода, ки рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд суҳбат мекард, афзуд, “мо пеш аз ҳама бояд он вазифае, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ва мардум бароямон гузошта шудааст, иҷро кунем. Намедонам, аз кори ман мардум ва ҳукумати ҷумҳур розӣ ҳастанд ё не. Аз ин рӯ, бояд камбудҳоямонро ислоҳ кунем.”

Раиси вилояти Суғд афзуд, талошаш бештар рӯи ин аст, ки сазовори мақоми худ бошад ва корашро ба ҳайси раҳбари вилоят беҳтар анҷом диҳад. “Боз мегӯям, ман дар ин бора боре ҳам фикр накардаам ва намекунам”,-таъкид кард ӯ.

Қоҳир Расулзода соли 2006 иҷрокунанда ва соли 2007 раҳбари вилояти Суғд, минтақаи шимоли Тоҷикистон, таъин гардида, дар ин мақом Қосим Қосимовро иваз кард, ки ҳоло вазири кишоварзист. Оқои Расулзода ҳамзамон муовини аввали раиси Маҷлиси Миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон мебошад.
Аз моҳи январи соли 2000 то моҳи декабри соли 2006 вазири обу обёрии Тоҷикистон буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Расулзода Президент!!!!!! ВУАХАХАХАХАХАХА Коил кардед-ку!!!!!!
Посух додан
  • Кохир

  • 19 июл 2013 16:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акай Хамном Сахт тарсиди ай и савол лишни гап зани пайтовахота ай осмон меёви!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Лични гап мезани бо тачовузи духтари 11 сола тухматат мекунанд хозир паставаи нав ёд гирифтаанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба кадри дилсузии Раиси вилоят ва камтаринии у мехрубонихояш нисбати мардуми ниёзманд бояд расид. Хамаро бад кардан кори сахл аст.
Аммо нодида гирифтан, носипоси кардан гунохи азим аст У марди шариф ва
агар дар кисматаш навишта шуда бошад сару садо лозим нест
У мекушад ки мардум хама вакт дар хар маврид аз у рози бошанд ва аз умри зудгузар вокиф аст ва пайваста барои анчом додани кори хайр барнома дорад
Хар чиро аз дур мебини сиёхи мекунад
Саъйи биниш гар кариб афтод калаф дар мох нест

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!