Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:55

Маоши кормандони ҳифзи ҳуқуқ 4 маротиба афзоиш меёбад, нафақапулӣ низ боло меравад

20 июл 2011, 07:57

Сергей Булавин, муовини вазири умури дохилаи Русия гуфтааст, тибқи қонун «Дар бораи кафолати иҷтимоӣ», ки ахиран райисҷумҳур Дмитрий Медведев зери он имзо гузошт, маоши кормандони пулис ва нафақа боло бурда мешавад.


Барои мисол пулис бо рутбаи лейтинант бояд на камтар аз 33 ҳазор рубл моҳона бигирад.Ба қавли Булавин, афзоиши ҳақмузди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи аз 40 ба 8-то  ихтисор шудани пардохтҳои иловагӣ имконпазир шудааст. Ба ҷуз ин яке аз паҳлӯҳои асосии қонун ҳалли масоили вобаста ба манзил аст, гуфтааст муовини вазир. Шурӯъ аз 1 январи соли 2012 ҷиҳати дарёфти манзили зист барои кормандоне, ки дар мақомоти умури дохилӣ 10 сол ва аз ин бештар фаъолият кардаанд, кӯмаки махсус расонида мешавад.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!