Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:30

Додгоҳ “Имрӯз Нюс”-ро 1 ва Воҳидоваро 30 ҳазор сомонӣ ҷарима кард

19 июл 2013, 12:17

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик ва рӯзномаи ҳаррӯзаи Тоҷикистон “Имрӯз Нюс”-ро дар паст задани шаъну шарафи ширкати “Тоҷирон” гунаҳкор дониста, қарор кардааст, Воҳидова ба ин ширкат 30 ҳазор ва “ИмрӯзNews” 1 сомонӣ ҷуброн супоранд.

Назири Нусрат, сармуҳаррири “Имрӯз Нюс” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, додгоҳ имрӯз, 19-уми июл, матлаби "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон"-ро “пастзананда ва бадномкунанда” хонда, инчунин рӯзнома ва Файзиниссо Воҳидоваро вазифадор кардааст, ки раддия нашр кунанд.

Қаблан ширкати “Тоҷирон” аз болои Файзиннисо Воҳидова ва “Имрӯз News”, ба Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурда, аз Воҳидова 50 ҳазор сомонӣ ва аз нашрия 1 сомонӣ ҷуброн талаб карда буд. Эътирози ширкати “Тоҷирон” аз нашри матлабе бо номи "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон" (Имрӯз Нюс) аст, ки аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ҶДММ "Тоҷирон" ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл мекунад.

Дар ҳамин ҳол Назири Нусрат мегӯяд, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва ба Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти касатсионӣ хоҳанд бурд.

Воҳидова низ қаблан дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “дар матлабе, ки боиси даъвои “Тоҷирон” шудааст, оид ба фаъолияти иқтисодии ширкат умуман сухан намеравад. Гап он ҷо дар бораи ронандае меравад, ки воситаи нақлиёташ ба ширкати “Тоҷирон” тааллуқ дорад ва ин ронанда даст ба тамаъҷӯӣ задааст. Ин ҷо бояд тафтишот гузаронда мешуд ва гунаҳкор муайян мегардид. Аммо “Тоҷирон” даъво дорад, ки матлаб шаъну шарафашро паст задааст, дар ҳоле ки дар он оид ба фаъолияти ширкат сухан намеравад. Чунин даъвоҳоро бояд додгоҳҳои умумӣ баррасӣ кунанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Илхом

  • 19 июл 2013 17:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Деввонабози як газетаи пуркудрата ки аз арши аъло идора мешава як сомони иштараф куни холаи файзинисора 30 хазор сомони, баракс кунед. !!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
1сомни?! ё ин ки хатои граматики шудааст? Шояд 1 хазор сомони бошад.
Посух додан
  • Dfj

  • 21 июл 2013 12:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Xato shidagi nest. Ay yagon huquqshinos pursen nagz kada mefahmonaton. In 1 somon chi ma'ne dorad.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!