Бахшҳо
19 июл 2013 15:08Тоҷикистон / Сиёсат

Тӯраҷонзода: “Дар назди хонаи ман дурбинҳои назоратӣ насб кардаанд”

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, сиёсатмадор ва рӯҳонии саршиноси тоҷик, мегӯяд, мақомот дар назди манзили ӯ “камера” ё дурбинҳои назоратӣ насб кардаанд, то бубинанд, ба назди ӯ кӣ меояду кӣ меравад. Оқои Тӯраҷонзода рӯзи 19-уми июл ба “Озодагон” гуфт, гузашта аз ин, маъмурони амниятӣ дар намози шом ва таровеҳ низ онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд.

“Баъзе аз бародарон мегӯянд, эҳтиёт бошем. Аммо мо ҷинояткор нестем, ҳеч амали ғайриқонунӣ ҳам содир намекунем. Масҷид ҷойи фаъолияти сиёсӣ ҳам нест. Мо танҳо ибодати худро ба ҷо меорем ва ҳеч ҷойи тарс ҳам аз ин кори худ надорем”,-афзуд ӯ.

Масҷиди “Муҳаммадия”, ки мансуб ба хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, рӯҳониёни шинохтаи кишвар аст, дигар масҷиди ҷомеъ нест. Вале дар он ҷо намози панҷвақта ва дар моҳи мубораки Рамазон намози таровеҳ гузошта мешавад. Ин масҷид дар пайи баҳси Шӯрои уламою Кумитаи дин бо бародарон Тӯраҷонзодаҳо мақоми ҷомеъро аз даст дод.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода гуфт, таҳти назорати мақомоти амниятӣ қарор гирифтан барояш хабари нав ё сирри махфӣ нест ва ин амали мақомотро дигар ҳамчун фишори равонӣ ҳам қабул намекунанд. Вале, ба қавли ӯ, “барои анҷоми ҳамин корҳо аз буҷаи давлат маблағ ҷудо мешавад. Мақомоти амниятӣ ҳам бо пешниҳоди тамоми аснод талаб мекунанд, ки дар соли оянда боз зиёдтар маблағ ҷудо карда шавад.”

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, эҳтимол ин табодир ба интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рабт дошта бошад, ки қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор гардад. Аммо оқои Тӯраҷонзода пештар гуфта буд, ки дар ин интихобот ба ҳайси номзад иштирок намекунад, вале аз ҳар номзаде, ки нерӯҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муносиб медонанд, ҷонибдорӣ хоҳад кард.
Мӯҳр
чабрдидаи солхои 90
собик козии мухтарам фаромуш накунед, ки моргазида аз банди ало метарсад. агар шумо аз осмон ситора биёренд хам шумо хамон козикалон хастен.

Хайрандеш
Иншоаллох нигахбони Шумо Худованди Карим аст, Эшони Хочидомулло. Худоё аз шарри шайтони лаъин ин хонаводаи хидматгузори Исломро дар панохи исматат нигах дор. Омин ё раббил ъоламин.

Москва
Ба макомоти амнияти!Хамон камерахои назоратиро шумо ба чойхои райъдихи барои интихоботи президeнти насб мекардед,ончунон хизмате барои миллати ТОЧИК мебуд,ки ...

шахрванд
ин хукумати мора чокада боша инкадар хавф аз ин хазрато доран чандкае шумо инсу зур кунед худо бозхам обуруи ин хазратора зиед мекунад

чаноби Турачонзода агар мулокоти президент бо ахли уламоро тамошо мекарданд мумкин аз шарм чандин вакти дигар бо расонахо сухбат намекарданд чунки дар ончо боз як сири хоинии чанобашон фош шуд на аз забони макомот балки дусти пешинааш

Саломуналайкум пеши шумо чаноб гайр аз рахсипорони рохи хак ки меравад .наход то хол шумо ва пайравонатро нашинохта бошанд .ачабо.

Сироч
Бо кариб шудани интихобот ин фишорхо ва тахдидхо зиёдтар мешаванд.

Толибилм
Худованд Хочи Акбари Турачонзодаро хамеша дар панохи рахматаш нигох дорад.Дар хакикат хазрат фарзанди баору номуси маллати точик хаст ва хамеша хакро мегуяд. Бо ин марди ростгую адолатпарвар миллати точик бо яд фахр кунад.

беном
Ачабо бисёрихо хамин кадар таъриф карданд, ки гуё касе нест мисли онхо ки барои миллат ва Ислом ин кадар хизмат карда бошад. Бародарони мехрубон як маротиб шумо аз чаноби Хочиакбар пурсон шудаед, ки читур дар замони Шурави вакте ки муллохо зери таъкиб карор доштанд тавонист ки рафта дар Урдун таълими илм кунад? Аз бобои мулло (чихеле ки муридонаш номаш мебаран) хохиш бас аст дигар хамин дасисакорихоятон аз барои Худо партоед ин корхоятона.

беном
Аввало салому алекум ба шахси масъули сайти Озодагон. Баъдан мехостам аз шумо пурсон шавам ки чаро комменти маро чоп накардед. Хохиш менамоям озод бошед. Мухтавои навиштаи ман ин буд, ки чаноби Туранчонзода мегуяд, ки гуё уро доимо таъкиб мекунанд. Ман хайрон аз онам, ки чаро у то хол суол намекунад, ки чаро у то хол дар озоди мегарда. Ба у гуфтаниям ки бобои "муло" хохиш ман ва натанхо ман хохиши аксари мардум ин аст ки дигар мардуми бечораи бесаводро мисли солхои 90 фирефтаи гапхои худ накунед. Баъдан оё онхое, ки дар ин чо бобои "мулояшон"- ро он кадар таъриф кардан, ки мегуи багайри у касе ба ин миллат хизмат накардааст он кадр ки ин бобояшон карда бошад. Мухлисхои бобои "эшон" оё шумо боре ба у суол додаед, ки бобо чаро замони шурави шумо дар Урдун таълим гирифтеду мавриди таъкибу фишор карор нагирифтед? Ё чаро шумо замоне овоз мебароред, ки Россия чизе аз Точикистон мехохаду мо ба он рози намешавем ва гайра саволхо як бор пурсон шавед аз бобои "эшон" кани чи чавоб мегуяд. Бовар дорам хукми шуморо яъне касе суол мекунад коир мебарораду мегуяд бояд сангсоратон кунем

Хушо ба холи Шумо. Доимо кормандони давлатиро ба хар бахона ба худ иртибот мегамоед. Мехохед доимо рекдама шавед. Аммо наход як марди рухони инкадар худписанд ва худнишондех бошад. Кормандони амният кор надоранд, ки як марди калонсолро назорат карда гарданд. Интихобот ба Шумо чи иртибот дорад. Мо ку давлати исломи нестем. Аз барои Худо ва расули у ин таърифу рекламакунирло бас кунеду аз пайи намозу руза шавед.

Хазрат хар чи ки бошад аз ин манкуртхо хазар бояд кард. Дида истодаем ки чи хел ин нокасхо гунохи набудагия ба шахсони ахли илму маърифат бор мекунанд. Худо нигахбонатон бошад.

Малик
Бовар кардани ин суханон хандаовар аст, зеро чаноби козикалон ба андешаи худашон максади ба сиёсат пайвастанро надоранд, боз шарм налошта мегуянд, ки дар назди хонаи намедонам камера ё чизи дигар насб кардаанд, шумо аввал бигуед, ки аз насб кардани камера чи хосил мешавад, чунки шумо акнун як нафар рухони хастеду халос ва мегуед, ки харгиз ба сиёсат олуда шудан намехохам бо ин суханон чи гуфтан мехохед? Ё боз мехохед, ки майдон ташкил кунед!!!! Ба хар хол мардум дигар аз найрангхои шумо безор шудааст!!!!!!

Балогардон
Магар макомот кори худро як тараф монда ба хонаи камера насб мекунад??? Хандаовар ин суханон ифодагари он аст, ки шумо боз мехохед, ки хукуматро дар назди мардум сиёх кунед!!!! Шумо муридони зиёд доред, метавонед ба натичае ноил шавед!!! Лекин баъзансуханоне мегуед, ки ба шумо барин як рухонии шинохта намезебад!!!!!

benom
sabab dar chist commenthoi maro chop nakardi ozodagon

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)