Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:10

“Ягон наҷотдиҳандаи тоҷик ҳангоми кор нафавтидааст”

19 июл 2013, 15:20

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯянд, мо дар шаҳру ноҳияҳо дастаҳои зудамали наҷотдиҳӣ надорем, ки зуд ба ҷои воқеа рафта ба зарардидагон ёрӣ расонад.

Генерал-майор Абдусаттор Хушвахтов, муовини аввали раиси ин ниҳод, ки рӯзи 19-уми июл дар нишасти матботии Кумита суҳбат мекард афзуд, дастаҳои зудамали мо дар маркази шаҳри Душанбе ва дар маркази вилоятҳо аст: “Дар шаҳру ноҳияҳо як нафар корманди ситоди ҳолатҳои фавқулода фаъолият мекунад. Яъне, ки раиси мақомоти ҳокимияти иҷроия, ин раиси комисияи ҳолатҳои фавқулодда аст. Онҳо якчанд сохторҳо доранд, ки яке аз ин сохторҳо ситоди ҳолатҳои фавқулодда аст. Дар маҳалҳо ҳар як супориш тибқи дастури раиси ситод амалӣ карда мешавад.”

Оқои Хушвахтов дар посух ба саволи “Озодагон” гуфт на дар ин нимсола ва на соли гузашта ягон наҷотдиҳанда ҳангоми адои вазифааш нафавтидааст. “Вазифаи наҷодиҳанда ин аст, ки бояд пеш аз ҳама худашро наҷот диҳад. Наҷодиҳандае, ки худашро наҷот намедиҳад, дигаронро наҷот дода наметавонад.”-афзуд, Абдусаттор Хушвахтов.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон наҷотдиҳандагони Кумита дар 166 амалиётҳои кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ иштирок намуда, 17 нафарро наҷот доданд ва 17 ҷасадро дар натиҷаи бартараф кардани оқибатҳои тарма ва сангрезӣ, гузаронидани корҳои рӯиобию зериобӣ дарёфт кардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!