Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:22

Собиқ бозигари “Помир” ба ҷои Шодиев сармураббӣ таъин шуд

19 июл 2013, 16:06

Абдуғаффор Юлдошев, собиқ бозигари дастаи овозадори “Помир”-и Душанбе сармураббии дастаи футболи ССКА “Помир”-и Душанбе таъин гардид.

Абдуғаффор Юлдошев аз соли 1988 дар дастаи “Помир” ба ҳайси мураббӣ-селексионер кор кардааст ва як муддат мураббии тими миллии кишвар низ интихоб гардида буд.

Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон навиштааст, Иштван Секечии 73-сола, ки дар дастаҳои “Помир”-и Душанбе (1973-1978), ва баъдан дар бошгоҳҳои футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода (2003-2005) ва ССКА “Помир”-и Душанбе (2006) ба ҳайси сармураббӣ фаъолият кардааст, мураббии мушовири бошгоҳи футболи ССКА “Помир” таъин шудааст.

Раҳбарияти бошгоҳи футболи ССКА “Помир” рӯзи душанбе, 22-юми июл бо Абдуғаффор Юлдошев ва Иштван Секечи шартномаи қарордодӣ ба имзо мерасонад.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии ин даста нимаи моҳи майи соли равон бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо дода буд. Бошгоҳи футболи ССКА “Помир” аз хидмати Зоир Бобоев ба ҳайси мураббии мушовир низ даст кашида буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!