Бахшҳо

Миёни хамидаи футболи Тоҷикистон кай рост мешавад?

Бо суқути Шӯравӣ футболи Тоҷикистон ҳам суқут кард. Тими «Помир»-и замоне номӣ пароканда шуд, бозигарони беҳтарин аз Ватан рафтанд. Тими миллӣ ба ном мавҷуд буд. Дар 20 соли истиқлолият дастоварди назаррасе надошту надорад. Дар сабқатҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳамеша ноком аст. Аз ин рӯ мавриди интиқоди шадиди мутахассисон ва мухлисон қарор мегирад.

Раҳбарияти тими миллӣ барои он танқид мешуд, ки барои рушди футбол натавониста коре анҷом бидиҳад.

Ахиран, собиқадорони футболи кишвар дар ҳоли баргаштан ҳастанд. Боз ҷузъе аз футболи Тоҷикистон мешаванд. Шояд акнун қомати хамгаштаи футбол ба оҳистагӣ баланд мешавад?

Зимнан, Фаридун Солиев, як корманди Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар мавриди баргашти собиқадорони футболи кишвар ба Ватан навишта, суол кардааст, ки боз навбати кист? Ӯ аз Муҳсин Муҳамадиев, ки дар курсии сармураббии тими миллии Тоҷикистон нишаст, Олег Ширинбеков, ки сармураббии клуби «Истиқлол» таъин шуд, Асан Мустафаев, ки тренер оид ба омодагии ҷисмонии мунтахаби миллӣ гардид, Абдуғаффор Юлдошев, ки курсии сармураббии ССКА «Помир»-и Душанберо дар ихтиёраш гузоштанд ва Иштван Йожефович Секеч, ки тренер-мушовири ҳамин клуб шуд, мисол овардааст.

Мухлисони футбол ҳам бетараф намонда ва даҳҳо номи дигар, аз қабили Ҳаким Фузайлов, Рустам Забиров, Вазген Манасян, Рашид Раҳимовро навиштаанд. Воқеан, ин нафарон замоне футболи тоҷикро муаррифӣ мекарданд ва дубора омадани онҳо бешак дар рушди футбол кӯмак хоҳад кард.

Дар ҳоле, ки собиқадорони футбол ба Тоҷикистон бармегарданд, бозигарони ҷавон кишварро ба қасди ҳунарнамоӣ дар клубҳои хориҷӣ тарк мекунанд. Ҳамин ахиран, аз муваффақиятҳои Даврон Эргашев, бозигари клуби «Жетису»-и Қазоқистон ва Фарҳод Восиев, ки дар клуби «Газовик»-и Оренбург бозӣ мекунад, расонаҳо навиштанд. Бо эҳтимоли зиёд, Соҳиб Саванқулов ба ҳайати клуби «АЗАЛ»-и Озорбойҷон мепайвандад.

Даъвати футболбозони тоҷик ба хориҷа барои футболи тоҷик манфиат дорад. Ин бозигарон, ки шомили тими миллии кишваранд, таҷрибаҳои андухтаашон дар клубҳои берунаро ҳатман мавриди истифода қарор хоҳанд дод.

Дар рейтинги ФИФА, Федератсияи байналмилалии футбол ҳам ахиран тими миллии мо шаш зина пеш рафт. Ҳоло яккачини Тоҷикистон 314 имтиёз дорад ва мақоми 106-умро муаррифӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар ду моҳи пеш бо 312 имтиёз дар зинаи 112-ум менишаст.

Умед мебандем, дар наздиктарин фурсат тими миллии Тоҷикистон ба қавитарин мунтахаб дар Осиёи Миёна табдил мешавад. Шумо чӣ мегӯед?
Мӯҳр
Изхор
вактк, ки иктисодиёт боло рава, футболисто сер шаван. кувати давидана кунанд баъд миёни хами футбол рост мешава

Агар танкиди халк намешуд тими милли хело пеш мерафт
соле кабл призденти фудболи точикистонро танкид карда буданд ки "Рустами Эмомали аз кадом хисоб сармурабии тими миллиро ки хоричи буд 5000$ медихад"холо он ки бади рохбари Рустами Эмомали хело пешрафтхо дар футболи точик дида мешавад .мисоли оддияш аз мустаким нишон додани футболхо аз тарики ТВ хои давлат бо бахши мустаким.пешрафт хаст агар мо сади рохаш нашавем

Кулоби
Иншоалло бовари аст. Аз ноумедихо басо умед аст

Чило
салом

Салом бародарони арчманд, мухлисони ашадии футболи точик. Ман гумон мекунам, ки танкиди футболбозони точик аз тарафи мухлисон чоиз аст. Зеро ки бехтарин дуст барои одамизод танкид ва бадтарин душман тариф аст. Агар футболбозон кушишщ кунанд, албатта голиб мешаванд. вале дар хама маврид мо мухлисон бо шумоем ва барои рост шудани миёни хамидаи футболи точик хиссаи худро мегузорем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)