Бахшҳо

Таънаи раиси Шаҳритус аз нафаре, ки планшет харидан нахост

Ҷумъахон Сафаров, раиси ноҳияи Шаҳритус, дар нишасти хабарии хеш иттилоъро дар хусуси аз ҳисоби ташкилоту идораҳо харидорӣ шудани планшет барои тақдими онҳо аз номи президент ба кӯдакони ятиму бепарастор рад накарда, нафарони эътирозгарро таъна ҳам зад.

“Ҳозир ҳама чизро менависанд дар интернет. Ман фаросат дорам, ақл дорам, бесавод нестам. Ман гуфтам, ки сафари ҷаноби олӣ мешавад ва пурсидам, кӣ чӣ хел имконият дорад. Супориш буд, ки барои 49 нафар бояд планшет барем. Ин ихтиёрӣ буд. Вале ин кори ташкилоти ғайридавлатист. Аммо дуто планшети ОБСЕ ва “Ҳамдилон”-ро гардонида додем баъди баромадани ин гап. Онҳо сахт хафа шуданд ва гуфтанд, ки ин хайри мо аст. Баъзе ташкилоте ҳастанд, ки дар ягон кори ободонӣ ҳам иштирок намекунанд ва ҳам касро ганда мекунанд. Ин гуна корҳоро аз аввал бо дастгирии соҳибкорон ҳал мекарданд. Дар буҷети маҳаллӣ ин гуна маблағ нест. Пулаш қариб 8 ҳазор доллар мешуд”,-гуфт раиси ноҳияи Шаҳритус.

Ёдовар мешавем, чанд рӯз қабл аз сафари кории президент Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон як корманди созмони ғайриҳукуматии мустақар дар ин ноҳия ба Озодагон гуфт, онҳоро барои харидории планшет маҷбур карда истодаанд. Ба қавли ин нафар, ки нахост номаш ифшо шавад, Ҷумъахон Сафаров, раиси ноҳияи Шаҳритус, ӯ ва дигар намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бонкҳо ва тоҷиронро ҷамъ карда, дар ин бора суҳбат кардааст.

“Раис ҳамаро вазифадор кард, ки яктогӣ планшет бихаранд. Ин планшетҳоро президент ҳангоми сафараш ба ятимони шаҳри Қӯрғонтеппа тақдим мекардааст”,-афзуд ин нафар. Ба гуфтаи ӯ, аз онҳо барои харидории ин планшетҳо тақрибан дусаддолларӣ талаб кардаанд. “Аз мо хостанд, ки ҳар кадомамон то якуми июл 850 сомонӣ бипардозем. Имрӯз ҳам занг зада ва ёдрас карданд, ки вақт наздик омадааст”,-илова кард ӯ. Ин корманди яке аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ мегӯяд, раиси ноҳияи Шаҳритус дар суҳбат ба онҳо гуфтааст, “ин фармон аз болост”. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, “ман ҳамагӣ 500 сомонӣ маош дорам. Аз куҷо бояд дар чаҳор рӯз 200 доллар пайдо намоям?”
Мӯҳр
озод
Харч агар аз киссаи мардум бувад , Хотами Той шудан осон бувад..........

ЗАФАР КУРБОНОВ
"Супориш буд, ки барои 49 нафар бояд планшет барем. Ин ихтиёрӣ буд".-ЯЪНЕ ЧИ ХЕЛ? ЧУПОРИИ ИХТИЕРИ МИ? Е ДОБРОВОЛЬНО ПРИНУДИЕЛЬНЫЙ ИН ХЕЛ БЕХТАР МЕФАХМАНД МАРДУМозод,
озод,

Чахон
Охир ин чи гап аст! Ин як шармандаги асту халос! Ин коргари бечора 500 сом маош мегирад дар хона зану кудак дорад аз кучо 850 сомони планшет харад?! Бовар кунед ин дар хакикат хам шармандагист инро хоричиён фахманд чи мегуфта бошанд!!!??? Охир раиси нохия як мошини худаш ё занаш ё бачаша фурушад тамом масала хал мешавад вай барои фоида ё обруи худ ахолиро мачбур мекунад карз гиранд ё як ду суми барои рузи мабодо захира кардаи худро планшет харанд! Зиндаги мардум бехамон планшет хам вазнин аст боз шумо раисони нохия вазнинтар мекунед! Дар холати коргар имкони харидани планшетро надорад раис ё аз кор озод мекунад ё дар руйхати сиёх чой медихад!? ин раисо шиками худашон сер кисаашон пур аз пул чи парвои дигарон доранд. Лекин вакте ки ягон чорабини шуд бар гардани ахоли ё коргарон бор мекунанд! Ин дар мо ба таври анъана шудаги!!! Дар хотир дошта бошед аксияи Рогунро чи кор карданд! Фармони Президент буд ки аксияи Рогун харидори шавад! Лекин ин раисони нохия чи кор карданд бо таври мачбури акси фурухтанд! Ятимон нафакахуронро мачбур карданд ки аксия харанд! О ятими бечора 80 ё 100 сом нафака мегирад онро хам барои аксия гирифтанд! Аксия барои одаме ки имконият дорад! Вакте фарзандон гушна бошад чигуна метавон аксия харид ё инки планшет!!!???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)