Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

Истифода аз номи модари Додоҷони Атовулло дар Фейсбук

20 июл 2013, 10:11

Як ҳафта инҷониб дар шабакаи Фейсбук нафаре бо номи модари Додоҷони Атовулло, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, саҳифа боз карда, ба аксарият пешниҳоди дӯстӣ додааст. То кунун беш аз сад нафар ҳам ин дӯстиро пазируфтаанд, дар ҳоле ки гуфта мешавад ин саҳифаи дурӯғин асту бо модари Атовулло ҳеч рабте надорад.

Ин саҳифа рӯзи 18-уми июл бо номи Мутаяба Алиева боз шуда, дар он соли таваллуд ва акси ӯ гузошта шуда буд. Вале баъдан дар пайи танқидҳои корбарони Фейбсук акси модари Додоҷони Атовулло аз ин саҳифа ғайб зада, ба ҷояш акси худи раҳбари “Ватандор” ҷойгузин шуд.

Дар пости нахустини ин саҳифа ҳам гуфта мешавад, ки гӯиё модар аз ғами фарзандаш рӯ ба Интернет овардааст. Модари Додоҷони Атовулло 83 сол дошта, дар яке аз рустоҳои Панҷакент ба сар мебарад. Тайи ду моҳи охир мақомоти Панҷакент бо дастгоҳи наворбардорӣ ба назди ӯ рафта, хостаанд, то ӯ расман бигӯяд, ки мехоҳад фарзандаш ба Ватан бозгардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар интернет аллакай аз номи Зойиров Вохидова низ сахифа боз кардаанд
Посух додан
  • Dev

  • 20 июл 2013 10:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Tarafdori Atoullo nestam vale in kadami makomoti Panjakent yak beaklii navbatii onhost !Ba joi on ki baroi nohiya kore sudmand kunand onho ba lagandbardori mashgul.Az omadanu naomadani Atoullo ba shumo na zarar astu na sud va yagon modar niz didavu donista bachai hudro ba komi otash namepartoyad !
Посух додан
  • Баходур

  • 20 июл 2013 11:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд ин марди хакгую ,адолатпарварро хамеша дар панохаш нигох дорад ва хеч вакт хори ин дунёву охират накунадаш. Хамеша сарбаланду поёнда бошед Додочони Атовулло. Замоне мешавад,ки хама ба гуфтахои ин рузноманигори росткавлу адолатпеша ва муборизи рохи хак, сари таъзим фуру меоранд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рузноманигорони боэхтиром!Вакте ки шумо маколахо менависед,илтимос сабку услуби хосаи оддии точикиро риоя кунед.Доимо ман бо чунин навиштахои шумо дучор мешавам:"Устод дар фалон чо ба сар мебарад,фалони дар он макон ба сар мебарад,оилаи онхо дар фалон чо ба сар мебарад,ин узбактаборон дар фалон макон ба сар мебаранд".Ин истилоххо нихоят хатову нобоб навишта мешаванд.Ман сохтмончи мебошам.Аникаш бетонкор,мухочири кори.Лекин навиштахои баъзеи шуморо мехонам,хело хайрон мешавам.Солхое,ки мо дар мактаби миёна мехондем,омузгорони мо чунин маънидод мекарданд;"Шоир Мирзо Турсунзода,дар водии Хисор таваллуд шуда,баъдтар дар шахри Душанбе умр ба сар мебурд".Ё ин ки;" Маршали Иттифоки Совети Г К Жуков,солхои чанг,дар штабхову окопхои чанги умр ба сар мебурд".Мисоли дируза:Шоир Бозор Собир,ки кариб 20-сол дар Амрико,хаёт ба сар мебурд.ба точикистон баргашт.Ин ибораи хоми "ба сар мебурд",аз кадом журналисти хому хатала пайдо шудааст?
Посух додан
  • Собир чон Айни

  • 21 июл 2013 22:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба бародар баходур гуфтаниям, ки агар боз пайрави чунин шахсони игвогар шавед воекахои солхои 90-умро аз сар такрор хохем кард!!! Магар тахкир як нафар хак гуфтан аст!! Аз ин намуди баромад кардан як одами чохил шарм медорад. Ин Додочони кахрамони шумо чунон бо хусумат хар ф мезанад, ки гуё касе кормандони хукумат уро лату куб карда бошад!!! Агар тахкири як нафар хакгуи бошад аз иродаатон боз нагрдед Баходур шояд рузе мешавад, ки шумо низ дар пахлуи Додочон истода гапи хакро мегуед!!! Ба хар хол дониста бошед миллат ба чунин нафарони росткавл ва хакгу низ надорад!!! Хохиш дорам чоп кунед

Маълум мешавад, ки найранги навбати атовулло ва пайравони уст!!! Хамон чизе, ки шумо дар назар доред, бо бовари бояд гуфт, ки кори худи хамон хост! ин корро мекунанду вохима мекунанд!!!! Хамаш сафсата чизи дигаре нест!!!
Посух додан
  • Бумеранг

  • 22 июл 2013 18:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вакте додочон аз номи модар ва оилаи президент мегуфт ягон кас нагуфт, ки ин корро кардан мумкин нест. Имруз, ки ин чиз домангири худи уст хама мегуянд, ки ин корро кардан мумкин нест.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!