Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:57

Сафари Раҳмон ба Ҳисору Шаҳринав ва ифтитоҳи корхонаи коркарди нафт

20 июл 2013, 10:19

Дар ноҳияи Шаҳринав корхонаи нави коркарди нафт “Капитал” ба кор андохта шуд.

Ин корхона, ки 20-уми июл бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, бо технологияи классикии коркарди нафт аз Русия дар якҷоягӣ бо соҳибкорони хусусии ин кишвар бар ивази 70 миллион сомонӣ дар масоҳати 10 гектар замин бунёд ёфтааст.

Иқтидори кунунии корхонаи мазкур дар як сол 100 ҳазор тонна нафти хом буда, ки аз он ду намуд сӯзишвории дизелӣ (тобистона ва зимистона), бензини навъи АИ 80 ва мазут истеҳсол карда мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии кишвар, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми июли соли ҷорӣ дар доираи як сафари расмӣ ба ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав сафар карда, дар маросими ифтитоҳияи корхонаи коркарди нафти “Капитал” иштирок кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • дарвеш

  • 20 июл 2013 10:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
акалан бензини нави АИ-92 истехсол мекарданд хуб мешуд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ДАРВЕШ БАРОДАР БЕНЗИНИ АИ 92 НЕ БАЛКИ МАЗУТ ИСТЕХСОЛ МЕКАРД ХУБ МЕШУД.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бунеди чунин коргоххо хуб аст, аммо якин аст, ки агар каме фаъолияташ хуб шавад аз дасташ зада мегиранд. Маълум аст, ки онхо кихоянд.
Посух додан
  • Бахтиер

  • 21 июл 2013 12:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
зато сангу кум ай худмонай
Посух додан
  • Собирчон Айни

  • 21 июл 2013 21:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Харчики истехсол шавад албатта ба нафъи халк аст!! Пас аз ба истифода доддан шояд нархи газ арзонтар мешавад ва каме хам бошад ба мардум сабуки меорад!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!