Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:50

Ҳалокати ду хитойӣ бар асари як садамаи нақлиётӣ дар Бадахшон

20 июл 2011, 08:36

Дар вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ду шаҳрванди ҷумҳурии мардумии Чин ба ҳалокат расиданд.


Дар ин бора ба «Озодагон» аз раёсати БДА-и ВЕД Тоҷикистон иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, шоми дирӯз дар ноҳияи Шуғнони сарнишини автомашинаи тамғаи «ВАЗ 2106» Кабутаршо Султонкаримшоеви 20- сола аснои ҳаракат дар километри 620-уми деҳаи  Тангӣ  ду шаҳрванди хитойиро, ки  яке 53 ва дигараш 30 -сол дошт зер мекунад. Дар натиҷа, пиёдагардон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишотро милисаи ноҳиявӣ идома медиҳад.
Манбаъ афзуд, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 3 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари ин сониҳаҳои нақлиётӣ 3 нафар ҷони худро аз даст дода, як тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!