Бахшҳо

Сайти Тӯраҷонзодаҳо: “Дар интихоби раҳбари худ масъул бошед”

Тӯраҷон нуқта орг, торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, аз рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон сабаби аслии хор будани мусулмонон, ба хусус тоҷиконро дуршавӣ аз Исломи ноб ва беэътиноӣ дар интихоби раҳбари кишвари худ хондааст.

Tорнамои Turajon.org дар посух ба суоли яке аз корбаронаш, “барои чӣ мусулмонон, ба вижа тоҷикон ин қадар саргардону беқадр шуда истодаанд, ки ҳатто дар мошинҳои мусофиркашӣ дар паҳлуи мо наменишинанд? Шояд дар ин мо сабаб бошем ë ин ки тақдирро тадбире ҳаст? Инро чӣ хел фаҳмем?” навиштааст: “Омили аслии ин гирифториҳои аксари мусалмонон, хусусан мардуми мусалмони кишвари мо дар ин аст, ки мо аз исломи ноби Муҳаммадӣ дур мондаем. Мо исломро танҳо дар якчанд фарзҳои шариат маҳсураш кардаем.”

Ин торнамо сабаби дигари беқадршавии мардуми тоҷикро дар надоштани як раҳбари шоиста дониста, аз корбаронаш даъват кардааст, то дар ин маврид бедор бошанд: “Ислом аз мо мехоҳад, ки бояд мо фаъол бошем. Бояд дар интихоби раҳбар ва валии аҳди худ дар идораи кишвар худро масъул донем. Бояд ҳар як мусулмон худро масъули он донад, ки чӣ касеро бояд дар сарпарастии худ ва бародарони худ лоиқ бинад. Инро бедории исломӣ мегуянд.”
Мӯҳр
sir
Кози бехтар тарки ватан кун аз игвоандози ватан тинчу ором аст магар ту чунин ватани осдаву оромро намехохи !!!!! козиро бехтар буд бо Сирочиддин чанд мохаке пушти панчар менишаст баъд ба кадри ватану миилат озоди мерасид. Бас кун игворо бас кун сиёхкорриро магар ту фарзанду надори ту мехохи боз ватан мисли солхои сиёхи гузашта шавад. Пас ту зиндагии оромро нахохи мо мехохем холи втанамонро бу худаш гузоред.

авало салом. ман дар ин бародари сири дар хайрат мемонам дар хакикат кур шудаед ки дунёи равшанро намебинед.ватан тенч бошад дар мусофират бошем чо мекунам хамин ватанро ? 2.мо аз дасти хамин хел рохбарон хор шудаем кадре надорем на дар ватани худ на дар ватани бегона.хукуматдорони мо гайри таъриф куни дигар коре надоран аз сардори давлат сар карда то раиси чамоат ! хочи акбар турачонзода олиме хаст ки шояд дар осиё миёна набошад хам аз чихати дини ва хам дуняви .ту бо ин суханхои пучу бе магз

Мамуд
Асалому алайкум Худованд инхел олимони хакгуйро нигох дорад ва онхел шахсони тангназару Худо бехабаронро хидоят кунад. ОМИН.

Салом ба ахли муминон,аввал ин ки анахамин козии фитнаангез кур шудааст ки намебинад солхои охир мардуми точик чи гуна эмонашон сахт шудааст хама ру ба ислом овардааст.охир мукоисаро ба солхои пештар кунед ки хама майзада ё ин ки дар хар кади куча бочкахои пива буд холо бошад хамон пиванушхо шарм медоранду панох мехуранд ин магар дур шави аз исломаст.охир хами хонаводаи Турачонзодахо сабабгори бастани масочидхо нестанд?ино на нангу номус на шармро медонанд сабабгори чанги шахрванди низ хамино буданд чаро боз худашонро ватандусту олим мешуморад магор муло Абдурахимро нашуниданд ки чигуна сирашонро фош кард агар ба ору номус мешуданд тарки ватану ё тарки минбари динниро мекарданд.боз ба мисли ана хамин олимхояшон тарафдорони тунд фикру худо бехабарон доранд.охир она хамон Эшони Нуридинчон аз кадом хисоб руз мегузаронад ягом касбу коре надорад ва дар чипхои 50 -60 хазор долара мегарда охир худи хамин Эшон аз Расули Акрам (с)бисёр ёдовари мекунад чаро ба гуфтахои Паёмборо худ ба чо намеорад

Дехкон
Устод Хочи Акбари Турачонзода ,хакикатро ба мардум расонидааст. Хочи Акбари Турачонзода,яке аз фарзандони ба ору номуси миллати точик буд,хаст ва мемонад. Худованд Шуморо хамеша дар панохи рахматаш нигох дорад.

NuR
Дуруди Худо бародарон) устод Акбар Турачонзода бехтарин воъиз ва хакгуи кишвар!

ОШНО
Ин мардуми Каротегин, ки аксари 80%-и мухочирони кориро ташкил медиханд, агар таърихан нигох кунем новобаста аз вазъи давлатдори ва маишию маънави хамеша ба шугли мардикори пайваста машгул будаанд. Ба ёд оред замони Амир Олимхон онхо Куканду Андичон ва Тошканд мерафтанд, замони Шурави лимонфурушию себфуруши гуфта дар Шарки Дуру Чукотка мегаштанд, хозир хам хамин тавр. Ин 1-2 Кулобиву Хисории фиребхурда, дагдаи онхоро дида фикр мекунад ки дар Росия доллар боридааст. О агар кор куни хамон 100 доллари дар як мох мефиристодаро аз хонаат берун нарафта хам меёби. Тасаввур кунед, ки хозир аксари СТО ва дигар корхонахои хурди Душанберо чавонони Сугди ба вежа Хучандию Исфарагихо гирифта истодаанд. Ин албатта хуб аст, аз оне ки ба уруса гуломи кардан... ё бубин чи кадар хитоихо дар Точикистон зиёд шудаистодааст. Дар Ёвон дигар дехкон намондааст ва заминхои кишоварзиро ба чинхо додаанд. Чунки хамаи Ёвонихо наркобизнес шуда, махбасхои Русияро оро медиханд... Ё дуруг мегуям??? Турачонзодахо бошанд муаллифи ин сенарияи мухочиратанд ва то мурдан роли аловмонро дар ин филм бози мекунанд. Аслан онхо тамрин доранд ба фикрам Худованд дар он дунё ин се нафарро качигари дузах таъин мекарда бошад... Боки Худо Хофиз ва Озодагон мардона нашр кун набошад ту хам качегари)))

ОШНО,Чавоб ба ноошнои дузд.Аввалаш ин.ки садкаи нону намаки каротегинихо шави.Дар замонхои хукмронии Амир Олимхон,каротегинихо дар хакикат ба мардикорихо мерафтанд.Чунки гурдаи нотарсиву номуси мусулмониву часорату муборизи хаёт буданд.Бобову падари ту "Ошно",аз тарс аз хавлихояшон намебаромаданд.Аксарияти мардуми точикзабони Киргизистону баъзе нохияхои Казокистону бисёр махалхои Узбекистон,аз силсилаи хамон мухочирони кории каротегини хастанд,ки решахои кухистони доранд.Имрузхо хам дар Россия,Казокистону Украина,занхои чавону духтарони русу украини ва казокдухтарон аз мардону чавонони точикистонии каротегини фарзандхои бисёр таваллуд кардаанд.Мабодо,агар дар шахри Алма-ато,духтарчаи 14-солаеро бо ному насаби Сафархучаева Айсулахон Махмадхучаевнаро вохури,аник хуни каротегини дорад.Дар бораи кудакони таваллудшудаи хуни каротегини доштаи Россия ва Украина,боз якчанд энциклопедияхо нашр кардан лозим меояд.Яке аз аввалин созмондехи Точикистони Шурави,Нусратулло Махсумов,зодаи каротегин буд.Рохбарони Точикистони Шурави Мунавваршо Гадоев,Шариф Манзаров,Мирзо Рахматов ва Махмадулло Холов ва кисме аз дигарон зодагони хамин кухистон буданд.Махмадулло Холов кариб 20-сол Раиси Президиуми Шурои Олии Точикистони шурави буд.Кахрамони Россия,генерал-лейтенант,собик чонишини сарфармондехи Округи Харбии Кавкази Шимоли Мухриддин Ашуров хам хуни каротегини дошт.Зодагони каротегин,аслан дар вилояти собик Кургонтеппа ва водии Хисор зиндаги мекунанд.Онхо аввалин шуда,барои истиклолияти Точикистон ба мубориза бархостанд.Лекин дигарон имрузхо галабаи онхоро дуздида,сохибмансабу рохбару фармондех шуданд.Дар Ёвон мегуи дигар дехкон намондааст.дуруст мегуи,чунки хамаи дехконони собик вилояти Кургонтеппа каротегинихо буданд.О магар писари Хукумов,ки бо 25-кг героин дар Москва ба даст афтод,ёвони буд?.Аз афташ,ки дар Точикистон ба дузди машгул хасти,ё аз кучое даромади муфту бедарди миён дори,ки ин хели суханхои тахкиромез мегуи.Махбасхои Россия не,махбасхои Точикистон пур аз точик шудаанд.Дар Россия,агар ба "дору" фуруши хам,ки гунахгор нашави,боз ба дигар усулхои тухматшави хам ба махбас меафти.Кисмати одамизод хар хел мешавад.Рафтаву писару бародари шумо,ба дасти полисхои берахми Россия афтаду беасос зиндони шаванд,аз дасти ту г....намеояд.Хамн хели чавонони бегунохи мухочир хазорхо нафар дар махбасхо хобанд.Албатта,дуруг мегуи,ахолии нохияи Ёвон,кариб 180-хазорро ташкил мекунад.Наход,ки хамаи онхо ба маводи "дору" даст зананд.Кури худу бинои дигарон,дар заминхои сахроии Точикистон садхо хазорон сару кор доранд,дехконии точикон таърихи хазорсолахо дорад.Кури,магар намебини,ки хазорон нафар занхову ноболигону мусафедону чавонхо дар сахрохои бо каланду бел мехнат мекунанд.Модоме,ки якчанд хитои барои чори карддани технологияи пешкадам.якчанд гектар заминхоро дар нохияи Ёвон интихоб карданд,ба фикри шумо дехконон хама ба Россия рафтанд.Россия хам бихишт нест.

руслан
э бадбахте ки мги точикистон мукоиса аз солхои пешин хозир исломи шудааст сабаби ба ислом ру овардани мардум Хазрати Устодон мебошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)