Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:23

Мақоми дувуми Сабина Шамсэд дар “Мейкин Осиё”

22 июл 2013, 10:40

Сабина Шамсед, овозхони тоҷик, дар ҷашнвораи байналмилалии “Мейкин Осиё”, ки дар Қирғизистон баргузор гардид, мақоми дуюмро касб кард.

Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии дӯстдоштаи “Мейкин Осиё” аз 18-ум то 20-уми июли соли ҷорӣ дар соҳили Исиқ-Кӯл баргузор шудаааст. Дар ин ҷашнвора Сабина Шамсед сарояндаи тоҷик ва ду сарояндаи дигари қирғиз Ислом Акматов ва Курал Чокоев ҷои дуюмро соҳиб шудаанд.

Ҷои аввал дар ҷашнвораи мазкур насиби Владислав Леветский гардида, ба мақоми сеюм Христина Дорошенко аз Русия, Азим Уулу Адилет аз Қирғизистон, Ли Ҷентао аз Чин, Ана Аганесян аз Арманистон муносиб дониста шудаанд. Гран-прии ин ҷашнвораро Димаш Кудайберген сарояндаи қазоқ ба даст овардааст.

Ҷоизаи бузурги ҷашнвора 7 ҳазор доллар, ҷои якум - 4 ҳазор доллар, ҷои дуюм - 2 ҳазор доллар ва ҷои сеюм - 1 ҳазор доллар мукофоти пулӣ доштаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • вввы

  • 22 июл 2013 11:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сабина Шамсед овозхони точик? Илтимос нахандонед мардумро.
Посух додан
  • равшан

  • 22 июл 2013 12:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
вввы,
охи ту беақл фақат ҳаму ҳофизои қишлоқия гуш куни бад конечно туда ханда мешавад

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!