Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:45

Салимзода: Фармондеҳони Бадахшон мехостанд роҳбариро ба даст гиранд

22 июл 2013, 10:58

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 22-юми июл дар арафаи солгарди амалиёти низомӣ дар Хоруғ, бори дигар фаъолияти созмонҳои ҷиноӣ дар Бадахшонро зикр карда, таъкид намуд, ки онҳо мехостанд, давлатро фиреб диҳанд.

Салимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “ин гуруҳҳои ҷиноӣ аз соли 1997 фаъолият доштанд. Он чор нафар яроқи худро насупориданд ва аз дигар ҷойҳо яроқ оварда, ҷавононро фирефта намуданд ва хостанд давлатро низ фиреб кунанду роҳбариро дар Бадахшон ба даст гиранд.”

Додситони кулл зикр кард, баъд аз амалиёти низомии 24-уми июл дар Хоруғ 325 адад яроқи вазнин, 116 автомат ва дигар силоҳҳо мусодира шуданд. Ӯ бо изҳори таассуф афзуд, нафаронеро, ки дар дар ин амалиёт кушта шудаанд, баргардонда намешавад. Шерхон Салимзода гуфт, зимни амалиёти низомӣ дар Хоруғ 21 узви гуруҳҳои ҷиноӣ ба ҳалокат расида, аз миёни кормандони мақомот 18 нафар кушта ва 45 нафар захмӣ шудаанд.

Амалиёти низомӣ дар Хоруғ 24-уми июли соли гузашта, дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров оғоз шуда, даҳҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч бо гузашти тақрибан як сол аз ҳодисаҳои Хоруғ, маркази Бадахшон, мегӯяд, дар ин ноамниҳо 20 сокини осоишта ҷони худро аз даст дода буданд.

Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов дар баробари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Имомназар Имомназаров, аз чор “қумандон”-и маҳаллии Бадахшон маҳсуб меёбанд, ки тобистони соли гузашта додситонӣ онҳоро қочоқи маводи мухаддир, сангҳои гаронбаҳо ва қочоқи духтарон ва барои саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ муттаҳам карда буд. Аз инҳо соли гузашта зимни як даргирии мусаллаҳона, Имомназар Имомназаров кушта шуда буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Сафсата аст...! Бемасъулити ва гайрихирфаи будани идорахои кудратиро намегуем, ки хокимияти марказиро беобру карданд...?! Вокеан хукумати маркази ба кадом фармондехони сахрои ва силохбадастон мансубият дорад...?
Посух додан
  • Aziz

  • 22 июл 2013 15:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Изо Хам Намекашед ,,,??? Ба баъзе хамин гапот ???
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пас савол ба миён меояд чаро ин се нафар то холо озодона гашту гузор мекунанд? Одамони бегунох кушта шуда, саркардагон ба гуфтаи Шумо имруз аллакай бо "хукумати" ба худ шабих забон ёфта, осуда зиндаги доранд. Салимзода ана инро фиреби давлат номидан зарур аст.
Посух додан
  • Aziza

  • 23 июл 2013 09:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Надо же, как то оправдаться перед народом, если бы такое количество оружие было бы в наличие у них , то от вашей голодной армии следа бы не осталось.Обычные ребята, которые всего лишь защищали свой дом и своих детей от варваров,голыми руками вас гнали.а Толиб , Едгор, как жили так и живут, погибли ни в чем не повинные люди...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Eй рафик прокурор, шумо аз ракамхои дуруг иззо намекашед, агар БАДАХШОНИХО хамин кадар ярок медоштанд, вайхо Самарканду Бухороро мегирифтанд.Салими Сармаст,

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!