Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:44

Додситони кулл: Алайҳи раиси маҳбаси №1 парванда накушодем

22 июл 2013, 11:16

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли равон ба додситонӣ 6 шикоят дар мавриди татбиқи шиканҷа аз ҷониби маъмурини пулис ворид гардидааст.

Салимзода, имрӯз, 22-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар се маврид шикоятҳо тасдиқи худро ёфтанд ва нисбати ду маъмури пулис парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар мавриди Рустам Тоштемуров, собиқ раиси маҳбаси рақами 1-и Душанбе, додситони кулл гуфт, ки алайҳи ӯ парванда боз накардаем. Ин дар ҳолест, ки Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза, маҳбуси кушта дар зиндон, маҳз Тоштемуровро гунаҳкори марги фарзандаш медонад. Ӯ қаблан ба хабаргузориҳо гуфта буд, ин Тоштемуров аз онҳо барои раҳо кардани марҳум аз ШИЗО 2000 доллар талаб карда, таҳдид намудааст, ки дар акси ҳол панҷ сол ба мӯҳлати ҷазои марҳум зам хоҳанд кард. Аммо пайвандон мегӯянд, ин маблағро саривақт дарёфт накарданд ва дар натиҷа тирамоҳи соли 2012 аз зиндон ҷасади фарзандашонро бо осори шиканҷа гирифтанд.

Дар пайи ин Рустам Тоштемировро аз вазифа сабукдӯш шуд, вале ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудааст. Дар маҷмуъ Шерхон Салимзода мегӯяд, дар нимсолаи аввал беш аз 150 парванда алайҳи кормандони мақомоти қудратӣ барои нақзи қонун боз шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ошно

  • 22 июл 2013 14:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба расм нигаред: Ин лахза модари Хамза Икромзода аз Изатулло Шарифов (Зоро) бар ивази мурдаи фарзандаш 10 000 доллар талаб дорад. озодагон ин хакикатро аз руз рушантар медони чоп кун, набошад ба демократия коре надори...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!