Бахшҳо
22 июл 2013 11:57Тоҷикистон / Сиёсат

Асрорӣ гуфт, мухолифи даъвои зиёиён алайҳи Тутубалина аст

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, мухолифи шикояти як гурӯҳи зиёиён аз болои Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс”, ба додгоҳ мебошад. Ӯ, ки дар нишасти хабарии 22-юми июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, ин фикру мавқеи шахсии худи ӯст, на бештар аз он.

Оқои Асрорӣ афзуд, манзур аз ин гуфтаҳо ҳимоят аз навиштаи Олга Тутубалина нест, балки, ба бовари ӯ, ин баҳси додгоҳӣ обрӯи зиёиёнро наафзуда ва мақоми муҳаррири “Азия-Плюс”-ро ҳам поён нахоҳад бурд. Балки ба гуфтаи вазири фарҳанги Тоҷикистон, ин гуруҳи зиёин бо даъвои додгоҳии худ аз Олга як шахсияти барҷаста хоҳанд сохт.

“Мову Шумо хуб медонем, ки солҳои охир интиқод нисбат ба рӯшанфикрон ё зиёиёни кишвар хеле зиёд буданд ва ҳастанд. Фикри шахсии ман вобаста ба навиштаи хонум Тутубалина ин аст, ки хонум аз ҳад гузаронидааст. Ман ёдовар шудам, ки интиқод зиёд буданд, лекин то ин дараҷа, ки онҳоро таҳкир карда бошанд, то ҳол набуд. Воқеан ҳам, хонум дар ин масъала аз ҳад гузарондааст ва аслан таҳқири як қишри ҷомеа таҳқири ҳамон ҷомеа, ҳамон миллат аст. Он фикри мулоҳизаҳое, ки зидди мақолаи Тутубалина ҳастанд, ҳамаи онҳоро тарафдор ҳастам, вале дар як маврид тарафдорӣ карда наметавонам. Мавриде, ки ба маҳкама кашидан ё ба суд додан, ки ҳеҷ зарурат надошт. Мо боз як қаҳрамони дигар эҷод карда истодем дар шахисяти Тутубалина, ки кирои ин қадар воҳима кардан надорад. Лекин ҷавоб додан зарур аст”,-илова кард ӯ.

Қаблан панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд. Аммо Додгоҳи иқтисодии Душанбе ба далели он ки номаи шикоятии зиёиён ба забони русӣ навишта шудааст, онро бозпас дод ва гуфт, бояд ин нома ба забони тоҷикӣ навишта шавад.

Даъвогари асосӣ Иттиҳоди адибон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигари тоҷик кор фармуд.
Мӯҳр
а
Хайрият як шахси бофахм буддаст дар байни ин хукуматдорон.

Лушфия
Ба фикри ман агар ин зан харчанд хак хам бошад,набояд мо ба у шанс дихем ки ба руи миллати мо бидавад.шояд зархариди Россия аст ба хар ру мехоханд дар ин регион обруву эътибори худро нигох доранд.уро зиёдтар тафтиш кардан даркор, мисле ки бо шахрвандони мо дар Ростия мекунанд.

Хайрандеш
"зиёиён" худ собит сохтанд, ки хонум Олга хак аст. дар сурате, ки аз макоми давлати гирифтани забони точики 24 сол гузашт, аризаи даъвогии худро бо забони руси навиштаанд. Э шарм дореде!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)