Бахшҳо

24/07 -- Фоҷиаи фаромӯшшуда. Ё барои фоҷиаи Хоруғ кӣ ҷавоб мегӯяд?

Алӣ МАСТОВ, махсус барои “Озодагон”

24-уми июли соли 2012 боз як саҳифаи сиёҳро ба таърихи навини кишвари мо ворид кард. Субҳи барвақти тобистон, дар соати 4, дар моҳи мубораки Рамазон “амалиёти махсус”-и ҳарбӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшони Тоҷикистон оғоз шуд.

Дар ин «амалиёти махсус» ҷузъу томҳои Вазорати дифоъ, ВКД ва Кумитаи амнияти миллӣ дар якҷоягӣ бо нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки теъдоди умумиашон 3 ҳазор сарбозу афсарро ташкил медод, иштирок карданд. 3 ҳазор, яъне наздики 10 %-и сокинони Хоруғ. Барои муқоиса, тахминан ин ҳамон миқдорест, агар ба шаҳри Душанбе 100 ҳазор нерӯи ҳарбиро ворид бикунӣ. Далели расмӣ барои ин амалиёт куштори генерал Абдулло Назаров, раиси КДАМ дар Бадахшон гардид.

Дар рафти ин «амалиёти махсус», ки чанд рӯз давом кард, 24 сокини осоишта ва тақрибан даҳҳо низомиёни низомии ҳукуматӣ кушта шуд. Ба сокинони шаҳр, хусусан ба кӯдакон осеби ҷуброннопазири равонӣ расонда шуд, ба инфрасохтори ин шаҳри бе ин ҳам шаҳрвандонаш на он қадар доро зарбаи ҳангуфти моддӣ расонданд.

Соле аз ин ҳаводиси фоҷиавии Хоруғ – фоҷиаи мо, гузашт. Ба ҷуз ин ки баъзе ашхос барои муҳлатҳои дароз зиндонӣ шуданд, дигар ҳеҷ иттилои марбут ба ин рӯзҳои фоҷиавӣ надорем.

Ба теъдоди бузурги кушташудагон нигоҳ накарда, на як кумиссюни ҳукуматӣ, на парлумонӣ ва ҳатто ҷамъиятӣ ташкил накарданд, ки то куҷо қонунӣ будани гузаронидани ин «амалиёти махсус»-ро, ки боиси ҷонбозии одамон шуд, таҳқиқ кунад. Тавре як диктотур гуфтааст – «марги як одам фоҷиа мебошад, аммо марги миллионҳо омор аст».

Шукри Худо, ки дар мо миллионҳо кушта нашуд, аммо ин набояд ба он маъно бошад, ки ҳаводиси Хоруғ фаромӯш гардад ва таҳқиқ нагарданд. Барои он ки қотеъона изҳор бинмоӣ, ки дар амалиёти махсуси соли гузашта чандин ҷиноятҳо содир карда шуд, шарт нест, ки ҳуқуқшинос бошӣ. Дар кишварҳои як каме ҷиддитар, ки камубеш эҳтиром ба қонун вуҷуд дорад, ҳамагуна гумонҳо дар ҳолати сар задании чунин ҷиноёт, агарчи аз ҷониби мансабдорони баландмақом ҳам содир шуда бошанд, бидуни тардид мавриди таҳқиқ қарор мегиранд.

Вазифаи калидии ҳамагуна таҳқиқот на танҳо мушаххас кардани сабабҳо ва гунаҳкорони фоҷиа мебошад, балки ин аст, ки бар асоси таҳқиқот барои худ муайян кунем, ки дар оянда аз чунин ҳаводис ҷилавгирӣ намоем. Вале вақти хеле тӯлонӣ гузашту мо чизеро набинем. Барои мардум то ҳол рӯшан нест, ки чӣ чиз боиси интиқоли ҳазорҳо нерӯ ба Хоруғи хурдакак гардид, ки аз қудрати он алайҳи мардуми осоиштаи дар ҳоли хоб истифода шуд? Чӣ чиз ҳукумати марказиро ба хашм оварда бошад, ки бар хилофи моддаҳои Қонуни асосӣ нерӯҳои Вазорати дифоъро алайҳи шаҳрвандони худ истифода бурд?
Ба ин ва дигар суолҳо, мутаассифона, то ҳол посухҳои худро нагирифтаем. Мушоҳида мешавад, ки ҳукумат бо такя ба он ки бо гузашти вақт ҳама чиз ҳаллу фасл ва фаромӯш мегардад, барои худ чандон лозим намешуморад, ба инҳо ҷавоб диҳад. Шояд онҳо (ҳукумат) бар ин бовар бошанд, ки то ба охир қодиранд пинҳон намоянд ва умедворанд, ки ҳеҷ касс ва ҳеҷ вақт сабабҳо ва ҷанбаҳои ҳақиқии ин фоҷиаро намефаҳманд? Агар чунин аст, онҳо бисёр иштибохи бузург мекунанд.

Аввалан, захмҳои Хоруғ то он андоза чуқур ҷой гирифтаанд, ки акси садои ин фоҷиа барои муддатҳои тӯлонӣ дар сарзамини мо вокуниш ба бор меоваранд. Дувум, дар ҷаҳони муосир, чаҳони технологӣ тақрибан пинҳон кардани чизе, хушбахтона, ғайриимкон мебошад. Сеюм, ҳама ё қариб ҳамагуна бераҳмӣ дар рӯи замин, ба монанди ваҳшонияти Чингизхону Темурланг ва ё нобудсозии қабилаҳои бумии Амрико (ҳиндусҳо) аз ҷониби истеъморгарони аврупоӣ (дар бораи Катин ва Серебренитсо ҳоҷати гап нест) дер ё зуд, сарфи назар аз ин ки чӣ гуна талош барои пинҳон кардани онҳо вуҷуд дошт, дастоварди ошкорбаёнӣ мегарданд. Ё шояд генеролитети мо бар асоси ин ин усул, ки «худиҳоро бизан, то бегонаҳо битарсанд» кор гирифта бошанд? Агар чунин аст, пас, онҳо ноҳаққанд, зеро бештар аз ду даҳсола аст, ки моро мезананд, аммо ҳеҷ нест, ки тарси хосе дар чашми «бегонаҳо»-ро ман мушоҳида кунам.

Мушоҳидаи ҳамаи он чи ки гузашт чунин тасаввуротро ба бор меоварад, ки шиори даврони шӯравӣ «мардум ва артиш - ягонаанд» сар то по тағйир ёфтааст.

Гузашта аз ҳама муҳташамияти давлат аз ҳисоби шаҳрвандони кишвар, яъне молиётсупорандагон устувор нигоҳ дошта мешавад. Чаро бояд чизеро нигоҳубин кард, ки ҳарзамон метавонад муқобили ту истифода гардад? Чаро бояд теъдоди зиёди мансабдоронеро парвариш кард, ки посухгӯи ниёзҳои ту намебошанд?

Фикр мекунам, ман бо Ҳегел ба ин мазмун мувофиқам, ки гуфта буд – «таърихро барои он меомӯзанд, ки он ҳеҷ чизро намеомӯзад». Боз ҳам мисли солҳои 90-ум абзори асосӣ барои ҳалли мушкилот силоҳ аст. Боз ҳам мисли солҳои 90-ум ҳама аз рӯи усули - «ба дӯстон – ҳама чиз, ба душманон - қонун». Боз ҳам мисли солҳои 90-ум ҳамаи ин ба бохти мардуми одӣ мунҷар шуд, мардуми одие, ки тибқи Қонуни асосӣ бояд аз ҷониби ҳамон ҳукумат муҳофизат ва дифоъ карда шаванд, ва наздики як сол аст мунтазири ин посух мебошанд, ки барои чӣ ин қадар шадид ба мо ва кӯдакони мо бархӯрд кардед ва барои ин кӣ бояд ҷавоб гӯяд?

Изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ ба ҳамаи онҳое мекунам, ки дар ин фоҷиа шавҳар, бародар ва пайвандону наздикони худро аз даст доданд.
Биёед, дар ин Рамазони шарифу муқаддас якҷоя дуо кунем, ки равони кушташудагон шод бошанду бозмондагон саломат ва сулҳу оромӣ дар сарзамини мо поянда гардад.
Мӯҳр
Гарибшо
Сабабхои ин ходиса бехокимияти дар Бадахшон буд. Ин чор бо ном камандир, ки ба рафторхои ношоиста даст доштан худро дар ин минтака амир хис мекарданд.

Али Мастов ахсант бар часорати Шумо. Ин гуфтаатон бисёр бузург аст: "Гузашта аз ҳама муҳташамияти давлат аз ҳисоби шаҳрвандони кишвар, яъне молиётсупорандагон устувор нигоҳ дошта мешавад. Чаро бояд чизеро нигоҳубин кард, ки ҳарзамон метавонад муқобили ту истифода гардад? Чаро бояд теъдоди зиёди мансабдоронеро парвариш кард, ки посухгӯи ниёзҳои ту намебошанд?" Вокеан, дастон дард накунад.

ап
Генерали фасодзада чи? Магар у айбдор набуд?

Барои фочиаи Хоруг он гуруххои силохбадасти онвакта ва саркардагони онхо чавоб медиханд,зеро сабабгори чанг хамонхо шуда баданд. Ин гуруххо ба мардуми Хоруг руз надода буданд. Даххо нафар аз сокинони Хоруг аз дасти ин гуруххо азияту шиканчаи чисмони дида буданд. Аз прокрору суду милисаву сардори идорахову то одамони одди. Ва нихоят кор ба ин дарача расид. Рохи хали мусолиматомез вучуд дошт, вале онро саркардагони гуруххо кабул накарданд. Баръакс асбоби чангро омода карданд. Куввахои хукумат бар зидди мардуми одди амалиёт накарданд, балки бар зидди гуруххои ярокноки зиддидавлати, ки Хоругро пурра ба тобеити худ дароварда буданд. Шахри Хоруг ва умуман Бадахшон каламрави Точикистон аст ва чойгир кардани Куввахои мусаллах дар ин митакаи сархади хилофи ягон конуни дохили ва байналмилали нест Дар амалиёти Хоруг Артиши амаликунандаи ЧТ иштирок накарда буд ва шумораи 3000 нафар сарбоз низ муболига аст.
Аз ин ходисахо бояд сабак гирем ва кушиш кунем, ки дигар чунин ходисахо руй надиханд. Зеро аз нисф зиёди мардуми ин вилоят берун аз Бадахшон зиндаги мекунанд дар дигар раёнхои мамлакат ва онхоро бори дигар ноором накунем

Рахмон
Бахс сари мавзуи командирон дар Бадахшон набуд. Ин танхо бахона буду бас. Агар чунин набуд чаро ин командирхо то холо озод сайру гашт мекунанд. Аз ин чост, ки ин фикр хануз дар сари мардум чарх мезанад, ки Чаро ба сари мардуми худ лашкар кашидем? Шояд сазои ин миллати мо бошад, ки дар тули таърих хама моро кубиданд ва акнун, ки худро нисбатан озод дидем хамдигарро мекубем.

Фармон дихандахои ин амалёти махсусро, ки дар Помир гузарониданд, ки чандин аскари бегунох ва халки осоишта халок гардиданд, ГЕНОЦИД эълон бояд кард...!

Одами аҷоиб будай рафиқ Мастов.
Дар ҳодисаҳои Бадахшон бояд мардуми Бадахшон ҷавоб гуянд, на каси дигар. Мебахшед ҷинояткор, роҳзан ва қочоқчиёнро, ки бологузар кардед ана ҳамин хел мешавад. Бояд фикри ин оқибатҳояро пештар мекардед на баъди ҷанг.
Чоп кун агар озод боши.

Парвиз
Замоне мерасад,ки гунахкорони ин ходисаи нанговар ,дар натичааш,ки мардуми бегунох фавтидаанд, дар суди байналмиллали чавоб хоханд гуфт.

ПАРВИЗ БАРОДАР ИН ХУКУМАТДОРОНИ ИМРУЗИ ТОЧИКИСТОНИ МО ФИКРИ ХАМИН РУЗРО КАРДА ИСТОДААНД НА ФИКРИ ПАГОХ ВА Ё РУЗЕРО, КИ ЧАНД СОЛ ПАС МЕОЯД. АГАР ФИКРИ ПАГОХРО МЕКАРДАНД ЗОЛО ТОЧИКИСТОНИ МО ОБОД ШУДА БУДУ ХАТТО ЯК МУХОЧИРИ ТОЧИК ДАР РУСИЯ НАДОШТЕМ. АГАР ФИКРИ ФАРДОРО МЕКАРДАНД ЗАМИНХОИ ВАТАНРО БО ХИТОЙ НАМЕФУРУХТАНД, КИ ДАКИКА БА ДАКИКА АХОЛИИ ТОЧИКИСТОН ЗИЁД ШУДА ИСТОДАСТ.

лениноботи
Шумо мардуми Бадахшон ачоиб "нотарси" доред. Рафторатон, бубахшед, аммо гармихои соли 90-ро ба хотир меорад. О, наход, ин кадар часуред, як бор намегуед, ки командирхоятон бо худи шумо чи бадноми бадрафтори мекарданд? Кани гуруратон, вакте ки духтаронатонро рабуда ба афгонхо бар ивази карзхо мебахшиданд? Наход дар Хоруги чандхазор як нафарак ёфт нашуда бошад, ки тарафдори хукумату давлат бошад? Буданд, аммо аз тарс овоз намебароварданд. Ин кадар пургурур будед, чаро бо русхо дар инкилоби октябри харб накардед, ки авлод ба авлод нестатон карданд? Чаро дар режими Сталини, Брежневи гинг намегуфтед? Зеро метарсидед! исруз хукумати Точикистон ки риштаро суст гузоштааст, ин кадар часуред...Холо боз мебинем ки чи мешавад

Murghob
илохи омин худои ттаооло тинчи кунат хамаш тинч мешавад рузе мераса ки чиноят кор пеши конун агар не пеши худои таоолох чавоб метихад агар конун чазо додан наметавонад ин тиранхоро худо (тиран)-ро чазо метихад ОМИН ОМИО ОМИО Гарибшо,

Рахмон
Бародари лениноботи шумо аз русхо ва сталин мегуед, ки чаро бадахшонихо бо русхо мухориба накарданд. Шумо агар каме ба таърих нигох кунед мебинед, ки бадахшонихо на ин ки бо русхо мубориза намбурданд, балки дар симои русхо як гуна начотдихандаи худ медиданд. Агар таърихро варак занед мебинед, ки русхо махз ба даъвати афроди бонуфузи карни 19 Бадахшон барои рахоии ин мардум ва нигохубини аз марз ба ин чо омада буданд. Ин хануз дар асри 19 буд. Барои хамин ин каламрав миёни ду абаркудрат таксим шуд ва Бадахшони кунунии Точикистон расман дар соли 1895 ба тобеияти Русия дохил гардид. Таърихро бихонед кам кам баъд медонед, ки чаро ин ё он мардум ин гуна ва ё он гуна рафтор мекунанд.

Ба Хоруги Агар хакикатан аз макони гуфтаатон бошед, пас шумо мушкили бо аклу хирад доред. Ё нобиноед ё кар. Наход хамон теъдоди аз 3 хазор хам зиёди сарбозону куввахои мусаллахро дар шахр надида будед. Наход, ки барои дастгир намудани 4 нафари гумондошта, осудаги ва зиндагии тамоми ахолии шахро ба хатар гузошт. Хазорхо усулхои дигар вучуд дорад. Аммо ин хама ки пештар ба накша гирифта шуда буд, ба хар василае бояд рохандози мешуд. Хамин тавр хам шуд. Натичааш ба хама маълум. Пас шумо ки хоруги бошед чаро дар дахон об гирифта то ин вакт хомуш будет ва азияту шиканчаи ин гуруххо шояд аз тарс токат кардед.

Abdulloh
Nameshud ki in 4 kamandirro dar yak vaqt az xonaashon yo az kucha qapida ba javobgari mekashidand? Shart bud ki lashkar kashem? Bo yak amaliyoti xurdakak onhoro qapidan mumkin bud ku

акбар
Гарибшо,
аммо хукумат хак надорад барои 4 нафар дар шахр шабехун зананд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)