Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:35

Ҳамроев кормандону парвозҳои "Тоҷик Эйр"-ро кам мекунад

22 июл 2013, 15:01

Фирӯз Ҳамроев, раиси нави ширкати “Тоҷик-эйр” парвозҳои ширкатро кам намуда, ният дорад, кормандонро низ ихтисор кунад.

Ҳамроев, имрӯз, 22-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, тайи нимасолаи аввали соли ҷорӣ 357 парвози ҷуфт кам карда шуданд: “Чун қарзи дохилии ширктати “Тоҷик-Эйр” дар соли гузашта 242 миллион сомониро ташкил медод, аз ҳамин сабаб маҷбур шудем хатсайрҳои зарароварро ихтисор кунем. Баъд аз ихтисор натиҷаи хуб ҳам дидем ва пас аз пура пардохт намудани қарзҳои худ, аз нав парвозҳои ихтисоршударо барқарор месозем.”

Фирӯз Ҳамроев афзуд, дар як сол қарзи ширкат аз 242 миллион сомонӣ ба 41 миллион расидааст. Инчунин раиси “Тоҷик-Эйр” таъкид кард, ки кормандони ширкатро низ кам мекунад: “Аз рӯи штат бояд дар ширкат 507 нафар фаъолият кунанд, аммо 670 нафар кор мекунанд. Албатта ихтисор намудани кормандон кори осон нест, аммо мо бояд штатро нигоҳ карда, барои сарфа намудани буҷаи худ сафи онҳоро кам кунем.”

Инчунин дар нишасти мазкур Фирӯз Ҳамроев афзуд, ки ният доранд ба ҳукумат пешниҳод кунанд, то қарздории “Тоҷик Эйр” дар назди “Тоҷиксуғурта” барои 10 сол тамдид гардад.

Ба иттилои Ҳамроев “Тоҷик Эйр” дар нимсолаи аввали соли равон фоида нагирифтааст ва ҳаҷми хароҷоташ аз даромад 1,4 миллион сомониро ташкил додааст. Ин нишондод, яъне касри буҷети “Тоҷик Эйр” соли гузашта ба 29 миллион сомонӣ баробар будааст.

Ӯ илова намуд, ки бори аввал ин ширкат барои пардохт намудани баъзе қарзҳояш дар нимсолаи аввал аз бонк қарз гирифтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!