Бахшҳо

Асрорӣ: Сафари хориҷии сарояндаҳои тоҷик бояд назорат шавад

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, таҳияи ҳуҷҷат, ки ба танзими сафарҳои хориҷии сарояндаҳои тоҷик равона шудааст, дар ҳоли баррасӣ ва таҳия қарор дорад.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги кишвар имрӯз, 22-юми июл, зимни нишасти матбуотии ин вазорат гуфт, баъди омӯзиш бори дигар ба чунин хулоса омадаанд, ки қабули санаде вобсата ба танзими сафари ҳунармандон ба хориҷа амри воқеӣ мебошад ва имрӯз дар тамоми кишварҳои дунё сафари гурӯҳҳои ҳунарӣ танзим карда мешавад: «Ҳамаи паҳлуҳои ҳуқуқии ин масъаларо омӯхта истодаем, албатта мо бо тамоми сохторҳои вобаста кор карда истодаем. Фикру пешниҳодҳо дар мавриди қабули танзими сафари ҳунармандон зиёд буданд, ҷонибдорон низ бисёр буданд, муқобил ҳам».

Ба қавли Мирзошоҳрух Асрорӣ, санади мазкур на танҳо ба хотири он қабул мегардад, ки сарояндаҳо ба кишваре мераванду фарҳанги як халқ, як миллатро намояндагӣ мекунанд, балки ин ба хотири таъмини амнияти гурӯҳҳои ҳунарӣ ва дигар самти фаъолияти онҳо низ мебошад.

Вазири фарҳанг иброз дошт, ки умедвор аст, қабули ин санад дар фаъолияти ҳунармандони Тоҷикистон созгор хоҳад шуд.
Мавриди зикр аст, 21-уми январи соли равон вазири фарҳанг дар ҳузури хабарнигорон таҳияи лоиҳа дар бораи танзими сафари ҳунармандон ба хориҷаро эълон намуда буд, ки ҳоло низ лоиҳаи мазкур дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Асрорӣ ҳамчунин таъкид намуд, ки ҳарчанд ташрифи сарояндаҳои хориҷа ба Тоҷикистон аз ҷониби бархе сохторҳои дигар ва ё ширкатҳо сурат мегирад, вале вобаста ба ин масъала, хусусан дар интихоби толор, макони баргузории барномаи онҳо назари Вазорати фарҳанг ба инобат гирифта мешавад.
Мӯҳр
ыва
Сарояндахои точик дар хорича аз номи Точикистон баромад намекунанд. Ин бизнес аст. Чи гуна барнома дорад, ин кори фазорати фарханг нест. танхо Кумитаи андоз метавонад оиди даромади сароянда дар хорич ба максади андозситони назорат барад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)