Бахшҳо

Чаҳор сол шуд, ки 22 июл Рӯзи забони тоҷикӣ нест

Чаҳор сол мешавад, ки сокинони Тоҷикистон 22-юми июлро ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил намекунанд. Ҳарчанд 24 сол қабл дар ин рӯз забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта, баъдан донистани он барои аксар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла вакилони мардумӣ ҳатмӣ шуд.

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро ба 5-уми октябр кӯчонд, ки мусодиф бо зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аст.

Нахустин қонуни забони тоҷикӣ дар пайи пофишорӣ ва талошҳои рӯшанфикрони тоҷик рӯзи 22-юми июли соли 1989, дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин, ба тасвиб расида буд. Он замон номи қонунро дар баробари тоҷикӣ вожаи форсӣ дар қавсайн низ ҳамроҳӣ мекард. Аммо ҳоло унвони қонуни забони тоҷикӣ бидуни форсӣ боқӣ мондааст. Зеро дар соли 1994 як идда аз намояндаҳои маҷлиси Тоҷикистон пешниҳод карданд, то калимаи «форсӣ» аз унвони қонуни забони тоҷикӣ берун андохта шавад.

Дар охирин баррасии тарҳи қонуни забони тоҷикӣ ҳам ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ талош карданд, то унвони забони тоҷикӣ забони тоҷикии форсӣ бошад, вале ин пешниҳод аз сӯйи вакилони дигар пазируфта нашуд. Худи мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ҳоло зарурате барои бозгашт ба хатти форсиро намебинанд. Ин ҳарфҳо аз забони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ расман дар соли 2008 дар пайи талошҳо ва даъватҳои рӯшанфикрони тоҷик барои бозгашти тоҷикон ба хатти форсӣ садо дод.
Мӯҳр
Додочон
Хамин Эмомали буд, ки забону давлат баркарор шуд. Шумо мешудед, хамин забонро ам ба як компютер ё фотоапарат иваз мекардед ба ягон хоричи. Шумо кадри забонро чи медонед. 22 аст ё 5 аст, фаркаш чи асос ин ки кайд мешавад. Мавкеъ дорад, забони давлатии точики.

ДОДОЧОН. Бе хамин Эмомали хам забони точики ва форси забонхое мебошанд, ки чандин хазор донишмандону бузургон чандин дастону газалиёт чандин корхои ъилмиеро навиштаанд, ки то рузи киёмат ва баъди киёмат хам киматаш паст намешавад...
Гапхои сафсатаатро ба зердастонат гуй...!

22 июл ин руз рузи зобон ин санаро кучонидан худаш ахмакгари

Таботаи
Аслан таърих бояд хамон 22-юми июль бошад,зеро он ходисаи таърихист!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)