Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:13

Як масъули ҳукумат: “Лағви лимити барқ аз интихобот вобаста нест”

22 июл 2013, 17:09

Содиқ Рустамов, мудири шӯъбаи энержӣ ва саноати ҳукумати Суғд, гуфт, қарор нест, дар соли интихоботи президентӣ лимити нерӯи барқ аз миён бардошта шавад.

Оқои Рустамов, ки рӯзи 22-юми июл дар нишасти хабарии намояндагии ширкати “Барқи тоҷик” дар Хуҷанд суҳбат мекард, гуфт, “маҳдудияти барқ бештар аз мову Шумо вобаста аст.”

Вай сарусадоҳоро дар бораи ин ки гӯиё дар соли интихобот лимити барқ аз миён бардошта хоҳад шуд, рад карда ва гуфт, “аз интихобот чӣ вобастагӣ дорад? Шумо гуфтан мехоҳед, ки барои раисиҷумҳурро интихоб кардан маҳдудиятро аз байн мебаранд? Ин тамоман аз интихобот вобаста нест. Ин вобаста аст аз сокинон.”

Содиқ Рустамов афзуд, “мо агар хонаро бо ангишт гарм кунему барқро барои равшаниву телевизор, дарзмолу дигар чӣ истифода намоем, барқ басандагӣ мекунад.”

Сокинони манотиқи шимоли Тоҷикистон дар шаш моҳи тирамоҳу зимистон ба барқ дастрасӣ надоранд. Танҳо сокинони шаҳри Хуҷанд дар ду - се соли охир аз лимити барқ раҳоӣ ёфта, сокинони манотиқи дигари вилоят дар фасли зимистон дар як шабонарӯз танҳо чаҳор илло панҷ соат барқ дарёфт мекунанду тамом.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • саид

  • 22 июл 2013 17:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ошёнаи 8 печкахои буржуйка шинонем?????
Посух додан
  • РУСТАМ СОДИКОВ

  • 23 июл 2013 07:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
НЕ ДУСТАМ,ХАТО МЕКУНЕД! АЗ МО ВОБАСТА НЕСТ. АЗ МАНСАБДОРОН ВОБАСТА АСТ! АЗ МАСЪУЛИНИ НИХОДХОИ БАРК ВОБАСТААСТ! angry АЗ ....АЗ...БББОООЛЛЛООО ВОБАСТА АСТ!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом салом ин холо аввалаш хаст худоро шукр кунед ки офтобро аз мо нагирифта аст агар не ба умеди барки точик ранги авбошо мешем биё басаи и дуругу найранг аз хамаш сер шудем на свет лозиммаи на вохима оли у мардак нав хонаша фунтаметша рехтаи ай кчо ба маву тра свет мета чои да хамсояи наздик дуст як забон Авгонистон мондаги хаст чем мода увода фуруша ки акция нав эълон мешава ай вазифаш мемона
Хай Хай!! зик нашен асри 21 асри отшбози ва шабро ро бо шамъ руз кардан аст.............

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!