Бахшҳо
23 июл 2013 09:11Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Убайдуллоев барои вазъи роҳҳои Душанбе муовинашро "ҷазо" дод

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои саривақт анҷом наёфтани тармиму таҷдиди роҳҳо дар пойтахт, муовинаш оид ба нақлиёт Абдулҳақ Оев ва Мирзоев, сардори Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою купрӯкҳои шаҳри Душанбе”-ро танбеҳ ва муҷозоти интизомӣ додааст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бесарусомониҳоро дар роҳҳои пойтахт, натиҷаи бемасъулиятии ин мансабдорон унвон кардааст: “Муҳлати ба истифодадиҳии иншоотҳои “Азнавсозии кӯчаҳои Н. Қарабоев (қисмати шарқӣ ва ғарбӣ аз кӯчаи А. Ҷомӣ то кӯчаи Ҷанубӣ)” то 20 марти соли 2013 ва “Азнавсозии кӯчаҳои Лоҳутӣ, Меҳнат, Шарқ баромад ба кӯчаи М.Турсунзода” то 30 апрели соли 2013 бояд ба анҷом мерасид, ки амалӣ нашудааст.”

Убайдуллоев ба додситонии шаҳр дастур додааст, ки фаъолияти субъектҳои хоҷагидории соҳаро бобати эътимоднокии рақамҳои оморӣ ва пешгирӣ аз сохтакорӣ мавриди санҷиш қарор диҳад.

Дар мавриди татбиқи Нақшаи генералии шаҳр Убайдуллоев супориш додааст, ба шаҳрвандоне, ки манзилҳояшон дар ин зимн бартараф мешаванд, квартираҳои замонавӣ дода шаванд: “Раиси шаҳр муқаррар сохт, ки фонди манзили коммуналии шаҳр минбаъд танҳо баҳри баровардагии талаботи онҳо равона карда шавад.”
Мӯҳр
Вокеъбин
Ё тавба вакте президент худашро танкид мекунад, Убайдуллоев дигаронро мучозот мекунад, шамрманд, худаш бояд истеъфо дихад. бас аст фиребгари ва ба чашми мардум хок пошидан, наход як нафар ин кадар соли раиси кунад, магар дигар ягон нафар нест ки кор кунда?

Раис
Вокеъбин,
Аблах дигари гул мечина беакл

Мистер Убайдуллоев, может шумо худтон ба истефоъ меравед. Ахволи шахр руз аз руз бадтар шудан дорад, ки бехтар нест. Чанд сол шуд, ки сари коред, монда шудед, равед, дам гиред.

еее бовар кунед безор шудем аз хамин рохсозони точики худмон хамин рохе ки аз садбарг то бинои увд хамаги 1 км нест хамин роха бовар кунед кариб 1 сол зиед шуд айба намедони чаноби Убайдуллоев ба Хитойъо супорен давоми 2 хафтада месозан е дуруст намегум

ое чунин овоза рост бошад муовини раиси шахри Душанбе Назаров Бурхон сардори раесати андози ш.Душанберо лату гуп намудааст дар утоки кори

РАИС Аз ин тавлак занони мо хамаи корро интизор шудан мумкин. МУМКИН ЧУНИН БОШАД РАИСИ РАЕСАТИ АНДОЗРО ФАРМОН ШУДААСТ, КИ КОРХОНАХОИ ЗАЙД САИДОВРО ТАФТИШЕ КУНАД, КИ ГУЁ ЗАЙД САИДОВ ЧАНДИН МИЛЛИОНХОРО ДУЗДИДААСТ ВА РАИСИ АНДОЗ МУМКИН ГУФТА БОШАД, КИ ЧАНДИН БОР КОРХОНАХОИ ЗАЙДРО ТАФТИШ КАРДЕМ ЯГОН ГУНОХ ВА КАМБУДИ НАДОРАД, БАЪД ЛАТТУ КУБАШ КАРДААНД, КИ ФАРМОН АЗ БОЛОСТ ХОХ ИЧРО КУН ХОХ АЗ ВАЗИФА ГУМ ШАВ.......

оев абдулхак гунагор нест ин аз шарвандон нодурус сухан мегуйнд

мухтарам раис ин чи хел танбех буд.ки Мирзоев баъд аз рохвайронкуниии шах бо тавсияи шумо чонишинги вазир шудай. Акнун роххои чумурияви чи мешидабошада?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)