Бахшҳо
23 июл 2013 09:55Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Кӣ ба Эмомалӣ Раҳмон “бевафоӣ” мекунад?

Ҳумайрои БАХТИЁР

Зиёдшавии мубоҳисаҳои сиёсӣ дар пешорӯи интихоботи президентӣ як падидаи маъмулист. Ҷонибҳо барои даст ёфтан ба манофеи сиёсии худ аз роҳу шеваҳои мухталифи рақобат кор мегиранд.

Одатан ҳукумат бояд корҳоеро рӯйи даст бигирад, ки он барои мардум мақбул ва ҳамзамон нуфузи сиёсии сарвари давлатро дар дохил ва хориҷи кишвар ҳифз намояд. Мушохида мегардад, ки дар Тоҷикистон бештар аз ҷониби ҳукумат барномаҳое роҳандозӣ мешаванд, ки бар зарари мардум аст. Қабл аз ҳама, он барномаҳое, ки нуфузи Эмомалӣ Раҳмонро дар минбарҳои байналмилалӣ коста кардааст, эътимоди мардумро низ аз байн бурдааст.

Дар робита баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, мушкилот дар ин авохир бо талоши махсуси гурӯҳи муайян дар ҳукумат ба вуҷуд омадааст. Ҳадаф аз ин монеагузориҳо барои наздикшавии раисҷумҳур ба мардумро, таҳлилгарон дар кӯшиши аз байн бурдани нуфузи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мекунанд.

Аз маҳдудияти озодии виҷдон чӣ манфиат?

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар чанд соли охир корҳое анҷом ёфтаанд, ки бештар ба “бевафо”-ии атрофиёни Эмомалӣ Раҳмон монандӣ дорад. Барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низомие роҳандозӣ шуданд, ки шубҳаҳоро барои пайдо шудани як гурӯҳи “бевафо” дар ҳукумат то андозае асоснок мекунад. Чун ин барномаҳо ба ҳукумати Тоҷикистон, ба хусус Эмомалӣ Раҳмон чизе ба ҷуз аз нокомӣ наоварданд.

Шурӯъ мекунем аз маҳдудияти озодии виҷдон дар Тоҷикистон. Агар гӯем, ки дар ҳеч кишвари дунё ҳуқуқи мазҳабии як инсон ба монанди шаҳрванди Тоҷикистон поймол намегардад, иштибоҳ намекунем. Ин иқдоми гурӯҳи лоббистони ҳукумат, ки дар зудтарин фурсат амалӣ гардид, пурсишҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад. Нахуст, ин ки аз масҷид рафтан ва ё нарафтани як шаҳрванд, фарз кардем бону, ба ҳукумати кишвар чӣ кор аст? Ҳамингуна оё бо рӯсарӣ ҳозир шудани духтарон барои ҳукумат муҳимтар аз роҳандозии барномаҳои воқеан судманд аст? Чӣ хатар дорад, агар кӯдакон дар масоҷид ибодат бикунанду мардони хоҳишманд бо риш ба дарс, кор ва умуман ба зиндагии худ машғул шаванд? Магар ҳукумат кори муҳимтаре аз ин иқдоми “муваффақ” надошт?

Нақзи ҳуқуқи инсон ба ҳукумат чӣ медиҳад?

Ҳуқуқи инсон яке аз ҳассостарин мавзӯи ҷомеаи мост. Мантиқан ҳукумат ва лоббистони Эмомалӣ Раҳмон бояд тамоми нерӯи худро бар он равона кунанд, то ҳуқуқи шаҳрвандон дар кишвар риоя гардад. Чун ин як бурди ҳукумат, яъне - Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд. Аммо дар кишвари мо бардоште ба вуҷуд меояд, ки гӯиё ҳар як мақомоти Тоҷикистон бештар дар талоши маҳдуд ва поймол кардани ҳуқуқи инсон бошад, на барои ҳимояи он. Воқеаи тобистони соли сипаришудаи Хоруғ метавонад далели ин гуфтаҳо бошад. Оғози амалиёти низомиро дар як минтақаи кишвар бидуни огоҳии мардум магар метавон аз талоши ҳукумат барои таъмини амният унвон кард?

Боздошти мухолифин ва...

Шадидан саркӯб кардани интиқодгарони фаъолияти ҳукумати мавҷуда гӯиё, ки ҷузъе аз фарҳанги сиёсӣ бошад. Табиист, як ҳукумат ба мухолифони сиёсии худ бо ҳар роҳу васила фишор меорад. Аммо на ба он шакле, ки дар Тоҷикистон аст. Боздошти ғайриқонунии Зайд Саидов ду моҳе қабл дар фурудгоҳи Душанбе ва ин ҳам баъд аз тасмими таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”. Коршиносон мегӯянд, зиндонӣ кардани Зайд Саидов, бо ҳар баҳонае набошад, дар соли баргузории интихоботи президентӣ ба Эмомалӣ Раҳмон таъсири манфӣ расонд.

Албатта, феҳрасти мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон бо Зайд Саидов маҳдуд намешавад. Талоши зиндонӣ намудани Абдулмалик Абдуллоҷонов, Умаралӣ Қувватов барои монеагузорӣ дар тиҷорати “бузург” ва таъқибу фишор ба аҳзоби мухолифи кишвар аз ҷумлаи дигар заҳамоти лоббистони ҳукумат мебошад. Ҳамин фишорҳои шадид дар нисбати аҳзоб ва фаъолони сиёсӣ буд, ки дар ин охир дар ҷаласаи навбатии худ Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз Тоҷикистон интиқоди шадид кард.

Акнун саволҳое ба вуҷуд меояд, кӣ дар хидмати кӣ ҳаст? Бо ин қадар иштибоҳи ҳукумат магар мешавад гуфт, ки лоббистони Эмомалӣ Раҳмон бештар барои устувор кардани нуфузи раисҷумҳур фаъолият мекунанд? Ин ҳама нокомиҳо дар барномаҳои ҳукумативу давлатӣ оё маънои онро надорад, ки ахиран гурӯҳе наздик ба раисҷумҳур пайдо шудааст, то бештар ҳадафи кам кардани эътимоди мардумро ба Эмомалӣ Раҳмонро доранд?

PS: Мушкили дигаре, ки ин ҷо оварданӣ будем, ин Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ кардани ҳайати васеъи масъулини ҳукумат дар сафарҳои кориву расмист. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ҳоло дар соири кишварҳои пасошӯравӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи раисиҷумҳуронест, ки дар мулоқоту конфронс ҳамеша ҳамсафарҳои зиёде бо худ мегирад. Баъзе аз таҳлилгарон бо ишора ва муқоиса ба аҳолии Тоҷикистону Русия мегӯянд, ҳайати сафарии Душанбе аз Маскав ба маротиб зиёд аст. Аҷиб ин аст, ки буҷаи давлатии кишвари мо аз буҷаи дилхоҳ кишварҳои узви ИДМ камтар аст. Аммо хоҳишмандони ҳамроҳӣ кардани Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳо баръакс, хеле зиёд. Ин ҳам метавонад як омили дигари кӯшиши поён бурдани нуфузи ҳукумат дар минбарҳои байналмиллалӣ бошад. Ин амали лоббистони раисҷумҳур гувоҳӣ аз он медиҳад, ки онҳо бештар дар пайи манфиатҳои шахсии худ ҳастанд, то манфиатҳои ҳукумату мардум.
Мӯҳр
Як душмани дигари Президент ВАОи давлатианд. Онхо ончунон хар руз президентро таъриф мекунанд, ки аз хад гузаштааст, ва мардумро аллакай ин таърифи шабонарузи бо чашмпуши аз проблемахои мавчудаи руз дилгиру хаста кардааст. Ман фикр мекунам ВАОи давлати ба Президент нияти хайрхохи надоранд...

Бо худ бурдани хайъати калони хукумати ба сафархо бо он сабаб аст, ки Рахмон аз табаддулоти ногахони, ки хангоми дар сафар буданаш шуданаш мумкин аст, метарсад, барои хамин хам онхоро бо худ мебарад!

Собир
Хукуматдорон дар муддати 20-соли сипаригашта, хамеша дар пайи манфиатхои шахсии худашон ва хешу таборонашон буданд ва хастанд. Проблемахое,ки пеш аз 20-сол буданд ва то хол хали худашонро наёфтаанд, барои хамин мардуми точик, руз ба руз кашшоку, нотавону, камбизоату саргардон шудааст.

Ozodagon digar kor nadored ki doim dar gami tanqidi prezidentu hukumat hasted bas budagist...

Мебахшед мо шахрвандони точикистон БЕВАФОИ накардаем ХУДИ У БЕВАФОИ КАРДА ИСТОДААСТ БАР ХАЛКУ МИЛЛАТАШ...

И сомонаи озодагон ба ном озодагонаст факат ба фитнагароию танкиди хукумат саргардонаст.боз базе аз мавридхо норозиги мекунанд ки гуё дар точикистон озодии матбуоту сухан нест.охир инкадар шумо танкид мекунед боз хукумату амнияти давлаи хомуширо ихтиёр мекунанд аз ин озоди чигуна мешавад боз.охир агар шумо мукоисаро бо озодии баёни аврупо кунед ,охир шумо кучою аврупо кучо маданияту фахмиши шумо кучою аврупоихо кучо охир мо баробар ба казокистон шуда наметонем аврупо яктараф.охир шумо боре аз пешрафтхои ватанамон лаб во намекунед ба чуз танкид боз аз тв хои давлати меноленд ки ба чуз тарифи хукумат чизеро намоиш намедиханд .мана хамонхоям мисли шумохо барин кор мекунанд

Тарафдори Озодагон
ju box,-и номуҳтарам! Ба ин ҳад тарсуӣ, ки ҳатто аз навишт ани номи худат метарсӣ. Охир агар ту кӯр бошӣ айби Озодагон чист? Дар баробари танқиди норасоиҳо ҳар дастовардро дар сайти Озодагон менависанд, ту чоплусак фақат мақолаву гузориши танқидиро бибниву аз дигарош чашм пӯшӣ Озодагон чит гуноҳ дорад? Ақаллан як бор мард шаву номи аслиатро навис то бибинем корманди кадом ташкилот ҳастӣю...

Охи эйййй шумохоо куру кар шудагиен ки пешрафтро намефахмен.бад ин ки ju box и лакаби аслии ман дар сомонахои интернетист ва дар ягом ташкилот ё хукумату давлот кор намекунам.аз хисоби касе низ намехурам чун корчалон хастам худои покам аз риску рузи бенасибам нагардонидааст.хуб,дар бораи пешрафтхои точикистон ман хамаруза аз озодагон мебинам ки чи гуна менависад.дар бораи тарсам ман бандаи оллох хастам тагдирам бо дасти уст ки ба кадом сабаб чан месупорам.

Ба фирдавс комилов! Барои ин холатхоро дидану шунидан танхо як талабот вучуд дорад, ки бояд кару кур набоши! Аз гапхои худат бармеояд, ки ту хамон кару куре хасти, ки вазъи вокеии мамлакатро намебини ва намешунави, аз хамин сабаб гунг хам хасти. Агар Озодагон ин проблемахоро набардорад, пас ки дилу гурдадорад, ки дар бораи ин проблемахо харф занад.

пайкон
худи Раҳмон душмани худаш аст

ба Хайрхох!ту худат гуфта метавони ки барои ватанат чи кардаи бовари дорам ба гайри конеъ кардани нафси харомат чизе накардаи))шумо мехохед дар дар 10-15ба сатхи аврупо бароем а??кур ту асти ки ин пешрафту ободиро намебини зиндагии 5сол пешата бо имруз мукоиса кун ))ji.bох ташакур барои суханхои самими

фирдавс комилов!
дар 15 сол рост мегуед, аврупо сохта намешавад, вале бо рахмонов ва оилаи рахмонов то 200 соли дигар хам давлат сохта намешавад.

"Кӣ ба Эмомалӣ Раҳмон “бевафоӣ” мекунад? " Мову шумо мекунем, чунки кори дигар надорем ба чуз хок партофтан чониби Хукумату сарвараш, акнун чунин як давлати ободро ки намехохад сарвари кардан! Агар мо захматхои ин марди ватандустро нодида гирем кур мешавем. харгуна мухолифхо пайдо шуданхам аз он сабаб аст, ки Точикистон имруз ободу зебо ва як давлати сохибмустакил аст. У мардони бонангу номусдор дар солои 1992 то 97 дар кучо буданд, ки ба мо сулх биоранд, мардумро аз гуруснаги рахои намояд? Сарро таги токи карданд ва имруз мехоханд сои у нафареро, ки барои давлат захмат кашид ва ободаш кард бигиранд. Ман мегуям, ки намедихад ва хуб мекунад.

Исфараги
ju box,
Ачоиб!О пешшрави набошад чиро гуем?Шумо зери мафхуми ободи чиро дар назар доред:*?Он ду се мошини хоричиву,ду себинои нав ин хама ХУНБАХОИ мардуми азияткашидаи точик дар Руссия аст,на хукумат!Он ду се иншооте,ки дар муддати 21 сол сохта шудааст,дар сатхи ДАВЛАТИ хеч аст!дар муддати тулони.ХЕЧ!Ва онхо бошад хам аз хисоби карз гирифта шудааст,ки боз аз хамин мардуми точик бо воситаи баланд бардоштани андозу чаримахо в нархномахои давлати,баршардонида мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)