Бахшҳо
23 июл 2013 10:41Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эътирофи раиси калонтарин ноҳияи қарздори Хатлон: "Корам суст"

Ҷумъахон Сафаров, раиси ноҳияи Шаҳритус, мушкили андозбандию андозғундории ҳозираи ноҳияро сабаби асосии чандин моҳ боз пардохт нагаштани музди маоши омӯзгорон мегӯяд.

Раиси ноҳияи Шаҳритус зимни нишасти матбуотиаш ба суоли хабарнигорон дар бобати аз моҳи феврал инҷониб пардохт нагаштани ҳақмузди омӯзгорон изҳор дошт, ки “маоши муаллимонро то моҳи июн ҳисобӣ кардем ва рухсатипулии 5-6 нафарро низ пардохт намудем.” Ӯ мавҷуд будани мушкилотро дар ин бахш таъйид карда, афзуд, ки “мушкили корро баъзеашро гуфта наметавонам, вале асосан фактори одамӣ аст ва кори сусти мо низ ҳаст.”

Сафаров афзуд, ки “мо 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ фақат иҷроиши андоз дорем. Аз рӯйи имкониятҳои мо иҷроиши ин нақшаи андоз беҳад мушкил аст. Ҳангоме андоз иҷро намешавад, маош низ намешавад. Мо наметавонем гӯем, ки ин андозбандӣ нодуруст аст, аммо қувватамон намерасад. Аз 10 намуди андоз 6 намудаш иҷро нашуд. Баъзе намудҳои андозе ҳастанд, ки иҷроишашон тамоман имкон надорад. Мисол, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида. Мо корхонаи калон қариб ки надорем. Хоҷагии обамон 1 миллиону 370 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор аст, аммо мо наметавонем амволашро ҳабс кунем ва андозро бигирем, чун об зарур аст ва онҳо моликияти калон надоранд, ба ҷуз идораашон.”

Дар ҳамин росто, раёсати андози вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки ноҳияи Шаҳритус миёни 25 шаҳру ноҳияи вилоят ягона ноҳияест, ки нақшаи андозашро аз аввали сол комил адо нанамуда, онро ба 86 дарсад расонидаасту бас.
Мӯҳр
рахмати Худо ба шумо Ч САфаров шумо мардумро дарк кардед офарин мо фоида намекунем мохое мешавад лекин андозро мурда мурда нони дахони фарзандонро канда месупорем ана акнун хамун коркунони андозро ба дуконхои мо оварда як моху ду мох шинондан даркор то фахманд ки аз сахар то бегох на хона мегуему на зану фарзанд дар бозорем намехурему намепушем рузамонро гузаронем ба кадри кори бозор расанду аз хаво гап назананду фишор ба мои мазлум наоранд хол он ки уно аз хисоби буча зиндаги доранд як руз дар бозор шинанд ру ба гурез мезананд

Эй раиси худобехабар! Магар шарм намедори, ки руирост дуруг мегуи? Аз аввали сол инчониб дар катори омузгорон дар нохияи зеридораат ба кормандони тибб низ маош пардохт карда намешавад. Аммо кормандони дастгохи Хукумати нохия саривакт маош ва хатто мукофотпули низ мегирифтанд. Мардумро ба чонаш расонида боз шарм надошта кори сусти мо мегуи. Ту умуман кор намекуни ва он косалесони дар атрофат буда низ сиёсати пешгирифтаи туро пайгири мекунанд. Бехтараш ба истеъфо рафта мардумро аз чабр озод намо. Албатта гайрату шучоати мардиву инсоният барои ин кор басандаги намекунанд. Пустакро ба руй кашида метавони то ба вазифаи нав таъин гардиданат зулмро ба мардуми бечора раво дидан гири. Лекин дуои мардуми бечора мегирад. Худ ва фарзандонатро аз чазои Худованд ва мардуми бечораро аз чабри худ озод намо!

Бегмат
Хайрият як нвфар гунохи хукуматро эътироф кард, ин эътирофи раиси як нохия не, балки эътирофи як намояндаи хукумат аз галат будани низоми андозбанди ва эътирофи зулми хукумат ба мардум аст. Тарафи дигар, холо мебинед, бо кариб шудани интихобот пул пайдо мешавад ва ба муаллихо пулро медиханд ва мегуянд бо сиёсати хирадмандонаи чаноби оли ба шумо пул додем вагарна пул нест ва акнун протоколхоро медонед ки ба фоидаи ки чамъбаст кунед. Баъд мебини ки муаллимхо пусти ночавонмардиро ба руй кашида, гур сузаду дег чушад гуфта, камархоро барои такаллуб дар интихобот махкам мебанданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)