Бахшҳо

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Президент Зайдро озод карда, узр пурсад”

Гуфтугӯи Абдулғанӣ Абдулваҳҳоб, хабарнигори “Озодагон” бо профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар бораи қазияи Зайд Саидов, вазъи сиёсиву иқтисодӣ, адолати додгоҳӣ ва қарзҳои хориҷии Тоҷикистон.


Озодагон: Шумо дар бораи парвандаи ахири Зайд Саидов, ки дар он ба таҷовуз муттаҳам мешавад, чӣ мегӯед?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Ин овозае беш нест ва ба он бовар надорам. Агар Шумо низ ба рафти тафтиши парванда, шаҳодати шоҳидон ва он чизе, ки онҳо гуфтаанд, назар афканед, аз комилан характери сунъӣ доштанаш огоҳ хоҳед шуд. Ӯ бегуноҳ аст. Вақте Саидов тасмими худро дар бораи таъсиси ҳизби сиёсӣ эълон кард, бо ман ҳам сӯҳбат карда буд. Мо баъд аз суҳбатҳои зиёд гуфта будем, ки ин ҳизб аслан ба соҳаҳои рушди иқтисод аҳамият медиҳад ва боз дар байн ба тамоми масоиле, ки дар рушди иқтисоди кишвар вуҷуд дорад. Инчунин ба масъалае, ки ҳизб ба он диққати ҷиддӣ медод, ин рушди соҳаи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон буд. Зеро вазъи соҳибкорӣ дар кишвар чандон хуб нест. Соҳибкороне, ки дар паси “амак”-е нест, онҳо аз тарафи сохтори давлатӣ, ба хусус бюрократҳо ҳамчун объекти таҳқир қарор мегиранд. Масалан, ҳоло дар кишвар 21 сохтори тафтишкунанда вуҷуд дорад, ки меояду тафтиш мекунад ва ҳаққи худро гирифта меравад. Агар ба ҳамаи онҳо чизе надиҳед, ҳамааш метавонад як парвандаи ҷиноӣ боз кунад. Барои мисол, якеаш мегӯяд, инҷо хатари сӯхтор вуҷуд дорад. Ба ҷуз ин, боз худи сохтори қудратӣ низ беинсоф шудаанд, онҳо низ дасти худро дароз мекунанд. Ба Зайд Саидов гуфта буданд, ки ба Тоҷикистон баргард ва он маблағҳое, ки дар хориҷ аз кишвар дорӣ, барои рушди иқтисоди ҷомеа истифода бар. Яъне, мо тамоми имкониятҳоро фароҳам мекунем, ки дар инҷо тиҷорати ту хуб пеш равад. Ман гуфта наметавонам, ки тиҷорати Саидов дар кишвар рушд намуд. Албатта, дар бархе равандҳо нашъунамо дошт, вале дар аксарият не. Танҳо хисорот медид. Барои мисол, корхонаи “Азот”-и шаҳри Сарбанд, корхонаи “Гулистон”, ки дар он Саидов низ саҳм дорад, бинои “Пойтахт”, ки аслан покети саҳмияҳо дар дасти бародарони рус аст, хисорот меоранд. Вале бо вуҷуди ин, тиҷорати бузург мебошанд. Мутаассифона, кормандони амният ба ҳамин қабил ашхос, ки онҳоро “рейдер” гуфтан мумкин аст, аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Зеро медонанд, ки агар диққати ҷиддӣ диҳанд, аз Тоҷикистон нобуд хоҳанд шуд. Албатта, онҳо ҳама медонанд, вале гуфта наметавонанд. Чун онҳо ба худи оила алоқамандӣ доранд. Хуб, агар гӯем, ки ҷинояти Саидовро пайдо карданд, ҳоло боз супориш шудааст, то боз пайдо кунанду ба ӯ бор намуда, тиҷораташро аз худ кунанд. Аммо сухан инҷо дар бораи он меравад, ки мо вориди Иттиҳоди гумрукӣ шавем. Дар ин иттиҳод Қазоқистон, Русия ва Беларус дохиланд. Ин тиҷорати Зайд Саидов ҳамроҳи русҳо мебошад. Вақте инҷо молу мулки русҳоро кашида мегиранд, пас, русҳо дар бораи кишвари мову шарикони ояндаи хеш чӣ фикр мекунанд? Аз ҳама бадии кор дар ин аст, онҳо намедонанд, шарикони Саидов, яке аз Русия ва дигаре аз Украина мебошад. Инҳо шахсони хеле муътабаре ҳастанд, ки таъсири бузурге метавонанд дар кишварҳои муштаракулманофеъ ва берун аз онҳо расонанд. Ҳоло эҳтимол бархе аз бародарон ин ташаббусро ба миён овардаву корро то ин ҳад расонидаанд, орзуи аз худ намудани ин моликиятро доранд. Бархе аз моликиятҳо буд, ки онҳоро аз худ намуданд. Аммо касе эътибор надод. Агар ин “рейдерҳо” ин моликиятро гиранд, на танҳо давлатҳои муштаракулманофеъ мефаҳманд, ки дар Тоҷикистон чӣ гап аст, балки берун аз онҳо низ дарк хоҳанд кард. Дар маҷаллаи “Экономист” матлаберо дар бораи Тоҷикистон хондам, ки ин бисёр як шармандагӣ аст. Ба ақидаи ман, он нафароне, ки ин амалро карда истодаанд, нобино мебошанд. Зеро ин боиси комилан аз байн рафтани обрӯи кишвар ва раисиҷумҳур мешавад. Бе ин ҳам на Тоҷикистон обрӯ дорад ва на раҳбаронаш. Илова бар ин, ин кор боз якбора обрӯро аз байн мебарад. Ба фикри ман, раисиҷумҳур ба хотири паси панҷара шудани Зайд Саидов аз 300 то 500 ҳазор интихобкунандаи худро аз даст додааст. Ба хотири дубора баргардондани электорати худ, бояд Зайд Саидовро озод намуда, аз ӯ шахсан узр пурсад.”

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Президент Зайдро озод карда, узр пурсад”“ТО ИНТИХОБОТИ ДИГАР САДҲО ЗАЙД ПАЙДО МЕШАВАД”

Озодагон: Ба фикри Шумо, чаро парвандаи охир танҳо дар лаҳзаҳои охири боздошти думоҳаи Зайд Саидов ба миён омад?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Албатта, инҷо тахминҳо вуҷуд дорад. Якум, он чизе дар боло гуфтем, яъне нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд тиҷорати Саидовро аз худ кунанд. Чӣ тавре аз дигаронро аз худ карданд. Онҳо архитектураи коррупсия дар Тоҷикистон мебошанд. Дуюм, онҳо ба хулосае омадаанд, ки агар Зайд ҳизби сиёсӣ созад, гарчанде ӯ гуфт, мо дар интихоботи пешорӯӣ ширкат нахоҳем кард, дар интихобти 7 соли баъд ширкат хоҳад кард. Яъне, бар инанд, ки агар то интихоботи дигар Саидов аз байн равад, дигар касе барои пешбарии номзад намемонад. Вале дар он интихобот ба ҷои Зайд Саидов садҳо Зайди дигар ба миён хоҳанд омад. Ман ҳам бовар доштам, ки баъди ин 7-сола дар интихоботи дигар Зайд Саидов азбаски ҷавон аст, номзадии худро мегузорад. Имрӯз дар Тоҷикистон тақрибан ҳокимият вуҷуд надорад. Мисол, президент - президент, сарвазир - президент, раиси ҳукумат - президент. Қувваи додгоҳӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, президент чӣ гӯяд ҳамон мешавад. Амният ва додситонӣ низ инчунин. Ин сохторҳо барои манфиатҳои президент фаъолият мекунанд.”

“ФАТТОҲ САИДОВ БИЁЯД, РӮЙХАТИ ФАСОДКОРОНРО МЕДИҲАМ”

Озодагон: Шумо дар бораи азхудкунии тиҷорат ва матолиби нашрияҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ҳарф задед, ҳоло иқтисоди Тоҷикистон дар кадом вазъ қарор дорад?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Вазъи сиёсию иқтисодии кишвар чандон хуб нест. Мо ҳар вақт дар бораи вазъи иқтисоди кишвар ҳарф занем, аввал дар бораи вазъи зиндагии мардуми кишвар суҳбат мекунем. Зеро мақсади ниҳоии рушди иқтисод ин беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум аст. Баъзеҳо мегӯянд, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар поин рафтааст. Вале, барои мисол, ман медонам, ки дар Академияи улуми кишвар нафареро пайдо карда намешавад, ки аз ҳудуди камбизоатӣ берун рафта бошад. Имрӯз ман ва худи президенти Академия низ камбизоат ҳастем. Ҳоло 60 дарсади фарзандони аҳолии кишвар барои чӣ ба муҳоҷират мераванд, ин яъне аз камбизоатист. Ҳатто он нафароне, ки бо ҷои кор дар дохил таъмин мебошанд, дар фикри ба хориҷа рафтан ва доштани як маоши хубу зиндагии муътадил ҳастанд. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки вазъи иқтисодии кишвар хеле хароб мебошад. Зиндагии мардуми моро имрӯз он якуним миллион муҳоҷири корӣ таъмин мекунад. Агар сухан дар бораи манбаъҳои дохилӣ равад, худи Шумо огоҳ ҳастед, имрӯз маоши миёна тақрибан 400-500 сомонист, ки бо ин пул дар шароити кунунӣ як оиларо танҳо бо маводи озуқаворӣ таъмин кардан мумкин нест, либосу барқ он тараф истад. Илова бар ин, дар кишвар ягон корро бе ришва буд карда намешавад. Тақрибан 20-30 дарсади маблағи мо барои пора додан меравад. Шумо ба худи Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасод расонед, ки азбазски ман бемор ҳастам, ба назди ман ояд, то ба ӯ рӯйхати ҷинояткоронро диҳам ва гӯям киҳо кишварро ба ин сатҳ расонидаанд. Ӯ танҳо муаллимони макотиби миёна ва олиро тафтиш мекунад.”

“МО БЕ ПУЛИ МУҲОҶИРОН ҲЕЧЕМ”

Озодагон: “Шумо гуфтед рӯйхати ҷинояткоронро доред, ин тахминӣ аст ё воқеан назди Шумо чунин як феҳраст вуҷуд дорад?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Агар хоҳанд, расман онро навишта медиҳам. Имрӯз касе соҳиби қаср аст, бояд ба маҳбас кашида шавад. Зеро ҳамаи онҳо ҷинояткор мебошанд. Барои мисол, дар шароити кунунӣ бо ин маош, ки бигзор ҳазор доллари амрикоӣ низ бошад, ингуна қаср сохтан ғайри имкон аст. Барои чӣ раисиҷумҳур намегӯяд, ки ин қасрҳои сохтаи раиси ширкати Роҳи оҳан дар кӯчаи Карамови Душанбе аз куҷо мебошанд. Агар ман созам, аз ман мепурсанд. Вале шахси наздики президент месозад, аз ӯ намепурсанд. Ман ба хулосае омадаам, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи беадолатӣ барпо шудааст ва ин ҷомеа дар давоми 20 сол ба миён омадааст. Дар даврони Шӯравӣ бо вуҷуди он нуқсони доштаи ҷомеа, ҷомеае буд, ки дар он адолати иҷтимоӣ таъмин карда мешуд. Ҳоло дар Тоҷикистон ҷомеаи беадолатии иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст. Ин ҷомеа дар давоми 20 соле ба миён омадааст, ки онро Эмомалӣ Раҳмон раҳбарӣ мекард. Дар натиҷаи ҳамин беадолатӣ ва набудани сиёсати илман асосоноки иқтисодӣ беш аз якуним миллион шаҳрванди кишвар ба муҳоҷират рафта, бо азобу кулфат гирифторанд ва ҳар сол қариб якуним ҳазор тобут меоранд ва касе ба ин аҳамият намедиҳад. Вазъият то ин ҳад бад шудааст, ки мо бе хориҷа зиндагӣ карда наметавонем. Яъне, зиндагии имрӯзаи мардуми тоҷик бе омили беруна таъмин карда намешавад.”

Озодагон: Яъне, агар муҳоҷират набошад...

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Бале, агар муҳоҷират набошад, дар мо гуруснагӣ рух медиҳад. Ин гуфтаҳо бидуни шубҳа мебошад. Шумо метавонед он қисмати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ВВП)-ро, ки барои истеъмол меравад, ба ҳар як кас тақсим кунед, канӣ чӣ қадар мерасад.”

Озодагон: Сабаби аслии рушд накардани иқтисоди кишвар, ки, албатта, омилҳои зиёдеро мегӯянд, ба назари Шумо чист?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Сабаби асли сиёсати нодурусти ҳукумат мебошад. Иқтисоди мо аслан рушд надорад, он гузоришҳо ҳама нодуруст ҳастанд.”

ХАТАРИ ҚАРЗҲОИ ХОРИҶӢ

Озодагон: Дар бораи қарзи берунӣ ё хориҷии Тоҷикистон чӣ мешавад гуфт, ки ба қавли мақомот аз марзи 2 миллиард доллар гузаштааст...

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Қарзи хориҷии Тоҷикистон тақрибан 2 миллиарду 20 миллион доллар мебошад, шояд зиёд ҳам шуда бошад, чун ин нишондоди пешина аст. Ҳар вақт гап сари қарз равад, мегӯям, ин қарзҳо хатар доранд. Вале вазири молия ва атрофиёнаш мегӯянд: на. Ин аз нишондиҳандаи ҳудудии қарз, ки ба амнияти иқтисодӣ ва миллӣ зиён мерасонад, пасттар мебошад. Онҳо, албатта, як формулае доранд, ки меоранду мегӯянд пасттар аст. Масалан, ҳудуди хатарро замоне мегӯянд, ки ба 40 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расида бошад. Вале гап дигар аст. Ба фикри ман, мо набояд дар бораи ҳудуд андеша кунем. Он ҳудуд барои давлатҳое мебошад, ки дар онҷо рушди муътадили иқтисод, бахусус рушди сектори истеҳсолии иқтисод таъмин карда шудааст. Аммо гап инҷост, ки тамоми ин қарзҳое, ки Тоҷикистон мегирад, якум назорати ҷомеа аз болои он вуҷуд надорад. Қарзҳо ғайрисамаранок истифода мешаванд. Қарзҳо бештар ба сохтмон истифода мешаванд, на ба сектори реалии истеҳсолот.”

“АГАР ҚАРЗИ ЧИНРО ДАР ВАҚТАШ НАДИҲЕМ...”

Озодагон: Ба назари Шумо ин раванд чӣ паёмаде дорад?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Хатар инҷост, ки қарзҳои мо бештар аз ҳисоби давлатҳо мебошанд. Яъне, давлатҳо қарз медиҳанд ва қарздиҳандаи асосӣ Чин мебошад. Чин ба тамоми ҳамсояҳои худ як талаби ҳудудӣ (тереториявӣ) дорад. Агар мо қарзи Чинро сари вақт баргардонда натавонем, боварии комил дорам, як қисмати замини моро талаб мекунад. Дар умум, тамоми қарз хатар дорад, мо қарзҳоро ноҷо истифода мебарем. Барои мисол, яке аз қарзҳое, ки мо гирифтем, барои сохтмони роҳи Душанбе-Хуҷанд буд. Роҳ сохта шуд ва онҳо гуфтанд, мо пул ҷамъ карда, қарзро боз мегардонем. Мо гуфтем, хуб, вале маълум гардид, ки ин пулҳо ба ҷайби яке аз хешовандони президент меравад ва ин парлумони ноқобили мо ин чизро тасдиқ кард. Ширкати IRS (Иноватив Роуд Солюшнз) бояд, пулро ҷамъ карда, ба буҷа месупорид ва Вазорати молия онро ҳисоб намуда, ба Чин медод.”

Озодагон: Шумо гуфтаниед, ки ҳоло пули роҳи Душанбе – Чаноқ ба ҷои дигар мераваду қарзи мо роҳ ҳамоно боқист?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Бале, қарз боқист, вале он фоиз ҳам дорад. Он сол аз сол зиёд мешавад ва мо бояд онро баргардонем. Агар барнагардонем, боз иддаои замин пеш меояд. Яъне, ҳеч кадом кишваре ҳамин тавр пул намедиҳад.”

“ВАЗИРИ МОЛИЯРО ПУРСИДАН ДАРКОР, КИ ЧӢ ДОРАД”

Озодагон: Шумо гуфтед, қарзи мо тавассути ҷомеа назорат намешавад, яъне чӣ гуна бояд назорат шавад?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Бояд инҷо аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар ҷузъҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд инро назорат кунанд. Инчунин, Вазорати молия бояд дар назди ҷомеа ҳисоботи дақиқ диҳад. Аммо ҳисобот намедиҳад. Он чизе, ки вазири молия мегӯяд, ман ба он бовар надорам. Худи вазири молияро низ дидан даркор, ки чӣ дорад. Новобаста аз он ки ба номи бародараш аст, ё дигар пайвандонаш. Ҳамаро бояд тафтиш карду пурсид, ки инҳо аз куҷоанд. Бо ин музди вазирӣ инро аз куҷо пайдо кардед.”

“ҲАМА МЕГӮЯНД, АМАЛ НЕСТ”

Озодагон: Шумо гуфтед, ҷомеаи шаҳрвандӣ назорат намебарад. Айб дар куҷост: Ҷомеаи шаҳрвандӣ ё мақомот, ки имкон намедиҳад?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Инҷо ҳам ҳукумат ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ айбдоранд. Ҳукумат дар он гунаҳкор мебошад, ки барои рушди ҷомеаи шаҳрвандии замонавӣ ва муътадил ягон коре намекунад. Аҳзоби сиёсӣ низ айбдору заиф ҳастанд. Барои мисол, Ҳизби коммунист барои муқтадир гардонидани ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ кор кардааст? Ҳатто Ҳизби наҳзати исломӣ низ коре накардааст. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бисёр изҳорот медиҳад, вале гап ҳасту амал не. Ман дар ёд надорам, ки барои пурқувват гардонидани ҷомеаи шаҳрвандӣ ин аҳзоб ба номи парлумон ё раисиҷумҳур номае навишта бошанд. Ҳоло бештари мардуми мо намедонанд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ барои рушди минбаъдаи ҷомеа чӣ нақш дорад. Зеро сатҳи сиёсии мардум хеле поин аст. Барои боло бурдани ин сатҳ ҷомеаи шаҳрвандии пурқувват лозим аст.”

Озодагон: Шумо дар ҳоле аҳзоби сиёсиро заиф медонед, ки онҳо мегӯянд, дар тӯли шаш моҳ кишварро ба истиқлолияти энержӣ хоҳанд расонд...

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Дар давоми шаш моҳ ин корро кардан номумкин аст. Ба фикри ман, барои он ки дар муддати шаш моҳ кишварро ба истиқлолияти энергетикӣ расонд, аз 7 то 10 миллиард доллари сармояи озод дар Тоҷикистон дошта бошем, ки равона кунем ба хоҷагиҳои гуногуни халқ. Аммо ингуна ҳолати молиявӣ надорем ва ман намедонам онҳо ба чӣ бовар доранд. Не, ин кор ҳатто дар давоми як сол низ ғайриимкон аст.”

Озодагон: Шумо дар мавриди арзиши пули миллӣ чӣ гуфта метавонед. Он дар кадом вазъ қарор дорад?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Арзиши пули миллиро ҳамон долларҳое, ки аз хориҷ, аз Русия ва Қазоқистону дигар кишварҳо меоянд, нигоҳ дошта истодаанд. Агар ин намешуд, кайҳо қурби худро аз даст дода буд.”

ДАР БОРАИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ОИЛАИ Ӯ

Озодагон: Устод, мо дар рӯзи 22-уми июл суҳбат мекунем, ки дар гузашта ҳамчун рӯзи забон шинохта мешуд ва суоли мо низ ин аст, ки дар бораи интиқоли ин рӯз аз 22 июл ба 5 октябр чӣ андеша доред?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Ба фикрам, санаи дуюмӣ ба зодрӯзи раисиҷумҳури кишвар рост меояд. Инро махсус кардаанд. Ин як чорабинии пурқувват кардани шахсиятпарастӣ мебошад.”

Озодагон: Яъне, Шумо ҳамоно рӯзи 22-уми июлро рӯзи забон медонед?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Бале. Ман фикр мекунам, ки президент ҳоло бояд аз ду чиз даст кашад. Якум, президент ва оилаи ӯ аз фазои ҳуқуқӣ берун мондаанд. Онҳо бояд ба ин фазо боз гарданд. Дуюм ин ки президент бояд аз сиёсати эълоннашудаи маҳалгароӣ бояд даст кашад. Зеро ин маҳалгароӣ боиси тезутунд шудани минтақаҳои гуногуни кишвар шуда, миёни мардум ҷудоӣ шуда истодааст. Масалан, як бадбиние нисбати мардуми Кӯлоб шуда истодааст, ки онҳо сазовори он намебошанд. Онҳо бисёр як мардуми муътабаранд. Аммо бадбиние ҳаст, ки чаро онҳо дар ҳамаи ҷо ҳастанду мо не?! Барои мисол, ягон вазири қудратӣ аз минтақаи шимол нест. Ягон раиси навоҳии шаҳри Душанбе аз шимол нест.”

“МО ҶУМҲУРИРО АЗ ДАСТ МЕДИҲЕМ...”

Озодагон: Ба андешаи Шумо, агар вазъ ингуна идома ёбад, чӣ паёмаде моро интизор аст?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Агар вазъ ингуна идома ёбад, мо ҷумҳуриро аз даст хоҳем дод. Зеро агар имрӯз узбак ба мо ҳамла кунад, мо худро ҳимоя карда наметавонем. Зеро узбак техникаи зиёд дораду мо надорем. Мо ба ҷои он ки техника харем, пулҳоро дуздида дар ҳисобҳои бонкҳои хориҷӣ мегузорем. Агар раисиҷумҳур ватандӯст ва ҷонибдори миллат бошад, ҳамин рӯз фармон медиҳад, ки тамоми пулҳои дар хориҷбуда баргардонида шаванд. Новобаста аз он ки пули фаррош аст ё аз раисиҷумҳур. Агар ингуна нашавад, ҳадди ақалл эълон карда шавад, ки ин пулҳо барои харидории чанд танку чанд чархбол мерасад.”

“ХОБИ ОНҲО МЕБАРАД, ХОБИ МАН НЕ”

Озодагон: Чанде қабл як коршиноси рус гуфта буд, ба артиши Тоҷикистон наметавон ҳамчун нерӯи ҷиддӣ эътимод кард, Шумо бо ин розиед?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Бале, артиши мо аз уҳдаи ягон чиз намебарояд. Худо накунад, ки Толибон аз тарафи Ҷануб ё узбакҳо аз тарафи Ғарб ба мо ҳамла накунанд. Ман намедонам, бо ин вазъ онҳоро чигуна хоб мебарад, агар воқеан хоб барад, маънои бемасъулиятии онҳоро дорад. Шахсан маро хоб намебарад, ки ҳоло узбакҳо пайдо мешаванд. Вақтҳои охир дар Узбакистон як маърака рафта истодааст, ки мегӯянд, тоҷик вуҷуд надорад ва ҳамаи ин тоҷикҳое, ки дар Осиёи Миёна ба сар мебаранд, инҳо ҳамон узбакҳое мебошанд, ки дар зери таъсири омилҳои гуногун забони форсиро қабул кардаанд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо мегӯянд, Тоҷикистон моли мост. Яъне, ин тоҷикҳои Тоҷикистон узбак ҳастанд. Тамоми танку тӯпи узбак дар марзҳои Тоҷикистон мустақар мебошанд ва агар Худое накарда ҳуҷум кунанд, пас, мегӯянд, адолат барқарор карда шуд. Яъне Тоҷикистонеро гирифтем, ки мардуми он аслан узбак буданд. Як маъракаи зиддитоҷикӣ дар Узбакистон доман паҳн кардааст. Мо таҷрибаи талх дорем, вақте узбакҳо ба Душанбе омаданд, генотсиди тоҷикҳо ба миён омад. Ин мардум хап мебошанд, чун узбакҳоро ҳамроҳ оварда буданд. Имрӯз вазъияти бехатарии Тоҷикистон бисёр бад аст, бояд чораҳои фаврӣ дид.”

Озодагон: Дар ин вазъият чӣ бояд кард?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Фикр мекунам, тамоми он пулҳои тоҷикон, ки дуздида ба хориҷ бурда ё дар бонк мондаанд ё хонаву чизу чора харидаанд, бояд баргардонида шуда, новобаста аз он ки аз кӣ мебошанд, бояд ба пули онҳо силоҳ харид.”

“ПУЛҲОРО БАРГАРДОНЕД!”

Озодагон: Пулҳои дуздидашуда яъне чӣ? Кадом пулҳоро дар назар доред?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: “Пулҳое, ки тариқи мансабдорон ва хешутабори онҳо пинҳонӣ ба хориҷ аз кишвар мераванд ё худ манбаҳое доранд, ки ғайриқонунӣ даромад меоранд. Имрӯз дар Тоҷикистон соҳаи истеҳсолот умуман тараққӣ накарда истодааст. Агар касе чизе созад, қаср месозад. Аммо корхона намесозад. Барои мисол, дар назди сафорати Амрико як шаҳрчаи қасрҳо ба миён омадааст. Дар ягон давлат, ҳатто дар Русия чунин шаҳрча вуҷуд надорад. Ҳар як қасри он 10-15 миллион доллар меистад. Бо 10-15 миллион доллар қариб ҳамаи аҳолиро бо барқ таъмин карда метавонем. Агар онҳоро ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ истифода барем. Мо метавонистем сиёсати табодули воридотро ҷорӣ намуда, он ҳама корхонаҳои пештар вуҷуддоштаро барқарор кунему мардумро бо ҷои кор таъмин кунем ва дигар тоҷикҳо назди русҳо нараванд.”
Мӯҳр
Иброхим
Устод Ҳоҷимуҳаммад Умаров! ОФАРИН!!!

Ахсан устод.Аммо як чиз дар хукумат ягон нафар Кулоби нест Балки озир Дангара Кангурт Курган колхозобод.Кани ку нишондиед аз шахраки Кулоб ки сари вазифа аст,

Ин иқтисоддон ҳарфи ростро гуфтааст,ки радд карданаш намешавад.Бояд чунин шахс ба сари қудрат биёяд ва маслиҳатро аз у гирифтан даркор аст,офарин бар ҷасорати олим

Офарин устоди бузург, афсус ки чунин шахсон дар аз мудирияи хуб дар канор мондаанд. Боки Худо нигахбон устоди азиз Мо бо Шумо!!!!!!

Сироч
Устод саломат бошед бо чунин мардонаги ва сухани хакро гуфтанато.Дар асл хама бадбахтихо ин аз сёсати нодурусти хукумати кунуни бо сарварии Рахмон аст,ки давлат ва бучаашро бо ахли хонаводааш хароб кардаанд.

Бахтиер
Простл нет словь.Устод дарди дили 7.5млн гуфтед.

Бахтиер
инхо устод аз авлоди кориисматанд

Ахсан ба шумо Устод Хочимумаммад!!!!Ин хел суханхоро дар давлатамон гуфтан ин худаш як нишонаи кахромонист!!!!Зинда бошед Устод.

домулло умаров дар хакикат бемор будаед.зеро сафсата гуфтед да

Саломун алайкум. Бисёр мусоҳибаи хубу пурсамар, росташ муддатҳост як чунин матлабе дар расонаҳои тоҷикӣ нахонада будам. Ҳамин ки як коршинос, як донишманд бо далелу мадрак ва муҳимтар аз ҳама бо ҷуръату ҷасорут айбу нуқсонҳои ҳукуматро баён медорад ва аз раиси ҷумҳур гирифта то дигарон ҳамаро бепарво зери теғи интиқод қарор медиҳад, ин худ барои Тоҷикистон як навид ва башорат аст. Башорат аз ин ки Худоро шукр дубора руҳи озодагиву ҷавонмардӣ дар рагҳои хушкидаи тоҷик дар ҳоли дамидан аст.

профессор Ҳоҷимуҳаммад Умарови азиз ягона инсонест, ки дар хакикат Точикистонро аз чони худ болотар дуст медорад ОФАРИН УСТОДИ АЗИЗ ОФАРИН.
ДАР ТОЧИКИСТОНИ МО ЯГОНА ПРОФЕССОРИ ДОНИШМАНДИ ХАКИКИ ВУЧУД ДОРАД....... вале рости гап ман метарсам, ки боз хукуматдорон дар ягон кори бад тухматаш накунанд...

Ҳаёт Неъмат: "Он мактабҳои тоҷикие, ки дар замони Шӯравӣ амал мекарданд, дар замони истиқлол ҳама баста шуданд. Танҳо се мактаб боқӣ мондааст, ки аз синфи як то синфи нӯҳ яктоӣ синфи тоҷикӣ доранд. Дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ, ки дар наздикии шаҳр ҷойгир шудааст, миёни мактаб ва ҳавлии ман 200 метр масофа ҳаст. Пеш он мактаб 80 синфи тоҷикӣ дошт ва дар Узбакистон аз мактабҳои бузургтарин ба ҳисоб мерафт. Ягон мактаб ин қадар мутахассис тарбият ва ба камол нарасонидааст. Аз ин мактаб чандин математику физику химикҳои шинохта ва профессорҳо сабақ гирифта ва ҳоло дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Нависанда Адаш Истад ҳамин мактабро хондааст. Аммо ҳозир ҳамагӣ нӯҳ синф дорад ва талабҳояш ҳам аз 15-20 нафар беш нест."

ИСМОИЛ ТУ ДАР ОИЛАИ КАСАЛИХО ТАВВАЛУД ШУДАИ ЧИ МАГАР РОСТРО ГУФТ ХУШАТ НАОМАД.БЕНОМУС.

БАХТИЁР БА ФИКРАМ ТУИ АЗ ОН АВЛОД КОРИИСМАТ.!

Ahsan Ustodi Azizi
Bisyor suxanhoi durust wa dakik gufted.

Одил
Офарин Устоди бузургам ба ин хама кахрамоният! Худованд шифои комил насибатон гардонад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)