Бахшҳо

Барои 146 гол дар ду бозӣ футболбозон як умр аз ҳаққи ширкат маҳрум шуданд

Федератсияи футболи Нигерия (NFF) ҳамаи иштирокчиёни ду бозии лигаи ҳаваскориро, ки бо ҳисоби 79:0 ва 67:0 поён ёфт, якумр аз ҳаққи бозӣ маҳрум кардааст. Ҳар чор клуб бошад, барои 10 сол ҳаққи ширкат дар бозиҳои расмиро надоранд.

Дар изҳороти NFF омадааст, ки ному насаби бозигарон ва доварони ин рақобатҳо баъдан нашр мешаванд.

Дидори «Плато Юнайтед Фидерс» - «Акурба» (79:0) ва «Полис Машин» - «Бабаяро» (67:0) оғози моҳи июл баргузор шуда буд. Қабл аз бозиҳои даври охири плей-оффи дивизиони чоруми лигаи ҳаваскорон имтиёзи «Полис Машин» ва «Плато Юнайтед Фидерс» баробар буд. Дар сурати пирӯзии ин дастаҳо дар даври охир аз рӯйи таносуби тӯбҳо ғолиб муайян мешуд (қабл аз бозӣ он ҳам баробар буд).

Чун «Плато Юнайтед Фидерс» бо ҳисоби бештар дастболо шуд, мебоист маҳз он дар ҷадвали мусобиқот ҷои аввалро ишғол мекард, аммо раҳбарияти лига натиҷаи ҳар ду бозиро бекор кардааст.

Муҳаммад Санусӣ, сарвари кумитаи мусобиқоти Федератсияи футболи Нигерия натиҷаи ин бозиҳоро «шармандагӣ» хонда гуфта буд, раҳбарияти лигаи ҳаваскорӣ ояндаи наздик дар робита ба ин бозиҳо тасмим хоҳад гирифт.

Эммануэл Адесаня, дабири кумитаи иҷроияи лигаи ҳаваскорӣ «Плато Юнайтед Фидерс» ва «Полис Машин»-ро «тимҳои найрангбоз» унвон кард ва гуфт, ки барояшон дар лига ҷой нест. Вай ҳамчунин афзуд, довароне, ки ин бозиҳоро назорат мекарданд, мувақкатан аз кор ронда шудаанд.

Мӯҳр
Месси & Ронадлу отдыхают!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)