Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:27

Зоиров: Президент амалиёти Хоруғро “террори давлатӣ” эътироф кунад

23 июл 2013, 15:25

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократҳои Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатнома аз президент ва ҳукумати кишвар даъват намудааст, ки бо дарки масъулияту мардонагӣ амалиёти низомии 24-уми июл дар Хоруғро “террори давлатӣ” эътироф кунанду фармондеҳони амалиёт муҷозот гарданд.

Зоиров дар муроҷиатномааш ба президент, парламент ва ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, замони баҳогузории воқеии ҳаводиси Хоруғ фаро расидааст: “Мутмаинам, ҳаводиси моҳи июли соли 2012 дар Хоруғро ба ҷузъ як амали тарҳрезишудаи террори давлатӣ, чизи дигар номидан мумкин нест."

Зоиров, ки ҳамзамон раҳбари консорсиюми юридикии Тоҷикистон аст, таъкид мекунад, ки тайи солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризм, даст ба террори давлатии густурда болои аҳолии кишвар мезанад.
Зоиров бо такя ба ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ташреҳ медиҳад, террори давлатӣ ин боздоштҳои ғайриқонунӣ, кушторҳо, гаравгонгириҳо, шиканҷа ва қатли шаҳрвандон бе тафтишоту додгоҳ аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ мебошад. Бо зикри чанд асноди дигари байналмилалию илмӣ Зоиров амалиёти Хоруғро намунаи барҷастаи террори давлатӣ арзёбӣ мекунад.

Раҳбари Ҳизби сотсиал демократҳои Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки 24-уми июл, рӯзи ёдбуди зарардидагон аз фишору зӯровариҳои ғайриқонунӣ эълон гардад. Зоиров аз парлумон хостааст, ки бо Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тағйирот ворид шаванду амалиёти ғайриқонунии ҳукумат ва мансабдорон алайҳи аҳолии осоишта ба банди терроризм ворид гарданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Саид

  • 23 июл 2013 15:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И узбак сари хамара гаранг карда гаштаст бра ходисахои андичона терор бгу
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Туворихора садкаи хамин узбак куна. Гапи шумора гуш кунем, кадом точике, ки аз Гарм ё Кулоб нест, узбакай.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
on ishet momenti shtobi zarabativat ochki a gosudarstvu stavit mnusi...i eshe znaet shto,pamirsi na eto povedutsya
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз дасти ту баринхо Самарканду Бухороро аз даст додем! Хаминхел мардумро узбак гуфтангири боз Хуч,андро аз даст медих,ем! Ту худат узбаки!!!!
Посух додан
  • Изхор

  • 23 июл 2013 16:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин узбак игво кардесас! АНА и барои ин игвохояш маблаг мегирад бовар кунед. Ба хамин зоиров савол: Агар чинояткор бо рохи мусолихатомез ва бидуни ягон шарт таслим шавад ки ахолии осоиштаро кордор аст. О бо хуби нашуд мачбури камон каши !!!,,,,,,,,,,,,,,,,.........................гап хайф
Посух додан
  • Сироч

  • 23 июл 2013 17:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Садкаи номи хамин (узбак)-шавед .Ягон кас гапи хакро гуяд барои ин доброволетсхо уро даррав узбак ё хоин мебароранд.Аз Точики лаганбардор ,косалес ва хаки мардум хур дида хамин (узбак)-хо хазор маротиба хубтаранд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Майли мон хами узбак бошаду, лакай набошад. Имруз дар Точикистон факат гапхои лакайхо гузаштестай.
Посух додан
  • Salom

  • 23 июл 2013 18:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зоиров худро дар пеши мардуми Узбак ва Помир барои интихобот ширин карда истодааст.Содда нашавед мардуми Точикистон.
Посух додан
  • Адолат

  • 23 июл 2013 19:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахматулло Зоиров сухани хакро мегуяд. Наход,ки барои 4-нафаре,ки ба чиноят содир кардан.гумонбар мешуданд, куввахои мусаллахи кишварро сафарбар кардан даркор буд. Дар натича чи кадар мардуми осошта ба халокат расид. Агар ин ходисаи нанговар дар дигар давлатхо руй медод ,хукумат бо пурра ба истеъфо мерафт.

Р.Зоиров хакро мегуяд.Дар ш.Кулоб хам хамин тавр амалиёти номардонаву гайри конуни гузаронида буданд,ки дар натичааш,4-нафар мардуми осоишта ба халокат расида буданд. Мо мардуми Кулоб он рузхоро хеч вакт,фаромуш намекунем. Ва он нафароне,ки дар ш.Кулоб ба бедодгариву амалхои гайриконуни рох доданд,иншооллох дар назди мардуми Кулоб , чавоб хоханд гуфт.
Посух додан
  • Smad

  • 23 июл 2013 22:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Zoirov 100% uzbakay mardum boyad inro donand man az kadom sabab meguyam ki rohbari uzbaktaboroni viloyati khatlon muovinash bud dar hizbash bo nomi Salim Shamsidinov man vayro az khurdiam medonam bisyor millatchi bud bo barodaras Sadrdin Shamsidinov bo shyosat madoroy uzbakiston raftu omad doshtand to munosibathoi bayni davlatho sard shudanro hato dar bisyor mavridho uzbakho dar borai Rahmatulo Zoirov bayni khud gap gap mekardand baroi hamon az devori kaj hazar meguyand ygon Tojiki asilro boyad pesbari namoem ki millat dar khatar naboshad !!!
Посух додан
  • Абдуллох

  • 23 июл 2013 23:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сироч лаганбардору косалес худат хасти хамаи точикора нагу касе ки хаст хамура бгу е якчанд лаганбардор бгу ихе лаганбардор хо да хама давлат хаст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахматуло Зоиров 100% узбак аст. Барои он ки муоаинаш дар хизбаш раиси узбакхои вилояти Хатлон буд ! Бо номи Салим Шамсидинов бисёр милатчи аст бо бародараш Садрдин Шамсдинов ман онхоро хуб мешиносам бо бисёри сиёсатмадорони узбак рафту омад доштанд то муносибати ду рохбари кишвар сард шудан ! Хато аз интихобот хабарехам набуд узбакхо дар бораи номзадии Рахматуло Зоиров мш мш мекарданд байни худ дар бисёр чойхо барои хамон аз девори кач хазар мегуянд бояд ягон Точики асилро бешбари намоем барои бехатар будани кишварамон !!!
Посух додан
  • лукмон

  • 24 июл 2013 00:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
узбаку точик гуфта девонамон каден касе фикри хами тенчира намекна
Посух додан
  • Собирчон

  • 24 июл 2013 09:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин бародар Сироч узбакаро чонибдори кунед ягон сум мета!!!! Хаму Зоиров барои ин кораш аз хочагонаш пули зиёд мегирад!!! У худ хукукшинос аст, медонад, ки давлат бар зидди одамрабои ва фуруши наркотик мубориза бурд, боз шарм накарда терор мегуяд амалиётро аз дар хакикат Ватандуст бошад росташро гуяд, ки барои чи ин амалиётро террори давлати номидааст? Мардуми точик ба у бовар накунед, вай як ачнаби аст барои мо зодаи точикистон нест, чаро ба у бовар кунем!!! Як игвогар беш нест!!!!!!!!! Аз масъулини сомона хохиш мекунам чоп кунед!!!!!
Посух додан
  • Шахрванд

  • 24 июл 2013 10:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин аклашро хурдаст
гох итараф мезана гох у тараф бо Хоруга сабаб кадесай, игвоандози кардес ин узбак тамоман гузаронд. Ин медона ки хеч кас овозаш намета ин то ноябра дилкаф мешава. Гайр аз чанг андохтан мардума нисбати хукумат ягон масъалае дигар аз дасташ намеояд о як масъалаеро ба миён гузор ки ба нафъи мардум бошад. Мардуми азизу мехрабон, халки точик як чиро фаромуш накунед, ки хизб гуфта ин ягона максад сари кудрат омадан аст на ёри додан мардум.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!