Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:43

Тоҷикон бештар бо узбаку қирғизҳо никоҳ мебанданд

23 июл 2013, 16:00

Дар нимсолаи аввали соли равон 57 никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо атбои хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.

Равшаной Умарова, сардори Раёсати сабти асноди шаҳрвандии Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми июл, зимни нишасти хабарии Вазорати адлия иброз дошт, ки аксаран шаҳрвандони тоҷик бо сокинони кишварҳои ҳамсоя никоҳ мебанданд: “Аз ҷумла, бо шаҳрвандони Узбакистон, Қирғизистон ва он нафароне, ки душаҳрвандӣ доранд. Яъне, ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳам шаҳрванди Русия ҳастанд.”

Дар ин нишаст гуфта шуд, дар 6-моҳаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 218 856 аснод, аз ҷумла 96 917 сабти таваллуд, 42 151 ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Равшаной Умарова мегӯяд, бекор кардани ақди никоҳҳо дар ин нимсола 4 ҳазору 107 ададро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад зиёд мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Равшаной Умарова, сардори Раёсати сабти асноди шаҳрвандии Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми июл, зимни нишасти хабарии Вазорати адлия иброз дошт, ки аксаран шаҳрвандони тоҷик бо сокинони кишварҳои ҳамсоя никоҳ мебанданд: “Аз ҷумла, бо шаҳрвандони Узбакистон, Қирғизистон ва он нафароне, ки душаҳрвандӣ доранд. Яъне, ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳам шаҳрванди Русия ҳастанд.”
Хой бародарони босавод, акнун гуед, аз 42 151 ақди никоҳи ба қайди давлатӣ гирифта шуда, аксарияти бо сокинони кишварҳои ҳамсоя никоҳ баста шуда чанд аст? Зарур аст, ки кам-кам савод омухт, ё шумо ё ман.

чаро шархи пешинаи маро сарфи назар кардед? Шумо факат лоф мезанед, ки демократ хастед, худатон аз танкид ончунон метарсед, ки ногуфтанй...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ҳақиқат одам аз маймун пайдо шуда будааст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!