Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:48

Русия аз 1-уми август нархи сӯзишворияшро боло мебарад

24 июл 2013, 11:00

Дар пайи қарори ҳукумати Қирғизистон, ки аз 1-уми июли соли равон содироти маводи сӯхтро ба Тоҷикистон манъ намудааст, Русия низ қарор намудааст, ки аз 1-уми август боҷи содиротии маҳсулоти нафтияшро наздики 3 дарсад боло барад.

Вазорати рушди иқтисоди Русия мегӯяд, боҷи содиротии бензин аз ин кишвар, сар аз 1-уми июл наздики 3 дарсад боло рафта, 342 доллар сари ҳар тонна ташкил хоҳад дод. Ба иттилои ин ниҳод боҷи содиротии маҳсулоти нафтии дигар, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ низ боло рафта, ба 251 доллари амрикоӣ баробар хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки айни ҳол содиркунандагони маводи сухти русӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон барои як тонна бензин 332 доллар ва маҳсулоти дигари нафтӣ 243 доллар пардохт мекунанд.

Мақомоти Русия боҷи содиротиро барои Тоҷикистон моҳи майи соли 2010-ум ба далели узви Иттиҳоди гумрукӣ набудан ҷорӣ карда, ҳаҷми онро ҳар моҳ вобаста ба нархи нафт дар ҷаҳон пасту баланд мекунанд. Масъалаи лағви боҷи содиротӣ барои Тоҷикистон соли сеюм аст, ки мавриди баррасӣ қарор дорад ва бо вуҷуди имзои ёддошту созишномаҳо амалан ин пардохтҳо ҳоло бекор нашудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!